Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и шаҳри Турсунзода ва "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд бо мағлуб кардани рақибонашон дар марҳилаи нимниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2024 ба финали мусобиқа роҳ ёфтанд.
Дар бозии ҷавобии даври нимниҳоии мусобиқа «Регар-ТадАЗ» дар варзишгоҳи худ аз тими «Истиқлол»-и Душанбе бо натиҷаи 0:1 шикаст хӯрд, аммо бо дарназардошти ду бозӣ футболбозони шаҳри Турсунзода ба финал роҳ ёфтанд. Дар бозии аввал "Регар" “Истиқлол”-ро бо 2 голи беҷавоб мағлуб карда буд.
Дар рақобати дигари ҷавобии марҳилаи нимниҳоӣ дастаҳои “Равшан” ва "Хуҷанд" дар варзишгоҳи “Кӯлоб Арена”-и шаҳри Кӯлоб дидор анҷом доданд. Футболбозони “Хуҷанд” бо ягона голи Деян Тумбас дар дақиқаи 80-ум дастаи мизбонро шикаст доданд. Бозии якуми ин дастаҳо дар шаҳри Хуҷанд бо натиҷаи 1:1 мусовӣ шуда буд.
Ҳамин тавр, аз рӯи натоиҷи ду рақобат “Хуҷанд” ба финал баромад ва он ҷо бо дастаи "Регар-ТадАЗ" дидор анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор хоҳад гашт.
Бояд гуфт, ки маблағи ҷоизавии финали мусобиқа 100 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Дастае, ки Ҷомро ба даст меорад, соҳиби 60 ҳазор сомонӣ мегардад. Ҳамчунин ба дастае, ки дар финал мағлуб мешавад, 40 ҳазор сомонӣ тақдим мешавад.
Қобили зикр аст, ки тайи чандин соли ахир дар вохӯрии финалӣ барои Ҷоми футбол доимо дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ мекард. “Истиқлол”даҳ маротиба ба дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон ноил гардидааст.
Муҳоҷирон ободонии маҳалҳояшонро бар дӯши худ мегиранд
Баъди “эътироз”-и мансабдорони Тоҷикистон вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳтар мешавад?
Чӣ тавр дар Тоҷикистон банан, папайя ва ананас парвариш мекунанд?
Далер Назаров ва асарҳои офаридаи ӯ дар синамо
Чӣ тавр Telegram-каналҳои русгаро барои хатарнок нишон додани муҳоҷирон маълумотро таҳриф мекунанд
Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” ҷамъбаст шуд. Киҳо ғолиб гардиданд?
Ярмаркаи фурӯши ангишт дар Суғд. Он чанд рӯз идома мекунад ва нархи ангишт чанд аст?
Таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар Душанбе чӣ гуна кор мекунанд ва чӣ тавр осон метавон пардохт кард?
“Гавҳари ашк”-и Озарахш ва “Сетор”-и Фарзона чоп шуд
Дар Душанбе се нафар худро устои таъмири хона муаррифӣ намуда, ба ғоратгарӣ даст заданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста