Имрӯз, 12-уми сентябр Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар идомаи сафараш ба минтақаи Рашт дар ноҳияҳои Лахш ва Тоҷикобод чанд иншооти навро ифтитоҳ карда, аз ҷараёни кори татбиқи чанд лоиҳа шинос шуд ва бо роҳбарону фаъолони ҳарду ноҳия мулоқот кард.

Хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад, ки раисҷумҳур нахуст бо лоиҳаи бунёди Қасри фарҳанг дар ноҳияи Лахш шинос гардид. Дар назар аст, ки бинои 2 ошёнагӣ  сохта шавад ва корҳои сохтмонии онро ҶДММ “Осим иншоот” бар уҳда гирифтааст.

1/3

Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон ба мавсими ҷамъоварии картошка дар хоҷагиҳои деҳқонии “Майдонтерак”-и деҳаи Кӯҳдоман оғоз бахшид.

1/3

Раисҷумҳур ҳамчунин дар ноҳияи Лахш бинои Раёсати молияро ифтитоҳ кард. Бинои мазкур дуошёнагӣ буда, дорои 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, ҳуҷраи техникӣ, бойгонӣ ва дигар иншооти ёрирасон аст.

Гуфта мешавад, ки корҳои сохтмонии бинои Раёсати молия соли  2021 оғоз шуда, бо маблағи 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

1/2

Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ дар бинои маъмурии шуъбаи маориф дар ноҳия Лахш оғоз бахшид.

Дар назар аст, ки бино дар се ошёна, ки дар он ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 111 ҷойи нишаст, ҳуҷраи хоб барои кормандони соҳаи маориф, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон бунёд шавад.

1/2

Раисҷумуҳур дар шаҳраки Ваҳдати маркази ноҳияи Лахш хатти оби нӯшокиро ба истифода дод.

Тавре маълумот дода шудааст, оби нӯшокӣ тавассути қубури қутраш 160 миллиметра аз масофаи 18 километр ба ду обанбор, ки ғунҷоиши ҳар кадом 250 метри мукааб аст, интиқол меёбад.

1/3

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Лахш бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот ва суханронӣ кард.

Ба таъкиди раисҷумҳур, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 1,7 миллиард сомонӣ маблағ ҷудо шудааст. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар 15 соли охир 172 гектар замини наздиҳавлигӣ ба сокинони ноҳия дода шудааст.

1/5

Ба гуфтаи роҳбари кишвар дар ноҳияи Лахш ҳамагӣ 8 корхонаи саноатӣ мавҷуданд, ки аз ин шумора 3 корхона дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ таъсис ёфтааст, ки қонеъкунанда набудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод нахуст бинои нави маъмурии ҷамоати деҳоти “Зарафшон”-ро ифтитоҳ кард.

Ба навишти манбаъ, бинои ҷамоат ду ошёнагӣ буда, бо маблағи 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Аҳолии ҷамоати мазкур наздики 6300 нафар буда, дар ҳудуди он 2 мактаби миёна ва як мактаби ибтидоӣ фаъолият мекунад.

1/3

Дар идомаи сафари корӣ роҳбари кишвар, бинои нави Раёсати молияро дар ноҳияи Тоҷикобод ифтитоҳ кард.

Гуфта мешавад, ки бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои маҷлисгоҳ, бойгонӣ, китобхона ва 8 ҳуҷраи  замонавии кории муҷаҳаз аст. Корҳои сохтмонии бино соли 2021 оғоз шуда, бо харҷи 3 миллиону 800 ҳазор сомонӣ бунёд шудааст.

1/2

Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Тоҷикобод бо ҷараёни корҳои бунёди маҳаллаи нав дар деҳаи Сафедмун шинос шуд.

Тибқи маълумот деҳаи Сафедмун 430-хоҷагӣ ва 4-ҳазор аҳолӣ дорад ва қарор аст дар маҳаллаи навбунёд 60 хонаи истиқоматӣ сохта шавад, ки барои қишри ниёзманди ноҳия, аз ҷумла ятимону маъюбон, бенавоён пешбинӣ шудааст.

Дар маҳалла ҳамчунин мактаби миёна барои 670 хонанда дар 2 баст, бунгоҳи тиббӣ, иншооти  савдову фароғат ва дигар зербинои зарурӣ сохта мешавад.

1/3

Таъкид шудааст, ки баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ ба ҳар як хонавода 8-ададӣ қуттии занбӯри асал ҳадя мегардад.

Раисҷумҳур дар ноҳияи Тоҷикобод бинои ду ошёнаи Қасри фарҳанг, ки 12 ҳуҷра ва толори асосӣ дорад, ифтитоҳ кард.

Гуфта шудааст, ки толори асосӣ, ки дар ошёнаи якуми бино ҷойгир аст, 500 ҷойи нишаст дошта, барои тамрину омодагии ҳунармандон ва баргузории ҷашну чорабиниҳои гуногуни сиёсиву фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.

1/3

Эмомалӣ Раҳмон дар интиҳои сафари кориаш дар ноҳияи Тоҷикобод бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот ва суханронӣ кард.

Ба гуфтаи раисҷумуҳур дар ноҳияи Тоҷикобод 13 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 400 миллион сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи боз 5 лоиҳаи дигар идома дорад. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар ноҳияи Тоҷикобод бунёду таҷдиди 101 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки  то имрӯз корҳо дар 41 иншоот анҷом шудааст.

“Дар ноҳия 9 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла 5 корхонаи дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ таъсисдодашуда ба қайд гирифта шудааст, ки бо чунин нишондиҳандаҳо расидан ба ҳадафи саноатикунонӣ мушкил аст.Сатҳи таъминнокии хонандагони ноҳия бо либоси мактабии истеҳсоли худӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ 5,6 фоизро ташкил додааст, ки тамоман қонеъкунанда нест”, - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағгузорӣ дар соҳаи маорифи ноҳияи мазкур дар 20 соли охир 46 дарсад зиёд гардидааст, ки дар ин давра 52 бинои нави таълимӣ ва биноҳои иловагӣ барои 7400 хонанда сохта шудааст.

“Вале бояд гуфт, ки сатҳи таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд”, ‑ таъкид кардааст раисҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар хусуси мушкилоти соҳаи тандурустӣ низ ибрози назар карда, барои рафъи камбудиҳо ба масъулин дастуру супориш додааст.

Ёдовар мешавем, ки сафари Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Рашт дирӯз, 11-уми сентбяр оғоз шуд ва дар рӯзи аввали сафар, ӯ дар ноҳияҳои Сангвор ва Нуробод як қатор иншооти навро ифтитоҳ карда, ба 22 оилаи аз офати табиӣ зарардида калиди хонаҳои нави истиқоматиро супорид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.