Чанде пеш дар Душанбе романи “Нони шарикӣ”-и Мирзонасриддин Саидзода, нависандаи тоҷикро, ки дар он рӯзгори даврони шӯравӣ мавриди тасвир қарор гирифтааст, баррасӣ карданд.
Дар маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” адабиётшиносон, нависандагон ва рӯзноманигорону муаррихон ҳузур доштанд. Ба гуфтаи ширкаткунандагон, яке аз сабабҳои пурбаҳс шудани ин китоб на ҷанбаи адабӣ, балки мавзӯи асар аст, ки то ҳол дар бораи он дар ҷомеа андешаи яксон вуҷуд надорад.
Ҳаққу ҳуқуқу истиқлол дар рӯйи қоғаз буд
Дар маҳфил Абдунабӣ Сатторзода, мунаққид ва адабиётшиноси тоҷик гуфт, ин роман имкон медиҳад дар заминаи масъалаҳои муҳими адабӣ, таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ мулоҳиза ва андешаҳо гуфта ва навишта шаванд.
Ӯ чанде аз мавзуъҳои муҳими асар, ба мисли ҳусну қубҳи роман ҳамчун асари бадеӣ, мувофиқати муаммои ҳақиқати бадеӣ ва воқеиятҳои даврони муосир, таърихи ошноӣ ва ҳамзистиву ҳамкории тоҷикон бо русҳо дар сад соли охир, тоҷикон дар ҳайати Русияи подшоҳӣ, Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ: бурду бохт, ки замина барои баёну баҳс ҳастанд, таъкид кард.
Абдунабӣ Сатторзода изҳор дошт, ки тасдиқи “бемории фарогир” бо номи "синдроми котиби дуюм", ки дар саросари Иттиҳоди Шӯравӣ реша давонида буд ва ноҷӯриҳои дигари он даврон, маънои сарфи назар кардан аз хубиҳои Шӯравӣ ва ҳамзистиву ҳамкорӣ бо халқҳои дигар нест.
“Масалан, дӯстони наздики Ҷовид ҳам рус ҳастанд. Нависанда барои сиёҳ кардан нагуфтааст, балки баъзеҳо дар бардоштҳои ғалаташон ҳамин гуноҳи кабираро ба сари муаллиф бор карданӣ ҳастанд, ки ин тавр нест. Балки ҳадафи нависанда он аст, ки аз ин ҳақиқати таърихӣ, ки талх аст, огоҳ бошем ва ибрат гирем”, - гуфт ин адабиётшиноси тоҷик.
Ӯ илова кард, набояд инкор кунем, ки ҳаққу ҳуқуқ ва истиқлоле, ки дар конститутсия ва санадҳои расмии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дар он замони доштем, танҳо дар рӯи қоғаз буд.
“Ҳамаро Кремл муайян мекард. Маскав муайян мекард. Раҳбарони якум не, котибони дуюм муайян мекарданд. Ба хотир биёред иқрори раҳматӣ Қаҳҳор Маҳкамовро, ки гуфта буданд, вақте хабари ГКЧП-ро шунид, саҳар бо парвози аввалин ҳавопаймо ба Маскав, рост ба Кремл рафтанд. Аз саҳар то бегоҳ мунтазир мешаванд, аммо барои пурсидани он ки дар Тоҷикистон чӣ кор бояд кунанд, ҳеҷ як роҳбареро пайдо намекунанд, то дастур гиранд”, - баён дошт Сатторзода.
Тагашро кобед, расвоиҳое мебарояд...
Абдураҳмон Абдуманнонов, адабиётшинос ва мунаққиди дигари тоҷик иброз дошт, ки “дилогия”-е, (ду асари драмавӣ, ки ғояи асосиаш як аст) ки Мирзонасриддин навишт (“Оташ дар хонаи қадим” ва “Нони шарикӣ”-ду асари Мирзонасриддин-шарҳи муаллифон), на ҳамчун асари бадеӣ, балки ҳамчун асари таърихӣ дар адабиёти мо як падидаи нисбатан нав ва тоза аст.
“Дар бораи таърихи ибтидоии асри 20 ва замони инқилоб асарҳои зиёд офарида шудаанд. Аммо Мирзонасриддин дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бо диди нав, бо муносибати нав ба ин давраҳо нигоҳ карда, хост асар нависанд ва ин ҳадафашон, то андозае нишонрас ҳам шуд”, - зикр кард ин мунаққиди тоҷик.
Абдулҳамид Самад, нависандаи номошнои тоҷик, ки ҳарду чопи асарро хондааст (нашри якуму дуюми "Нони шарикӣ" дар назар аст-муаллифон) гуфт, дар пешгуфтори китоб бояд "романи мустанад" менавиштанд, зеро қаҳрамонҳо қариб ҳама воқеӣ ҳастанд.
Ӯ яке аз бартариҳои нависандаро тасвири равшани ҷузъиётҳо дар китобҳояш унвон кард.
“Масъалаҳое, ки бояд гуфт, бисёранд. Ҳам созандагӣ ва ҳам сӯзандагӣ дошт (замони Шӯравӣ дар назар аст,-муаллифон). Агар ҳамаи онро гӯед, ҷилд-ҷилд китоб мешавад. Аммо Мирзонасриддин кӯшиш кардаанд, ҳамин давраро аз ҷиҳати бадеият ва хӯву хислати инсон камтар таҳқиқ кунанд. Он чизе ки нависанда гуфтааст, ҳанӯз кам аст. Агар таги ин ҳамаро кобед, расвоиҳое мебарояд, ки аз ин ҳодисаҳо ҳам даҳшатноктар аст”, - гуфт ин нависандаи тоҷик.
Шодимуҳаммад Сӯфизода, муҳаққиқи тоҷик ишора кард, ки “вазифаи нависанда ин аст, ки дасти хонандаашро тавре бигирад, то маҷбур нашавад китобро пӯшад. Мирзонасриддин ба ин чиз муваффақ шудаанд”.
Аммо Сӯфизода саволе гузошт, ки ба гуфтааш посухи ҷиддӣ мехоҳад: “шумо ин китобро метавонед моли адабиёт гуфтан ё на? Посухи маро фаҳмидан хоҳед, мегӯям не...”.
Вале Абдуҷаббори Абдуғаффор, нависандаи тоҷик гуфт, “Нони шарикӣ” асари мустанад ё асари таърихӣ не, балки асари бадеӣ аст.
“Ковал ва мавзуъҳои дигари он нақшҳои дуюм ва сеюмдараҷаанд. Меҳвари аз ҳама асосӣ дар асар тақдири Ҷовид Мансурович аст. Нафарест, ки андеша ва талош мекунад. Ӯ гоҳе содагиҳо дорад, меҳрубон аст, меафтаду мехезад, дар маҳбас азоб мекашад, лекин бо вуҷуди ин ҳама қудрати фикр карданро гум намекунад. Ин ҷо тақдири як тоҷик аст. Дигар ҳама воқеаҳо дар атрофи кушодани характери ӯ тоб мехӯранд”, - баён дошт нависандаи тоҷик.
Ӯ афзуд, ки ин асар алайҳи Иттиҳодӣ Шӯравӣ ё ҳизби коммунист нест ва нисбати онҳо ягон ғараз ҳам надорад.
“Ин асар самимӣ навишта шудааст ва қаҳрамонаш “прототип” дорад. Аммо ин ки моли адабиёт ҳаст ё не, касе муайян карда наметавонад. Замон худаш онро муайян хоҳад кард”, - гуфт Абдуҷаббори Абдуғаффор.
Фоҷеаи миллӣ ва дасти ҳамватанонамон дар он
Дар қисмати баррасии китоб, Абдунабӣ Сатторзода зикр кард, ки асарҳои адабӣ ҳамаашон зерматнҳо доранд ва бояд бештар ба онҳо аҳамият дод.
“Яъне гапҳое, ки муаллиф бевосита намегӯяд, ки ба ину ба он диққат деҳ. Танҳо як ишора карда мегузарад. Мутаассифона, мо ба ҳамин чизҳо диққат надодаем. Ҳамон сохтмони Вахш, ҷанг, колхоз, пахта, зиндон... ҳама фоҷеа буд. Ва ин ҳама фоҷеаи як нафар набуд, балки фоҷеаи миллӣ буд. Лекин бубинед, ки мо дар он вақт ҳам мушоҳидакор будем ва аз дур нигоҳ мекардем. Дар пеши чашмонамон Ковал ҳар чизе ки мехост, мекард. Мо садо баланд накардем, муҳокима накардем ва наметавонистем ҳам. Мумкин ҳам набуд.
Лекин ин хуб нест. То кай аз як ҳодиса 40-50 ё 100 сол гузараду баъд мо садо баланд кунем? Ин бар зарари мост. Натанҳо фақат мушоҳидакор, балки бетараф ҳастем. Ҳа, Улҷабоевро аз вазифа гирифтаанд, гирифтаанд... Ва танҳо ин не. Дар таърих хеле фоҷиаҳое ҳастанд, ки мо нисбати онҳо бетараф ҳастем. Бадияш дар он аст, ки мустақиман баъзеямон иштирок ҳам мекунем, саҳм мегирем, тӯҳмат мекунем, дурӯғ мегӯем”, - бо нигаронӣ баён дошт Сатторзода.
Ӯ бо ишора ба даст доштани ҳамватанони худамон дар қатлу куштор ва аз кор рондану ҷазо додани бузургонамон дар замони шӯравӣ гуфт, ки устод Айнӣ онҳоро “ҳушёрони поёнӣ” унвон кардааст.
Ин донишманди тоҷик таъкид кард, ки бояд ба решаҳои асар ва ба мулоҳизаҳои зерматни он диққат дод. Зеро ба гуфтаи ӯ, агар ин корро накунем, бадбахтии мо мумкин аст, ки такрор шавад.
Баҳси шӯравӣ аз қабули қарори сиёсӣ вобаста аст
Абдуллоҳ Роҳнамо, сиёсатшиноси тоҷик сабаби пурбаҳс шудани чунин китоб ё мавзуҳоро ба баҳои ниҳоӣ надодани даврони Шӯравӣ аз ҷониби ҷомеаи Тоҷикистон унвон кард.
“Ин аз он бармеояд, ки ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз давраи шӯравиро баҳои ниҳоӣ надодааст. Ин баҳс дар тамоми муҳитҳо ҳаст, чӣ дар муҳити илмӣ, чӣ сиёсӣ ва чӣ журналистӣ. Ҳоло ман намегӯям, ки ҷуръат накардем, шояд мо фурсат накардем”, - иброз дошт Роҳнамо.
Ӯ гуфт, байни ду насл дар мавриди масъалаи замони шӯравӣ баҳс аст. “Якум насли калонсоле, ки онҳо шӯравиро диданд ва дар он бузург шуданд ва ба ҳар нуктае, ки алайҳи шӯравӣ гуфта шавад, ҳассосият доранд. Онҳо асос ҳам доранд, шояд онҳо воқеиятҳои он давраро дидаанд ва мегӯянд, ки чунин буд. Ва дуюм ҷавонҳое, ки онҳо мехоҳанд тезтар чизе дар ҷамъбасти мероси шӯравӣ гуфта шавад. Ва бисёр бесаброна ин чизро изҳор мекунанд”, - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи Роҳнамо, то мероси замони шӯравӣ дар илму адабиёту сиёсати мо баҳои нисбии худро наёбад, ин баҳс идома меёбад.
“Бинед, дар баъзе ҷумҳуриҳо ин раванд чӣ гуна анҷом меёбад. Ё ҷомеаи фикрӣ нақд карда, ин андешаро андешаи ҳоким мекунад ё қарори сиёсӣ қабул мешавад. Масалан, ҳукумати Ӯзбекистон дар мавриди арзишу ҷойгоҳи он давра қарори сиёсӣ қабул кардааст ва аллакай, нависанда ё шоир ё олими ин кишвар ин қарорро дар назар мегирад”, - гуфт ӯ.
Ба таъкиди вай, баҳси шӯравӣ аз он вобаста аст, ки қарори сиёсӣ чӣ хел мешавад.
“Мо ё ба ин тариқ ё ба он тариқ як вақте мерасад, ки мероси шӯравиро баҳо медиҳем. Вале ҳозир, ки бо ягон роҳ баҳо надодаем, дар дохили ҳамин муҳити номушаххасӣ якдигарро маҳкум мекунем”, - изҳори андеша кард Роҳнамо.
Баҳси муносибат бо Русия
Дар идома Роҳнамо аз он изҳори нигаронӣ кард, ки ҷомеаи мо ба асарҳо баҳои идеологӣ медиҳанд ва “ҳатто як шеърро ҳам бисёриҳо ҷустуҷӯ мекунанд, ки дар тарафдорӣ ба кӣ ва кадом гурӯҳ ё ҳизб навишта шудааст, ё паёми он чист”.
Ба андешаи ӯ, сабаби дигаре, ки боиси баҳси зиёд дар бораи китоб шудааст, ин муносибат бо Русия аст.
“Мо то ҳол дар ин маврид саволҳои зиёд дорем. Бо Русия бошем ё набошем? Бошем, чӣ гуна бошад ва набошем чӣ гуна бошад? Албатта, сиёсати хориҷии мо нисбати Русия муайян аст. Вале дар амал бисёр муносибатҳое ҳастанд, ки барои зеҳни ҷомеа, журналистон ва мардум савол меофарад. Ба монанди муносибат бо муҳоҷирон ё дигар масъалаҳо”, - афзуд ӯ.
Нуриддин Шаҳобуддинов, донишманди тоҷик гуфт, интизор дошт, ки ҷабҳаи рисолате, ки нависанда анҷом додааст, баён мешавад, аммо ин ҷо бештар сухан сари ҳодисаҳои таърихӣ рафт.
“Ягон нависандаро нақли ҳодисаҳои таърихӣ ё тарҷумаи ҳол бузург накардааст. Устод асарро ғайриқолабӣ офариданд. Қолаби мо ин гуна буд, ки дар асар нишон медоданд, ки ин сиёҳ аст ё сафед аст. Аммо устод аз ҳамин дараҷа баромадааст. Онро мешавад як асари марҳилавӣ гуфт, зеро нависанда аз қолабе, ки қаблан буд, баромад ва онро шикаста тавонист. Яъне шӯравиро на сиёҳ гуфтааст ва на сафед”, - иброз дошт ӯ.
“Дар СССР ривояту афсонаҳои ширин мебофанд”
Иброҳим Усмонов, рӯзноманигори ва ташкилкунандаи маҳфили “Гуфтугӯи тамаддунҳо” дар охири маҳфил барои аз байн рафтани баъзе андешаҳои манфӣ гуфт, нависанда ба муқобили давлат, сохт ва он давра нанавиштааст, балки дар бораи нуқси он замон гуфтааст.
“Ин мавзуи куҳна аст, пештар нависандаҳои дигар ҳам дар ин бора навишта буданд. Аммо фарқи ин асар дар он аст, ки онҳо асарҳои реализми сотсиалистӣ буда, асари Мирзонасриддин асари реалистӣ аст, бе калимаи сотсиалист. Реализми сотсиалистӣ талаб мекунад, ки ҳама чиз дар ҷамъбаст ба манфиати сотсиализм оварда расонад. Аммо реализм талаб мекунад, ки ҳақиқатро гӯӣ ва хонанда худ мухотабашро ёфта мегирад. Мирзонасриддин маҳз бо ин равия кор гирифт, ки як навигарии дигари ҷиддӣ аст”, - иброз дошт Усмонов.
Ӯ бо ишора ба кушта шудани Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Абдуқодир Муҳидддинов, Чинор Имомов ва дигар бузургони мо ҳамчун миллатгаро дар даврони Шӯравӣ гуфт, “адабиёти мо ҳанӯз ба ин воқеаҳои таърихӣ ба таври бояду шояд рӯй наовардааст. Аз ин рӯ, ин асар бо вуҷуди он камбудиҳое, ки дорад, ҳамчун адабиёти бадеӣ қобили дастгирӣ аст. Чунки ин ҷуръат аст барои гуфтани гапҳое, ки нагуфта буданд”.
Дар поён Мирзонасриддин Саидзода, нависандаи ин китоб гуфт, касе андаке истеъдоди нависандагӣ дорад, ҳатман ба гузашта нигоҳ мекунад, ки чӣ буду имрӯз мо ба куҷо равонем.
“Ҳар чизе, ки ман дар “Оташ дар хонаи қадим”, “Нони шарикӣ” ва “Шаби душвор” навиштам, натиҷаи нигоҳи ман ва он чизе буд, ки дар вуҷудам туғён мекард. Хонандаи мо бояд нигоҳи таърихӣ дошта бошад ва ҳар чӣ қадаре ки нигоҳи таърихӣ амиқ бошад, дарку баҳодиҳӣ ба таъриху рӯйдодҳо воқеӣ мешавад”, - хулоса кард ӯ.
“Агар танҳо дар рӯйи коғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста