Нуриддин Саид, раиси Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки дар телевизионҳои кишвар барномаҳои танқидӣ ҳаст.
Ӯ ин нуктаро имрӯз, 22-юми июл, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.
Нуриддин Саид гуфт, вобаста ба муҳтавони телевизонҳо барномаҳои интиқоди таҳияву пахш мешаванд. Ба қавли ӯ, онҳо ҳатто телевизиони “Сайёҳӣ”-ро ҳам огоҳ кардаанд, ки барномаҳои интиқодӣ таҳияву пахш кунад.
“Ман чандин маротиба гуфтам ва боз таъкид мекунам, ки барномаҳои танқидӣ бояд созанда ва барои рафъи мушкилӣ ва инчунин беҳбудӣ ва ислоҳи камбудӣ бошанд”, - иброз дошт раиси Кумита.
Вале Нуриддин Саид аз ягон барномаи танқидӣ дар шабакаҳои давлатӣ мушаххас ном набурд.
Бояд гуфт, ки баҳси адами барномаҳои танқидӣ дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон дар нишастҳои қаблии Кумита низ матраҳ гардида буд ва дар нишасти қаблӣ Нуриддин Саид ба журналистон телевизионҳо гуфта буд, ки аз танқид натарсанд ва барномаҳои интиқодӣ таҳия кунанд.
Иддаои раиси Кумита дар мавриди таҳияву пахши барномаҳои танқидӣ дар ҳолест, ки мунтақидон аз набудани чунин барномаҳо дар шабакаҳои давлатӣ интиқод карда, мегӯянд, телевизионҳои кишвар бештар ба пахши барномаҳои расмиву қолабӣ ва таърифу тавсиф машғуланд ва аз баррасии мавзӯъҳои муҳим канорагирӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дар Тоҷикистон 15 телевизиони давлатӣ ва 18 хусусӣ мавҷуданд. Дар ин миён телевизионҳои давлатӣ, ки аз ҳисоби андози мардум фаъолият мекунанд, аз имкониятҳои васеътаре бархӯрдоранд ва дар тамоми минтақаҳо дастрасанд.
Интизориҳои ҷомеа аз Носир Саид ва хотираҳо аз Нуриддин Саид. Онҳо кистанду чӣ корнома доранд?
Дар Бохтар озмоишгоҳи замонавии “Агро олам”, ки таркиби хокро меомӯзад, ба кор оғоз кард
Ҳабибулло Воҳидзода, ки ҳамчун додситони кулли нави Тоҷикистон пешниҳод шуд, кист?
Чӣ тавр дар шароити хона занбӯруғ парвариш мекунанд?
Панҷ гузариши гаронтарин. Футболбозони тоҷикро бо чанд пул хариданд?
Шаш соли ҳабси як сокини Хуҷанд барои "паҳни наворҳои хусусияти ифротидошта"
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Амири шаробхор ва зоҳид”
Дар Қазоқистон чанд шаҳрванди Тоҷикистонро аз сардӣ наҷот додаанд
НАВШУДА. Бег Сабур ва Шералӣ Мирзо аз вазифа озод шуданд. Номзадии Юсуф Раҳмон барои барканорӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод шуд
Ҳашари якҷояи сокинони ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистону Қирғизистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста