Игор Краснов, додситони кулли Русия, ки барои ширкат дар ҷаласаи 9-уми Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба фасоди давлатҳои аъзои ИДМ ба Тоҷикистон омада буд, бо Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ва Сулаймон Султонзода, директори Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон мулоқот кардааст.
Дар мулоқот бо Юсуф Раҳмон, ки дирӯз, 19-уми сентябр сурат гирифт, ҷонибҳо дар масъалаҳои муқовимат ба ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ, терроризми байналмилалӣ, истирдоди ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла табодули маълумоти фаврӣ-тафтишотӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия ибрози назар кардаанд.
“Қайд гардид, ки пешгирии тундгароӣ, экстремизм ва терроризм, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар намудҳои ҷинояткории фаромиллӣ танҳо дар натиҷаи кӯшишҳои дастаҷамъонаи дуҷониба натиҷаи дилхоҳ медиҳанд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вобаста ба масъалаҳои болозикр ҳамкориро вусъат бахшида, баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд”, - навиштааст сомонаи Додситонии кулли Тоҷикистон.
Дар идома байни ду ниҳод Барномаи нави ҳамкорӣ барои солҳои 2025-2026 ба имзо расидааст.
Сомонаи Додситонии кулли Русия менависад, ки барнома, аз ҷумла, машваратҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои категорияҳои осебпазири иҷтимоӣ ва баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Мубориза бо терроризм ва экстремизм» пешбинӣ мекунад.
«Ман пурра бо мавқеи шумо дар бораи муттаҳид намудани кӯшишҳо дар соҳаи пешгирии амалҳои террористӣ розӣ ҳастам. Муҳим аст, ки ҳамкориҳои байнидавлатӣ тақвият ёбад, хусусан дар қисмати амалҳои муштарак барои пешгирии ҷалби ҷавонон ба сафи радикалҳо», - гуфтааст Додситони кулли Русия.
Ҳамчунин, Игор Краснов зимни мулоқот бо Сулаймон Султонзода "Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия дар самти муқовимат ба коррупсия"-ро ба имзо расонидааст.
Тавре ки хадамоти матбуоти Додситонии кулли Русия хабар медиҳад, Краснов гуфтааст, ки ҳуҷҷати имзошуда «ба ҳамкории муштарак импулси нав мебахшад». Созишнома инчунин асоси ҳуқуқӣ барои иштироки кормандони Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон дар чорабиниҳои омӯзишӣ дар Донишгоҳи додситонии Русияро ройгон таъмин мекунад.
Ба ҳайати Шӯрои байнидавлатӣ оид ба мубориза бо коррупсия, ки ҷаласаи 9-умаш 19 сентябр дар Душанбе баргузор шуд, намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомил мебошанд.
Гулҳои “тиллоӣ”. Чӣ гуна дар Душанбе барои харидории гулҳо миллионҳо сомонӣ сарф мекунанд?
Озмуни “Тоҷикистон-ватани азизи ман” ҷамъбаст гардид. Киҳо ғолиб шуданд?
Тоҷикистон аз ҷиҳати арзонии хидматрасонии таксиҳо дар ҷаҳон 5-ум аст
“Китобхонаи электронӣ”, “Мактаб мобайл”, “Сандуқчаи зулбиё”. Хазинаи электронии вазорати маориф чӣ дорад?
Маблағи иловагии БОР барои пайвастани Тоҷикистон ба низоми энергетикии минтақавӣ
"Изҳороти тоҷикситезона". Вокуниши тунди масъули ВКХ-и Тоҷикистон ба суханони як вакили парлумони Русия
Милитсияи Душанбе аз сокинон даъват намуд, ки ба фиреби талбандаҳои “маъюб” бовар накунанд
Аввалин бонки молиявии хурд: тағйири ном ва ҳадафҳои густурдатар
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи "Фил дар торикӣ"
Мунтахаби футболи Тоҷикистон аз бозии дӯстона бо тими Русия даст кашид
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста