Имрӯз, дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (10:00), Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон (09:00), Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон (11:00), Хадамоти иҷрои Тоҷикистон (15:00), Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон (08:00), Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон (08:00) оид ба ҷамъбасти фаъолияти худ дар соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 5 ФЕВРАЛ
Соли 2003 – Дар шаҳри Хоруғ консулгарии Афғонистон расман ба фаъолият оғоз намуд.
Соли 2008 – Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аввалин парвози худро анҷом дод. Ин парвоз дар хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе сурат гирифт.
Соли 2013 –Сокини 8 миллионуми Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба дунё омад.
Соли 2018 – Бори аввал дар таърихи Тоҷикистон, дар доираи иқдоми “Трофи Тур” Ҷоми қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол ба Тоҷикистон оварда шуд.
Соли 2020 - Бонки Ҷаҳонӣ ва шаҳрдории Душанбе барои иҷрои тарҳи 30 миллион доллар барои таъмини сокинони Душанбе бо оби ошомиданӣ созишнома имзо карданд.
Соли 2021 - Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар як нишасти хабарӣ эълон кард, ки Бонки миллӣ бинои "Душанбе Плаза"-ро харидааст ва шаҳрдории Душанбе ширкати сохтмонии Бег Сабурро ба "рӯйхати сиёҳ" ворид кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1948 – Мавлуди Мунира Иноятова, сиёсатмадор ва собиқ вазири маорифи Тоҷикистон.

Мунира Иноятова хатмкардаи Институти давлатии педагогӣ ва Институти сиёсатшиносӣ ва идоракунии шаҳри Тошканд аст.
Ӯ солҳо вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф фаъолият карда, аз муаллими мактаб то ба вазифаи вазири маориф ва илм кор кард.
Ӯ солҳои душвори ҷанги шаҳрвандӣ, солҳои 1994-2000 вазири маориф буд. Баъдан мушовири давлатии Президент, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди Президенти Тоҷикистон ва корманди дастгоҳит иҷроияи Президент буд.
Ҳоло нафақахӯр аст, вале бо вуҷуди ин, дар робита ба камбудиҳои мактабу маориф дар расонаҳо озодона изҳори назар мекунад ва барои ислоҳи вазъ пешниҳодҳо ҳам манзур менамояд.
Соли 1950 – Зодрӯзи Сафиев Ҳайдар, кимиёшинос, доктори илмҳои кимиё.
Соли 1953 – Зодрӯзи Неъмат Оташ, шоир, нависанда, тарҷумон ва рӯзноманигори тоҷик.
Соли 1978 – Мавлуди Ширин Амонзода, собиқ вазири муҳоҷират, меҳнат ва шуғли аҳолӣ.

Ширин Амонзода, вазири пешини меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хатмкардаи Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ҷопон аст.
Ӯ баъди чанд соли фаъолият дар лоиҳаҳои гуногун, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ таъин гардид.
Аз 3 ноябри соли 2020 то 5 январи соли 2023 дар вазифаи Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон кор кард.
Аз ӯ яке аз кадрҳои ояндадори ҳукумат ном бурда мешуд, аммо баъди барканориаш аз вазифаи вазирӣ дар суҳбати телефоние ба Азия-Плюс гуфта буд, акнун ба кори илмӣ машғул мешавад.
Ширин Амонзода муаллифи якчанд мақолаҳои илмӣ ва як монография мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои равобити адабиёти тоҷик бо адабиёти ғарб, бахусус адабиёти англисро мавриди тадқиқ ва омӯзиш қарор додааст.
Соли 2022 – Дамирбек Олимов, яке аз сарояндагони маъруфи тоҷик дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар синни 32-солагб аз олам даргузашт.

Дамирбек Олимов, ки яке аз овозхонҳои маъруф дар кишвар 20-уми марти соли 1989 дар ноҳияи Деваштич зода шудааст. Хатмкардаи донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд буда, фаъолияти овозхонии худро аз соли 2009 оғоз кардааст. Дар ансамбли шашмақомхонии “Нури Хуҷанд” зери роҳбари Ҷӯрабек Муродов ва ҳамзамон дар ансамбли созу овози “Садои Суғд” кор мекард.
Таронаҳои “Зулфони майда дорӣ” ва дуэтҳои “Ҷон бачаи хола” ва “Мавригӣ” бо Нигина Амонқулова ва дертар таронаи “Дунё” Дамирбекро ба тоҷикистониён машҳур кард.
Дамирбек Олимов шаби 5-уми феврали соли 2022, дар мавзеъи “Боғи миллии Ваҳдат”-и роҳи Сомғор-Хуҷанд дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Аз соли 2007 инҷониб ҳамасола 5 феврал ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии “Nutella” – хамираи шоколадию чормағзӣ, ки “зодгоҳаш” Италия аст, таҷлил карда мешавад.
Соли 1946 қаннод ва нонпаз Пиетро Ферреро истеҳсоли шоколади мулоимро оғоз кард, ки соли 1951 он номи Supercrema (“Суперкрем”)-ро гирифт. Пас аз 13 сол, соли 1964, писари Пиетро – Микеле Ферреро бо тағйир додани таркиби он, маҳсулоти наверо бо номи “Nutella” ба бозор баровард.

5 феврал соли 1919 нахустин хатсайри мусофирбарии ҳавоӣ оғоз шуд. Аввалин ҳавопаймои мусофирбарии J.II, ки танҳо як мусофирро интиқол медод, парвозҳои худро байни Берлин ва Веймар оғоз намуд.
Ҳавопаймоҳо ба Ширкати ҳавопаймоии Олмон (Deutsche Luft-Reederei GmbH) тааллуқ доштанд ва аввалин ҳавопаймоҳои мусофирбар буданд, ки ҳамчун хатсайрҳои доимӣ дар Олмон фаъолият карданд.

Дар ҳамин рӯз бори аввал витамини D ба таври сунъӣ ҳосил карда шудааст. Соли 1928 кимиёдони олмонӣ Адолф Виндаус, ки зиёда аз 30 сол стеринҳоро меомӯхт, эргостеринеро кашф кард, ки таҳти таъсири нури ултрабунафш ба эргокалсиферол (витамини D) табдил меёфт.
Ҳамон сол, Виндаус барои ин кашфиёти худ Ҷоизаи Нобелро дар соҳаи кимиё соҳиб гардид. Баъдан, солҳои 1931-1937 сохтори кимиёвии витамини D ва провитамини он пурра омӯхта шуд. Ҳамчунин, муайян гардид, ки дар пӯсти инсон метавонад миқдоре аз витамини D таҳти таъсири шуоъҳои ултрабунафш ҳосил гардад.

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 5 ФЕВРАЛИ СОЛИ 2025
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1-6º сард, рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12º сард, рӯзона 2+7º гарм.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 6+11º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона 2+7º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 8-13º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2-4º сард, рӯзона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 7+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 29-34º сард, рӯзона 11-16º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 11+13º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 7+9º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 12+14º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш. Ҳарорат: шабона 8-10º сард, рӯзона 1+3º гарм мешавад.
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Арзиши хидматрасониҳои муассисаҳои хусусии томактабии Тоҷикистон пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста