ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 25 ДЕКАБР

Соли 1979 – Соати 15:00 дақиқа бо вақти Маскав хурӯҷи нерӯҳои низомии Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон оғоз гардид.

Соли 1991 – Дар иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон созишнома дар бораи таъсиси ИДМ ба тасвиб расид.

Соли 2003 – Ширкати эронии “Собир” ба сохтани нақби Анзоб шурӯъ кард.

Соли 2007 – “Телевизиони Суғд” ба пахши барномаҳои 8 соата дар як шабонарӯз тариқи шабакаи ҷудогона оғоз кард.

Соли 2009 – Дар Душанбе саҳмияҳои Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” муаррифӣ карда шуданд.

Соли 2015 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат”-ро ба имзо расонид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1925 –  Мавлуди Ҳамид Мансуров, терапевт-гастроэнтерологи тоҷик, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино;

Соли 1932 – Зодрӯзи Рофӣ Зокиров, физики тоҷик, номзади илмҳои техникӣ;

Соли 1941 – Зодрӯзи Худойназар Асозода, доктори улуми филологӣ, профессор;

Худойназар Асозода адабиётшиноси маъруфи тоҷик ва муаллифи чандин китобҳои таҳқиқӣ буда, давраҳо ва шохаҳои гуногуни адабиётро таҳқиқ намудааст.

Номбурда солҳои гуногун дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Академияи улуми Тоҷикистон фаъолият намуда, дар пешрафти адабиёт яке аз заминагузорон буд.

Худойназар Асозода
Акс аз Википедия

Ин профессори тоҷик муаллифи китобҳои “Симои коргар”, “Сотим Улуғзода ва фоҷиаи ӯ”, “Абулқосим Фирдавсӣ дар шинохти Сотим Улуғзода”, “Содиқ Ҳидоят ва дунёи эҷоди ӯ”, “Саргузашти устод Лоҳутӣ” буда, се шохаи адабиёти форсиро таҳқиқ кардааст.

Вай қариб доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ҳамаи шоирону нависандагони тоҷик мақолаву рисолаҳо таълиф намудааст. Махсусан ба ҳаёту эҷодиёти Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳи хоса дошт ва чандин рисолаҳо дар бораи кору рӯзгор ва эҷоди ӯ таълиф намудааст.

Соли 1946 – Мавлуди Исмоил Давлатов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, як муддат вазири маорифи Тоҷикистон;

Соли 1948 – Мавлуди Ҳамрохон Зарифӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон;

Ҳамрохон Зарифӣ 5-умин Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.

Ӯ соли 1948 дар Балҷувон ба дунё омада, соли 1971 факултаи физика ва математикаи Донишкадаи омӯзгории Кӯлобро хзатм кард. Фаъолияти коришаро ба ҳайси омӯзгор оғоз намуда, баъдтар дар мақомоти амниятӣ ба фаъолият пардохт.

Ҳамрохон Зарифӣ

Ҳамрохон Зарифӣ солҳои 2002 – 2006 сафири Тоҷикистон дар ИМА буд. Солҳои 2006 – 2013 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд ва соли 2013 аз ин вазифа озод карда шуд.

Ахиран, ӯ дар қатори як гурӯҳ чеҳраҳои шинохта, ки моҳи июни соли ҷорӣ пайванд ба парвандаи Саъидҷафар Усмонзода бо ҷурми “ғасби ҳокимият” боздошт гардид. Мурофиаи додгоҳии ӯ ва дигар чеҳраҳои шинохта давом дорад.

Соли 1950 – Зодрӯзи Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон.

Камол Насрулло 25 декабри соли 1950 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент ба дунё омадааст.  Ӯ солҳо дар маҷаллаҳои адабӣ фаъолият бурда, соли 2013 муовини раиси Иттифоқи нависандгаони Тоҷиткистон интихоб гардид ва як муддат дар ин вазифа фаъолият бурд.

Чакидаҳои хомаааш аз соли 1947 дар матбуоти даврӣ рӯйи чоп меоянд. Баъдан ашъораш дар маҷмӯаҳои “Навгонӣ”, “Барги зуф”, “Нома ба Офтоб”, “Тоҷикистонро дигар қисмат макун!”, “Рӯ ба меҳроби Ватан ва дигар маҷмуаҳо ба табъ расиданд.

Камол Насрулло
АМИТ "Ховар"

Ӯ соли 1998 барои маҷмӯаи ашъори “Тоҷикистонро дигар қисмат макун!” шоистаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид.

Соли 1954 – Мавлуди Шакарбек Қурбонбеков, журналист;

Соли 1964 – Зодрӯзи Рустам Шоазимов, коргардони тоҷик;

Соли 1970 –  Мавлуди Нобовар Чаноров, овозхон ва оҳангсози тоҷик;

Нобовар Чаноров 25 декабри соли 1970 дар ноҳияи Рӯшон таваллуд шудааст. Ӯ роҳбари гурӯҳи “Шамс” аст. Ин гурӯҳ аслан бо иҷрои мусиқии мардумӣ сару кор дорад ва то ба ҳол чор албоми сурудҳояшро омода кардааст.

Нобовар Чаноров

Ӯ бо иҷрои суруду оҳангу таронаҳои мардумӣ на танҳо дар кишвар, балки берун аз он низ истиқболи гарм ёфтааст.

“Ай му кабӯтар”, “Ёри Мастчоӣ”, “Духтари тоҷк”, “Даф бизанем”, “Ту гули лола” аз ҷумлаи маъруфтарин сурудҳои Нобовар буда, ӯро дар олами санъат муаррифӣ кардаанд.

Соли 1972 – Мавлуди Баҳром Қодиров,  дуторнавоз ва оҳангсози тоҷик

Соли 1977 – Чарли Чаплин, ҳунарпешаи синамо ва коргардони америкоӣ ва яке аз машҳуртарин ва таъсирбахштарин қаҳрамонҳои синамои беовози Амрико дар синни 88-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1989 – Зодрӯзи Нигора Холова, овозхони попи эстрадаи тоҷик

Падари Нигора Исматулло Холов ва бародараш Суруш Холов низ овозхонҳои машҳури тоҷик мебошанд.

Нигора Холова аввалин маротиба дар 11-солагиаш дар саҳна суруди “Гуям ё нагӯям” иҷро намуда, худро ба тоҷикистониён муаррифӣ намдуааст. Ӯ то имрӯз зиёда аз 50 суруд бо забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва лаҳҷаи форсӣ иҷро намудааст.

Нигора Холова

Вай аз хурдӣ ба бемории дил гирифтор буд ва дар беморхона табобат мегирифт. Ӯро дар беморхона президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки барои дидан аз вазъияти беморхона ба онҷо омада буд, дида аз бемории Нигора огоҳ шуд ва ба ӯ кӯмак намуд ва бо дастгирии президенти мамлакат табобат гирифт.

“Бачаи ошиқ”, “Боз биё”, “Дарди ниҳон”, “Попурӣ”, “Санамҷон”, “Тани танҳо”, “Ҳамсоябача” аз қабили суррудҳои маъмули Нигора Холова мебошанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

“Крисмас” рӯзест, ки бар пояи гоҳшумори масеҳиён зодрӯзи Исо пазируфта шуда, бузургтарин ҷашни масеҳиён дониста мешавад. Масеҳиён ин рӯзро бо оинҳои вижа баргузор мекунанд. Барои мисол, дарахтеро оро медиҳанд. Ин рӯзро бештар дар рӯзи 25 декабр ҷашн мегиранд.

Яке аз рамзҳо "Крисмас"

25 декабри соли 1748 физик Йозеф Адам Браун сурби сахт ҳосил кард. Ӯ бо ёрии омехтаҳои хунуккунӣ тавонист ҳароратро то -56° паст кунад ва ба ин васила сурби сахт ба даст орад, ки онро буридан ва аз он ҳар чӣ сохтан мумкин буд. Кашфи ба шакли дурушт даровардани сурб, ки дар бисёр маҷаллаҳои илмӣ нашр шуд, дар ҷаҳони илмӣ инқилоби воқеӣ ба вуҷуд овард. Пас аз чанд даҳсола, соли 1785 академикҳои Петербург ҳарорати дақиқи ҳосилкунии сурби сахтро муайян карданд, ки ба 39° С баробар буд.

 

ВАЗЪИ БОДУ ҲАВО БАРОИ 25 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 0+5º гарм;

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 8+13º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона -4+1º, рӯзона 5+10º гарм;

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард;

Акс аз Нозим Қаландаров

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 7-12º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона -3+1º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 24-29º сард, дар баъзе минтақаҳо то 33-35º сард, рӯзона 6-11º сард;

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 10+12º гарм;

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 4+6º гарм;

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 10+12º гарм;

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 9-11º сард, рӯзона 0-2º сард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.