Имрӯз мавлуди Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҳавзаи адабии тоҷикӣ-форсӣ аст. Мавсуф 59 сол дошт, ки тӯшаи реҳлат баст. Аз марги ӯ ду даҳсола сипарӣ мешавад, аммо ному осораш вирди забони тоҷикону форсизабонони олам аст.
Шоир авҷи шуҳратро дар аввали солҳои шастуми қарни гузашта ёфтаву минбаъд суханвари бузурги адабиёти навин гашт. Аммо дар солҳои навадум ашъори доғтаринашро нигошт ва осори дар ин солҳо навиштааш баландтарин қуллаи эҷодиёти мавсуф дониста мешавад.
Дар ин робита, мо бо профессор Абдунабӣ Сатторзода, ки ҳамзамон яке аз рафиқони қарини шоир ҳаст, перомуни Лоиқи солҳои навадуми асри пор, эҳсос ва ҳувияти миллӣ ва якрӯю якқавлу якмаромии шоир мусоҳиба оростем.
Лоиқ мавқеи равшани худро дошт
- Зиндагиномаи Лоиқ Шералиро ба фикри Шумо ба чанд давра ҷудо кардан мумкин аст ва ба корномаи Лоиқи солҳои навадум чӣ назар доред?
- Воқеаҳои фоҷеабори солҳои 90-уми асри ХХ дар Тоҷикистон, бидуни шак, ба зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии устод Лоиқ бетаъсир набуданд. Аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки зиндагӣ ва эҷодиёти ӯро ба куллӣ дигар намуданд.
Устод Лоиқ аз ҷумлаи шахсиятҳо ва адибоне набуд, ки бо вазидани боди мухолиф ва ё боди муроди ҳодисаҳои иҷтимоию сиёсии замон дигар шавад. На зиндагии шахсӣ ва на фаъолияти эҷодии Лоиқ дар солҳои 90-ум ва баъди он то ба андозае дигар нашудааст, ки онҳоро ба давра ва ё марҳалаи наве нисбат диҳем.
Аммо агар зиндагӣ ва эҷодиёти устод Лоиқро марҳалабандӣ намоем, чунин хоҳад буд:
1. Солҳои 60-70-уми асри ХХ;
2. Солҳои 80-90-уми асри ХХ ва
3. Даврони Истиқлол.
- Ба ин қитъаи устод Лоиқ ҳамчун мунаққиди адабиёт шарҳ бидиҳед:
На ёри “Шаҳидон” на “Озодӣ”-хоҳ,
На бо ин сипоҳу на бо он сипоҳ,
Миёни ду дунё манам рӯсафед,
Миёни ду майдон манам рӯсиёҳ.
- Устод Лоиқ, дарвоқеъ, на ёри мустақими майдони “Шаҳидон” ва на майдони “Озодӣ” буд. Ӯ мавқеи равшани худро дошт. Бинобар ин, намояндагони ин ҳар ду майдон борҳо кӯшиш намуда буданд, ки шоирро ба тарафи худ кашида, ба майдони худ, ба сари минбари худ биоранд. Вале вақте ки муваффақ нашуданд, ба тӯҳмат задан ва бадном кардани ӯ шурӯъ намуданд.
Бо гузашти солҳо дар Тоҷикистон сулҳу оштӣ барқарор гардид, аз ҷумла ба шарофати миёнҷигарии устод Лоиқ ва ҳамфикронаш Отахон Латифӣ ва Акбари Турсон.
Бо ҳамин устод Лоиқ дар дунё рӯсафед боқӣ бимонду бадхоҳонаш - рӯсиёҳ.
Лоиқ аз дӯстонаш ранҷида буд?
- Дарвоқеъ, мегӯянд, ки устод Лоиқ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои мавқеъгириҳои сиёсӣ аз дӯстони наздики худ сахт ранҷида буданд: рост аст?
- Дар ҳеч ҷо устод Лоиқ чунин нагуфта ва ё нанавиштааст. Лоиқ дар асл ҳам бо зиндаёд Отахон Латифӣ, ҳам бо Ҷӯрабек Муродов, ҳам бо Давлати Худойназар ва ҳам бо ман, ки дар сафи нерӯҳои демократӣ будем, муносибаташро дигар накарда буд ва табиист, ки аз дӯстони наздикаш наранҷидааст.
- Нисбати мавқеъгирии сиёсии Шумо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ устод Лоиқ чӣ назару бархӯрд доштанд?
- “Мавқеъгирии сиёсии ман” ва намояндагони дигари нерӯҳои демократӣ, ба ҷанги шаҳрвандӣ ҳеч иртиботе надорад. Мо Тоҷикистони озоду обод, мустақил, демократӣ ва пешрафтаро мехостем. Инро устод Лоиқ ҳам орзу мекард.
Аммо ҷанги шаҳрвандиро ба сари мардуми тоҷик ва Тоҷикистон қудратҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ бо истифода аз ҳамдигарнофаҳмӣ ва хомию бетаҷрибагии мардум ва роҳбарони вақти кишвар таҳмил намуданд. Ин нуктаро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳам борҳо дар суханронӣ, мусоҳиба, мақолаву китобҳояшон таъкид намудаанд.
Бо замона ҳисоби ман пок аст
- Дар зимн, гирди номи устод Лоиқ бисёр ҳангомаву тӯҳматномаҳо эҷод шуда буд ва худи устод ҳам ҷое гуфтаанд, ки “Ба шикоятнависӣ зӯр дилам месӯзад...”. Ба ин паҳлӯи зиндагии устод Лоиқ чӣ шарҳ доред?
- Мутаассифона, эҷоди тӯҳматномаву шикоятномаву сияҳноманависиҳо дар ҳаққи устод Лоиқ аз замони зинда будани ӯ оғоз гардида буд ва то ҳол пас аз маргаш низ, ҳатто дар ин рӯзҳои мо давом дорад.
Ман аз тӯҳматномае, ки дар ҳаҷми 110 саҳифа навишта шуда буд, хабар дорам. Ҷойи бисёр таассуф дар ин аст, ки аксари муаллифони ин тӯҳматномаҳо ҳамқаламон ва ҳампешагони шоир буданд. Яке аз сабабҳои ин падидаи манфур, тавре ки худи шоир дар байти боло ишора намудааст, ҳасад аст.
Аммо бахти баланди устод Лоиқ дар он буд, ки, агар аз забони худаш бигӯем, ҳисобаш бо замонааш, миллаташ ва ватанаш пок буд. Чунонки ӯ дар як ғазалаш гуфтааст:
На зи ранҷу азоб метарсам,
На зи ҳоли хароб метарсам.
Бими тӯфони мавҷҳоям нест,
Аз хаси рӯйи об метарам.
Бо замона ҳисоби ман пок аст,
Аз ду-се каҷҳисоб метарсам...
Зимнан, бояд аз каҷҳисобҳо тарсид, ки солҳои охир зиёд шудаанд.
Ба шарофати Лоиқ баёни мавзӯъҳои миллӣ роиҷ шуд
- Худшиносии устод Лоиқ нисбат ба дигар рӯшанфикрони замонаш чӣ бартарӣ дошт?
- Бартарии устод Лоиқ аз дигар рӯшанфикрони замонаш дар он буд, ки ӯ зиёии воқеӣ ва миллӣ буд, на ба ном зиёӣ ва маҳаллӣ. Ба шарофати офаридаҳои мондагори ӯ дар адабиёти муосири тоҷикӣ баёни мавзӯъҳои миллӣ ба расмият даромад, тафаккури миллӣ шакл гирифт ва қишри зиёиёни асил қавитар гардид.
- Дар ҳамин ҳол, устод Лоиқ дар ашъори дар солҳои 90-ум эҷодкарда басо сахтгӯиҳо доранд – барои мисол шеъри “Баҳона чист? Номи халқ!”. Инро метавон дарди миллихоҳии устод Лоиқ хонд ва аслан мухотаби он кист?
- Устод Лоиқ ҳеч гоҳ халқашро, миллаташро ва ватанашро накӯҳиш накардааст, на дар шеъру мақолаҳояш ва на дар ҷараёни фаъолиятҳои иҷтимоиву сиёсиаш ба сифати сармуҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ”, раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ, вакили мардумии Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ғ. Сахтгӯиву талхгӯиҳои ӯ асосан ба сарварони бесар ва роҳбарони гӯшбақимори Маскав дахл доштанд.
- Аммо устод Лоиқ худшиносии миллии рӯшанфикрони тоҷикро дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба “кӯрии миллӣ” баробар донистаанд. Шумо ба ин чӣ назар доред?
- Оре, бадбахтии аксарияти кулли ба ном “рӯшанфикрони тоҷик” дар гузашта ва имрӯз ҳам дар ҳамин “кӯрии миллӣ”-и онҳост. Онҳо манфиатҳои маҳаллӣ, минтақаӣ, гурӯҳию ҳизбӣ ва шахсии худро кӯшиш мекунанд ҳамчун манфиатҳои миллат, давлат ва ҳукумат вонамуд намоянд. Баҳси зиёиёни тоҷик фурсати бештар ва баҳси муфассалтарро тақозо менамояд ва мавзӯи сӯҳбати алоҳида шавад беҳтар аст.
- Магар бо танқид ё таъриф кардан эҳсоси миллиро ба вуҷуд овардан мумкин аст: устод Лоиқ ба ин чӣ назар доштанд?
- На. Бо маҳзи танқид ё таъриф эҳсоси миллӣ ва андешаи миллиро ба вуҷуд овардан номумкин аст. Парвариш ва ташаккули эҳсоси миллӣ, андешаи миллӣ, худшиносии миллӣ зарурат ба барномарезии мушаххас ва иқдомҳои ташкилӣ ва амалии санҷидашуда ва пухтаи давлатиро дорад.
Дар зимн, 18 сол пеш аз ин камина ва профессор Иброҳим Усмонов тарҳи “Консепсияи андешаи миллӣ”-ро таҳия намуда, пас аз баррасии ҳаматарафа дар конференсияи илмию амалӣ дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон (18-19 апрели соли 2006) ба мақомоти дахлдор пешниҳод карда будем. Дар ин тарҳ роҳҳои ташаккул ва татбиқи андешаи миллӣ зикр гардида буд.
Лоиқ марди якрӯю якқавлу якмаром буд
- Мегӯянд, устод Лоиқ дар маҳфилҳои хос аз эҳсоси баланди миллӣ ҳарф зада ва бар хилофи он аз ифтихорфурӯшиҳои пуч интиқод мекардаанд. Шумо, ки аз рафиқони қарини эшон будед, дар ин робита чиҳоро ба хотир меоваред?
- Устод Лоиқ на танҳо дар маҳфилҳои хос ва маҷлисҳо, балки дар ҳама ҷо аз зарурати доштани эҳсоси миллӣ, андешаи миллӣ сухан мекард. Вай марди якрӯю якқавлу якмаром буд ва ҳеч гоҳ ба худ раво намедид, ки дар маҳфили хос ва маҷлиси унс як чиз гӯяду дар ҷамъомадҳои расмӣ, дар байни мардум чизи дигаре гӯяд.
Касоне, ки дар бораи Лоиқ чунин гумон доранд, иштибоҳ на, хатои бузург мекунанд. Фарзонабону, шоираи маъруфи тоҷик дар ин маврид дуруст фармудаанд, ки: “Дар вуҷуду суруди устод Лоиқ чизи маснӯӣ набуд”.
- Арзишҳои маънавии ниёгонии миллиро устод Лоиқ мекӯшиданд ба риштаи назм кашанд. Ба андешаи Шумо то куҷо муваффақ шуданд?
Устод Лоиқ дар эҳё ва тарғиби арзишҳои маънавии ниёгон аз муваффақтарин шоирони муосири тоҷик ва форсизабонон ба шумор меравад. Шоир бо ҷасорати адабии фавқулода саҳифаҳои пурфоҷеаи таърихи тоҷикон, сарнавишти талхи фарзандони бузурги он, кӯшиш ва муборизаҳои онҳо барои ҳифзи таърих, илму адаб ва фарҳанги хеш аз истилои фарҳангии бегонагон, ифтихор аз ватан, модар, миллат, забон ва ғайраро ба қалам овард ва муваффақ ҳам шуд.
- Дар худогоҳии миллӣ китоби “Фарёди бефарёдрас” чӣ нақш дошта метавонад?
- Китоби “Фарёди бефарёдрас” (1997) дар эҷодиёти устод Лоиқ ҳам аз лиҳози муҳтаво ва ҳам ҳунари шоирӣ фавқулода мебошад. Зеро дар ин китоб дардҳои гуфта ва нагуфтаи ҷомеаи имрӯзаи тоҷик ва Тоҷикистони навистиқлол бозтоб гардидааст.
Ин китоб лабрези ҳасрату дард аст, аз хорию афтодагӣ, забунию бечорагии миллати тоҷик, аз хештанношиносӣ, аз пора-пора шудани он ба маҳалҳо, аз вайронию ноободии кишвар, аз он ки ин сарзамини замоне ободу ором имрӯз ба маргистон, ба кушторгоҳ, ба мурдахона, ба ошёни камону камонварон табдил ёфтааст.
Китоби “Фарёди бефарёдрас” зангӯлаи бедорист. Шоир дар хитоб ба мардуми худ гуфтанист, ки ба худ оед, ба ҳам оед, ваҳдат кунед, миллати комил шавед, вагарна хатари дубора ба чунин ҳол гирифтор шудан ҳаст.
- Гуфта метавонем, ки устод Лоиқ бо ин мисраъ - “Худоё, бар ҳама худношиносон, худогоҳӣ бидеҳ ё марги осон!” - нафарони беҳувиятро ба марг маҳкум кардааст?
- Ҳақ ба ҷониби шоири бузург аст. Ин гуфтаи ӯ махсусан ба онҳое дахл дорад, ки таассуби маҳаллии худро зери шиорҳои тафаккури миллию дунявӣ пинҳон намуда, на танҳо тарғибу ташвиқ мекунанд, балки онро ҳамчун сиёсати расмӣ ҷилва медиҳанд.
- Зебунисо Қутбидинова, ҳамсари устод Лоиқ, дар мусоҳиба бо банда гуфта буданд, ки “Лоиқро дарди миллат кушт”. Шумо ҳам ба ин гуфтор розиед?
- Хонуми муҳтарами устод Лоиқ зани ба тамоми маънӣ рисолагӣ буданд. Он кас фариштаи устод дар зиндагиашон буданд ва ҳақ ба ҷониби эшон аст, ки устод “Лоиқро дарди миллат кушт”.
Шоирони бузург мисли мавҷгири қудратманде мебошанд, ки тамоми мавҷҳои зиндагии рӯзмарраи инсонӣ, ҷомеа, мамлакат, дунёро аввалтар аз ҳама ба худ мегиранд. Онҳо соҳибони ҳассостарин дили бузург мебошанд ва пештар ва бештар аз ҳамагон гармию сардӣ, баду неки ҷаҳонро дар худ эҳсос мекунанд.
Лоиқ такрори гуфтаи зерини шоири олмонӣ Ҳенрих Ҳейниро дӯст медошт ва тасодуфӣ нест, ки онро дар оғози як шеъраш оварда аст: “Агар ҷаҳон битаркад, таркишҳои он аввалқадам аз дили шоир мегузаранд”.
Аз 460 ба 213 сомонӣ. Нархи санҷиши манъи вуруд ва изи ангушт барои сафар ба Русия арзон шудааст
Чӣ гуна ва дар куҷои Душанбе метавон электромобилро нерӯ дод?
Тоҷикистону Қирғизистон хатти сарҳади ду кишварро пурра маълум кардаанд. НАВШУДА
Пастшавии қурби рубл ба оилаҳои тоҷик чӣ таъсир мерасонад? Аз сокинон пурсидем
Тоҷикистон мехоҳад “Меҳргон” ва санъати сохтану навохтани рубобро ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО ворид кунад
Додситонии кул ҷузъиёти парвандаи Файзи Олӣ, вакили дифои зиндониро шарҳ дод
Фармон имзо шуд! Рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон маълум гардид
Бадтарин натиҷаи “Истиқлол” дар мусобиқаҳои футболи сатҳи Осиё: 6 бохти пайдарпай
Бонки миллӣ аз қаллобон огоҳ кард: “Маълумоти шахсии худро ба одамони бегона надиҳед”
“Сиёсатмадор барои худ - на, барои миллат кор мекунад...” Нигоҳе ба 101-соли Низорамо Зарифова
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста