ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 31 ДЕКАБР

Соли  1925 – Шуъбаи хабаргузори “ТАСС”  дар  Тоҷикистон таъсис  ёфт,  ки баъдан  мақоми Агентии телеграфии  Тоҷикистон (ТоҷикТА)-ро касб  намуд. Ҳоло ТоҷикТА ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” тағйири ном кард.

Соли 1930 – Дар шаҳри Душанбе низоми обтаъминкунии марказӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 1936 – Нерӯгоҳи барқи обии Варзоб ба истифода дода шуд, ки аввалин нерӯгоҳи барқӣ-обӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Иқтидори ибтидоии он 3,72 МВт-ро ташкил медод ва нерӯи барқи истеҳсолнамудаи он барои таъмини корхонаҳо ва аҳолии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атроф истифода мешуд.

Соли 1940 – Дар Душанбе аввалин омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ кушода шуд. Имрӯз он бо номи Муассисаи таълимии миёнаи касбӣ-техникӣ №28 фаъолият мекунад.

Соли 1996 – Дар Хосдеҳи Афғонистон Протокол дар бораи қатъи амалиёти ҷангӣ дар минтақаҳои Қаротегину Тавилдараи Тоҷикистон ба имзо расид.

Соли 2002 – Ҳангоми як амалиёти махсуси кормандони Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Кофарниҳон ҷинояткори махсусан хатарнок Маҳмадулло Муллоев, бо лақаби “Санчо” кушта шуд.

Соли 2011 – Дар Душанбе Парвиз Давлатбекови 24-сола, ки либоси “Бобои Барфӣ”-ро ба бар карда буд, аз ҷониби ашхоси номаълум ба қатл расонида шуд. Қатли ӯ дар ҷомеа сару садои зиёдеро ба бор овард.

Парвиз Давлатбеков

Соли 2020 – Парлумони Тоҷикистон корхонаи “Ғаюр”-ро, ки халтаҳои полипропиленӣ истеҳсол мекунад, аз пардохти андоз озод намуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1908 – Мавлуди Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ.

Бобоҷон Ғафуров 31 декабри соли 1908 дар рустои Исфисор, ҳоло шаҳри Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омад. Модари ӯ Розия Озод, ки шоира буд, дар ташаккули шахсияти ӯ саҳми арзанда дошт.

Ӯ дар вазифаҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла ҳамчун котиби якуми Ҳизби комунисти Тоҷикистон (1946–1956) фаъолият намуда, барои рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маорифи кишвар саҳми арзанда гузоштааст. Аз соли 1956 то охири умр директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои СССР буд.

Бобоҷон Ғафуров муаллифи асари таърихии “Тоҷикон” аст, ки мавҷудияти халқи тоҷик ва дорои тамаддуну таърихи куҳан будани тоҷиконро исбот мекунад. Ӯ зиёда аз 400 асару мақола навиштааст, ки дар саросари ҷаҳон ба забонҳои гуногун нашр шудаанд. Бобоҷон Ғафуров 12-уми июли соли 1977 дар Маскав даргузашт. Соли 1997 ба Бобоҷон Ғафуров барои хизматҳои шоёнаш унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Бобоҷон Ғафуров

Моҳи декабри соли 2023 дар Симпоизуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик”, ки ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Душанбе доир шуд, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар супориш дод, ки масъалаи таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  таъсис дода шавад. Инчунин, бо қарори президенти кишвар китоби “Тоҷикон”-и ӯ чоп ва ба ҳар як хонаводаи тоҷик тӯҳфа гардид.

Соли 1923 – Зодрӯзи Рустамбек Юсуфбеков, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ва ходими давлатӣ;

Соли 1934 – Мавлуди Фотима Ғуломова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон;

Фотима Ғуломова соли 1934 дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омад. Хоҳараш Соҷида Ғуломова коргардони маъруф ва бародараш Исфандиёр Ғуломов низ аз ҳунарпешаҳои шинохтаи театру синамои тоҷик мебошад. Ӯ ҳамсари Ҳабибуллоҳ Абдураззоқ ва модари коргардони маъруф Барзу Абдураззоқов аст.

Фотима Ғуломова

Фотима Ғуломова фаъолияти кориашро cоли 1960 дар Театри ҷумҳуриявии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкин оғоз намуда, аз соли 1961 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият кард. Ӯ дар саҳнаи театр ва синамо зиёда аз 100 нақш офаридааст. Аз ҷумла, нақшҳои Хонзода дар “Бой ва хидматгор” Гонерил дар “Шоҳ Лир”, Гурдофарид дар “Рустам ва Сӯҳроб”, Нигина дар “Рӯдакӣ”, Бунафша дар “Духтари қишлоқӣ”, Клариче дар “Хизматгори ду хоҷа”, шоҳдухтар дар “Шоҳгавазн” ва ғайра.

Соли 1947 – Зодрӯзи Саидқул Сабзаев, забоншинос, шоир ва драматурги тоҷик;

Соли 1950 – Мавлуди Гавҳар Ҷӯраева, фаъоли ҳуқуқи башар, узви Шӯрои ҷамъиятии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия;

Соли 1982 – Зодрӯзи Манижа Давлатова, овозхони эстрадаи тоҷик.

Манижа Давлатова яке аз номдортарин овозхонҳои тоҷик аст, ки ба сабки мусиқии поп месарояд. Ӯ соли 1982 дар Кӯлоб ба дунё омад.

Манижа бо сабку услуби хоса вориди дунёи ҳунару мусиқии муосири тоҷик гашт. Ӯ ба ин ҷода соли 2001 бо суруди “Дар лаби ҷӯй” ворид гардид. Соли 2002 албоми нахустини худро бо номи “Сарнавишти ман” таҳия намуд ва 21 сентябр дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе консерти аввалинашро барпо кард. Соли 2006 Манижа ба Ҷумҳурии Афғонистон даъват шуд ва дар шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шариф консерт гузошт. Аммо вай солҳои охир саҳнаро тарк кард ва дигар худ овозхонӣ намекунад ва гоҳ-гоҳе барои дигарон тарона менависад.

Манижа Давлатова

 “Сиёҳ чашмак”, “Ман дӯст медорам туро”, “Дар ёди падар”, “Маро мешиносӣ”, “Беҳуда хорам мекунӣ” аз маъруфтарин сурудҳои ӯ мебошанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

31 декабри соли 1999 Борис Елтсин, Президенти вақти Федератсияи Русия дар як муроҷиати телевизионӣ эълон кард, ки бо хоҳиши худ аз вазифа истеъфо медиҳад.

Ӯ дар муроҷиати худ аз шаҳрвандони Русия барои хатогиҳои эҳтимолӣ дар давраи роҳбарияш узр пурсид ва изҳор дошт, ки вақти тағйирот фаро расидааст. Пас аз истеъфои ӯ, тибқи Конститутсияи Русия, салоҳиятҳои президентӣ ба Владимир Путин, сарвазири вақт гузашт ва дар интихоботи президентии соли 2000 Владимир Путин ҳамчун президенти нави Русия интихоб гардид.

Имрӯз дар Озарбойҷон Рӯзи ҳамбастагии миллии озарбойҷониҳо, ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, ҷашн гирифта мешавад.

Рамзи Рузи ҳамбастагии милли озарбойҷониҳо
Акс аз interviewinfo.az

 

ВАЗЪИ БОДУ ҲАВО БАРОИ 31 ДЕКАБРИ СОЛИ 2024

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ борони суст меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 4+9º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 4+9º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ –  Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф (дар ноҳияи Дарвоз боришот:борон-барф) меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм, рӯзона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 6+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 21-26º сард, дар баъзе минтақаҳо то 31-33º сард, рӯзона 9-14º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорати ҳаво шабона 1+3º гарм, рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, барф меборад. Ҳарорат: шабона 6-8º сард, рӯзона -1+1º.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.