Имрӯз, 30-юми август, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба шаҳри Норак рафт. Зимни ин сафар агрегати чоруми НБО “Норак”, корхонаи равғанбарории ҶДММ “Тоҷик глобал инвест”, Варзишгоҳи марказӣ ва Беморхонаи марказии шаҳри Норакро ифтитоҳ кард.
Дар ин бора хадамоти матуботии раисҷумҳури кишвар иттилоъ медиҳад.
Эмомалӣ Раҳмон нахуст агрегати чоруми нерӯгоҳи “Норак”-ро баъди таҷдид ба истифода дод. Гуфта мешавад, дар айни ҳол марҳилаи якуми корҳои навсозӣ дар нерӯгоҳи Норак идома дошта, дар маҷмуъ он тақрибан пурра таҷдид мегардад.
Бояд гуфт, ки корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар НБО “Норак” соли 2019 оғоз гардида, барои он 35 миллиону 193 ҳазор евро сарф гардидааст.
Дар идомаи сафари корӣ, раисҷумҳур корхонаи равғанбарории ҶДММ “Тоҷик глобал инвест”-ро ифтитоҳ кард. Корхонаи мазкур дар як шабонарӯз 10 тонна равғанро бо тамғаи “Равғани олии Норак” истеҳсол мекунад. Дар корхона 20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин гардидаанд.
Гуфта мешавад, ки ҶДММ “Тоҷик глобал инвест” аз тарафи соҳибкор Хуҷамурод Азимов бунёд шудааст.
Ҳамчунин дар шаҳри Норак “Варзишгоҳи марказии шаҳри Норак” ифтитоҳ гардид.
Гуфта мешавад, ки бунёди варзишгоҳ соли 2020 оғоз гардида ва барои корҳои сохтмонии он беш аз 37 миллион сомонӣ сарф шудааст. Варзишгоҳи мазкур 10 ҳазор ҷойи нишаст дорад ва масоҳати умумии он 4,3 гектар аст.
Биноҳои дохили варзишгоҳ аз 4 қисм иборат буда, қисми 1-ум ду ошёнагӣ ва қисмҳои 2, 3, 4-ум як ошёнагӣ мебошад. Дар варзишгоҳ ҳуҷраҳо барои варзишгарон, ҳуҷра барои либосивазкунӣ, ҳаммом, нуқтаи тиббӣ, дафтари кории маъмурият ва ҳуҷраҳои техникӣ мавҷуд аст.
Дар идома Эмомалӣ Раҳмон бинои “Беморхонаи марказии шаҳри Норак”-ро пас аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ карда бо шароити хизматрасонии он шинос гардид.
Гуфта мешавад, ки бинои асосии беморхонаи мазкур аз се ошёна иборат буда, дорои 190 ҳуҷра, шуъбаи кӯдакона, эҳё, ташхис, дилшиносӣ, таваллудхона, амрози даруна, ҷарроҳӣ ва дигар шуъбаҳо аст.
Пас аз маросими кушодашавӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони беморхонаи мазкур ду нақлиёти ёрии таъҷилӣ туҳфа кардааст.
Тибқи иттилоъ дар шаҳри Норак ҳамагӣ 25 муассисаи тандурустӣ мавҷуд буда, дар онҳо беш аз 104 табиб кор мекунанд.
“Шавҳаратро ёфта биёр, пулатро мерӯёнем”. Саргардонии як зан барои рӯёнидани ҳаққи кӯдаконаш аз падарашон
Боздошти як мард бо гумони фиреби хоҳишмандони кор дар Аврупо
“Хабари паҳнгардида асос надорад!”. Милитсияи пойтахт гуфт, ба аҳолӣ тавассути “WhatsApp” паём нафиристодааст
Раиси як ҷамоатро барои “ҳоҷиошӣ” беш аз 57 ҳазор сомонӣ ҷарима ва аз вазифа барканор карданд
Бекор шудани маҳдудият дар фурӯши гази моеъ нархи онро каме поин кард
Дар Ховалинг мактаберо ба номи як қурбонии низои марзии Тоҷикистону Қирғизистон гузоштанд
Ӯзбекистон расмиёти дохилии тартиби соддакунии боркашонӣ бо Тоҷикистонро ба анҷом расонид
Шаҳрвандии Русия дореду дар қайди ҳарбӣ нестед. Метавонед аз шаҳрвандӣ маҳрум шавед
Оё электромобилҳо метавонанд камбуди мавсимии неруи барқро дар Тоҷикистон зиёдтар кунанд?
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста