Соли 2023 аз 73 нафар занони ихтироъкори тоҷик, 5 нафар бо ихтирооти худ дар сатҳи байналмилалӣ сазовори шоҳҷоиза ва медали тилло, 10 нафар бо медали нуқра ва 1 нафар бо медали биринҷӣ сарфароз гардиданд. Дар ин бора Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 10 - умин Конфронси илмӣ-ҷумҳуриявӣ, ки таҳти унвони “Саҳми занон дар рушди илми муосир” баргузор шуд, иттилоъ дод.

Ин далели он аст, ки теъдоди занони муҳаққиқ нисбат ба солҳои пеш зиёд мешавад. Аммо вазъи кунунӣ ҳам қонеъкунанда нест ва аз зарфиятҳои занон ба пуррагӣ истифода намешавад. Аз ин лиҳоз, мо омори занони муҳақиқ дар Тоҷикистонро дастрас кардем ва таҳлил намудем.

Теъдоди занҳое, ки дар соли 2023 диссертатсия ҳимоя кардаанд

Мувофиқи омори Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) давоми соли 2023 аз ҳисоби занҳо 186 диссертатсия ворид гардидааст, ки аз он 42 диссертатсия тасдиқ ва боқимондааш дар баррасии шуъбаҳои аттестатсионӣ ва Шӯрои экспертӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар умум бошад, аз лаҳзаи ба фаъолият оғоз кардани КОА 692 нафар занон диссертатсия ҳимоя кардаанд.


Бонувоне, ки дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” иштирок ва ғолиб омаданд

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, ки барои баланд бардоштани таваҷҷуҳи ҷавонон ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ташкил гардид, соли 2023 153 духтарон ба даври чаҳорум роҳхат гирифтаанд, ки 26 дарсади теъдоди умумии роҳхатгирифтагонро ташкил медиҳад.


Аз 139 нафар ғолиби даври ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” танҳо 28 нафарашонро бонувон ташкил медиҳанд. Таносуби ғолибияти бонувон дар номинатсияҳо хеле фарқ карда, дар номинатсияи биология зиёда аз 50%­ро ташкил дода, дар номинатсияи физика ва астрономия дар соли 2023 ягон нафар аз бонувон сазовори ҷой нагардидаанд.


Пешниҳодҳо барои ҷалби бештари занҳо ба илм

Барои ҷалби бештари занон ба соҳаи илм, махусусан илмҳои дақиқ, бояд маҷмӯи тадбирҳо оид ба рафъи қолабҳои гендерӣ, беҳбуди инфрасохтори таълим ва фароҳам овардани фазои мусоиди илмӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд. Самтҳои асосии стратегӣ барои татбиқи онҳо тавсия дода мешаванд:

1. Таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ: Ташкили барномаҳо ва курсҳои махсуси таълимӣ барои духтарон ва занон, аз синни томактабӣ сар карда, дар тамоми зинаҳои таълим, аз ҷумла дар муассисаҳои олӣ. Муҳим аст, ки ба татбиқи амалии назария тавассути фароҳам овардани дастрасӣ ба лабораторияҳо, тадқиқот ва амалии лоиҳаҳои воқеии ҷаҳонӣ мусоидат карда шавад.

2. Роҳбарӣ ва роҳнамоӣ: Таъсиси барномаҳои роҳбарӣ ва роҳнамоӣ, ки дар он занони муваффақ олимони ҷавонро дастгирӣ ва роҳнамоӣ мекунанд. Таъсиси курсҳои махсус барои занҳои муҳаққиқ, ки ба табодули дониш ва таҷриба мусоидат карда, эътимоди онҳоро ба худ бештар мекунад.

3. Кӯмаки молиявӣ: Ихтисоси стипендияҳо, грантҳо ва дигар шаклҳои дастгирии молиявӣ, барои заноне, ки ба таҳқиқот машғул ҳастанд. Таъмини дастрасии баробар ба тадқиқот ва маблағгузории лоиҳаҳо барои занони муҳаққиқ муҳим аст.

4. Баланд бардоштани огоҳӣ ва тағйир додани тасаввуроти ҷомеа:  Ташкили маъракаҳои иттилоотӣ ва барномаҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи саҳми занон дар илм мусоидат мекунад ва тағйир додани қолабҳои шахшуда дар бораи занон. Тарғиби дастовардҳои муваффақи занони муҳақиқ.

5. Муҳайё намудани муҳити мусоиди илмӣ: Таъмини шароити баробари кор барои занону мардон дар институтҳои илмӣ ва марказҳои илмӣ, аз ҷумла шароити мувофиқ барои ба ҳам пайвастани ҳаёти касбӣ ва оилавӣ, дастрасӣ ба таҷҳизоти илмӣ ва захираҳои ҳозиразамон, инчунин эҳтиром ва муоширати дастгирии байни ҳамкорон.

Ин тадбирҳо бояд ҳангоми таҳияи сиёсати илму маориф аз ҷониби ҳукумат ба назар гирифта шуда, бахши хусусӣ низ онро татбиқ намоянд. Ва барои афзоиши теъдоди занон дар соҳаи илм, махусусан илмҳои дақиқ бархӯрди мунтазам зарур аст. Танҳо дар ин сурат, сафи занони муҳаққиқ зиёд шуда, мавқеи онҳо ба таври воқеӣ баланд бардошта мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.