Ҳамасола 22-юми сентябр дар Тоҷикистон Рӯзи бузургдошти сардафтари адабиёти классики тоҷику форс, одамушшуаро Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ таҷлил карда мешавад. “Азия-Плюс” ба ин муносибат расми муҷассамаҳои саромади шеър ва шоирони тоҷику форс, ки ба хотири гиромидошташ дар Тоҷикистон ва чанде аз кишварҳои ҷаҳон гузошта шудааст, гирд овард.
Пайкараҳои одамушшуаро дар шаҳру навоҳии гуногуни Тоҷикистон қомат афрохтааст. Ба вижа, дар пойтахти кишвар дастикам 4 пайкараи барқади устод Рӯдакӣ дар Боғи Рӯдакӣ, Боғи парчами давлатӣ, майдони Рӯдакӣ ва дар девораи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гузошта шудааст.
Нимпайкараҳои устод Рӯдакиро бошад, дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи Беҳзод ва дигар муассисаҳои илмуву адабӣ ниҳодаанд.
Дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Исфара ва дигар гӯшаҳои Тоҷикистон муҷассамаву нимпайкараҳои Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ қомат афрохтаанд.
Барои гиромидошти ному ёди шоири бузурги тоҷику форс дар кишварҳои дигари ҳамзабон ва ҳамсоя, сар аз Эрон то Ӯзбекистону Қазоқистон ва Чин муҷассамаву нимпайкараҳои Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шудаанд.
Бояд гуфт, ки номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳамчун қофиласолори адабиёт, ҳамчун шоири бузург ва одамушшуаро дар нахустсафҳаи таърихи адабиёти тоҷик бо ҳарфҳои заррин ва ҷовидонӣ сабт шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2008 бо пешниҳоди Эмломалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз тарафи ЮНЕСКО 1150 - солагии падари шеъри форсии тоҷикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Маскав, Ню-Йорк, Берлин ва кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Туркия ботантана таҷлил ва дар ин замина конфронсу нишастҳои илмӣ баргузор гардиданд.
Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент чашм ба олами ҳастӣ боз карда, соли 941 дар зодгоҳаш аз олам даргузашт. Мавсуф дар дарбори Сомониён хидмат намуда, пойдевори шеъри тоҷику форсро бино сохт. Баъд давраи пиронсолагияшро дар зодгоҳаш ба сар бурд ва ҳамон ҷо даргузашт.
Турбати ӯ ҳоло дар деҳаи Панҷрӯди шаҳри Панҷакент қарор дорад ва зиёратгоҳи ҳазорон фарҳангиёну сайёҳони олам гаштааст.
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Ифтитоҳи пули нав дар Рошқалъа бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Оқибатандешии заргар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста