Баҳриддин Камолиддинов, доктори илмҳои филологӣ ва забоншиноси маъруф, агар умр медошт, имрӯз 90-сола мешуд. Ӯ 5 соли пеш аз олам чашм пӯшид. Мо чанд соли пеш перомуни нақши Камолиддинов дар илми забоншиносии тоҷик матлабе таҳия карда будем. Дар чеҳракушоии имсол хостем инсонияти варо ба тасвир кашем ва бишносем, ки дар муҳити хонавода чӣ гуна шахсе буд.
Падари серталаб ва намунаи ибрат
Фаридун Камолиддинов, писари Баҳриддин Камолиддинов, ки имрӯз худаш шарқшинос аст, падарашро ҳам дар зиндагию ҳам кор намоди ибрат медонад.
“Падарам нисбати мо меҳрубон, ҳалим, мушфиқ, серталаб дар хонишу одоб, бароямон ҳам дар зиндагию ҳам кор намунаи ибрат буданд”, - мегӯяд ӯ.
Писари Камолиддинов ёд овард, “мо кӯшиш мекардем, ки ҳамеша баҳои аъло гирифта, шоистаи таҳсини падарам бошем. Ҳатто як ҷадвалеро сохта, ба девори хонаамон овехта буданду мо дар он ҳар рӯз баҳоҳои гирифтаамонро менавистем, байни худ мусобиқа мекардем”.

Ӯ афзуд, бароямон пораи шеър ё пораи матнеро дода, байнамон озмун барпо намуда, ба хатоҳоямон ишорат мекарданд, бо таърифҳояшон барои пешравӣ ҳавасманд мекарданд.
“Падарам, ки бисёр китоб мехонданд, мо ҳам доимо машғули хондани ягон китоби бадеӣ будем. Чун падарам осори устод Айнӣ ва Сотим Улуғзодаро дӯст медоштанд, мо низ тамоми асарҳои онҳоро дар овони мактабӣ хонда будем”, - иброз дошт Фаридун Камолиддинов.
Ба қавли фарзандаш, одобу ахлоқ барои Камолиддинов дар ҷойи аввал қарор дошт. Ҳамеша дар бораи ахлоқи нек, одоби рафтору гуфтор, эҳтиром ба ҳамдигару бегонагон сухан мегуфт.
Фаридун Камолиддинов таъкид кард, “рафтору одоби худи падарам, албатта, барои мо намуна ва дарси асосӣ буд. Кор то ҷазодиҳӣ ҳеҷ вақт намерасид, чунки огоҳии модарам - “падарат биёянд, ҳамаша мегӯям” - барои мо кифоя буд”.

“Ҳамеша бо буда қаноат мекарданд”
Дар баробари ин, ба гуфтаи фарзандон, Баҳриддин Камолиддинов одами оддӣ буд: “Ёд надорам, ки ягон бор хӯрок ё либос интихоб карда бошанд, ҳамеша бо буда қаноат мекарданд”.
“Боғайрат буданд, моро низ ба корҳои ҳавлӣ ҷалб намуда, ба меҳнат одат кунониданд”, - ёдовар мешавад Фаридун Камолиддинов.
Ҳамзамон, писари Баҳриддин Камолиддинов таъкид кард, ки меҳвари зиндагии падараш поквиҷдонӣ буд. Ӯ дар идома гуфт, “ба мо низ ҳамеша таъкид мекарданд, ки ҳамеша поквиҷдону росткор бошем, ба ягон каҷравиҳо дар ҳаётамон роҳ надиҳем”.
“Инсонро дӯст медоштанд, бинобар ин дигарон ҳам инро пай бурда падарамро дӯст медоштанд. Падарам мисоли зиндаи қаҳрамони мусбати китоби бадеӣ буданд, ки дар воқеият нодиранд”, - бо муҳаббат иброз дошт ӯ.

Китобхонӣ – одати аҳли байти Камолиддинов
Раҳима Камолиддинова, духтари Баҳриддин Камолиддинов, ки иқтисоддон аст, ҳам суханро аз китобхониву китобдӯстии падараш оғоз кард. Ӯ гуфт, падар аз хурдӣ фарзандонро ба китобхонӣ ордат кунонд ва ин кор одати аҳли байти Камолиддинов шуд.
“Шавқу завқи китобхонӣ пас аз хондани ҳар як китоб зиёд мегардид. Дар хонаамон китобхонаи хубе доштем ва барои мутолиаи китоб падарам тамоми шароитро омода намуда буданд. Дар баробари хондани китобҳои нависандагони тоҷик, хониши адабиёти ҷаҳонро низ мефармуданд. Баъдтар наберагонашонро ҳам ба китобхонӣ ҷалб намуданд”, - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, фарзандон ҳини хурдсолӣ дар кори илмии падар низ “ёрӣ” доданд. Ҳангоми навиштани диссертатсияи докторӣ барои таҳлили грамматикии осори устод Айнӣ, Камолиддинов сандуқи картаҳо ташкил намуда буд. Ҳар як ҷумлаи асарҳоро алоҳида дар картача клей мекард. Азбаски ин кор вақти зиёдро талаб мекард, фарзандон ба падар кумак мерасонидаанд.
Раҳима Камолиддинова гуфт, “ин кор ҳам барои мо як мактаби омӯзишӣ буд ва онро бо шавқу ҳавас, масъулият иҷро мекардем. Ҳамин кор меҳри маро ба осори устод Айнӣ пайваст ва барои ман нависандаи рақами як шуданд”.
Ӯ аз сарҷамъии оила дар гирди як миз ёд оварда, гуфт, ки “аз ҳамаамон дар бораи хониш, корҳои анҷомдодаамон мепурсиданд. Ҳамроҳи модарам ҳикояву саргузаштонашонро нақл мекарданд. Барои мо - фарзандон ин гуна сӯҳбатҳо хеле ҷолибу шавқовар буданд...”.

Бобои меҳрангез
Справка по теме
![]()
Баҳриддин Камолиддинов 8.10.1935 дар ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Соли 1959 факултаи филологияи ДМТ-ро хатм карда, дар кафедраи забони тоҷикӣ ба кор шурӯъ кард. Соли 1966 дар мавзӯи “Забон ва услуби ҳикояҳои Ҳаким Карим” рисолаи номзадӣ ва соли 1988 дар мавзӯи “Муродифоти наҳвӣ дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Солҳои 1992-1994 ба ҳайси ноиби ректори ДМТ ва аз соли 1994 то охири умр дар кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистика ҳамчун мудир ва муаллим кор кардааст. Баҳриддин Камолиддинов муаллифи наздики 20 асари илмӣ ва зиёда аз 170 мақолаи илмию методӣ аст. Маъруфтарин асарҳои ӯ “Масъалаҳои баҳсноки наҳви забони тоҷикӣ”, “Услубшиносӣ”, “Ҳусни баён”, “Сухан аз баҳри дигарон гӯянд” ва “Сухандонон сухан санҷида гӯянд” мебошанд.
Меҳрангез Султонзода, абераи Баҳриддин Камолиддинов, ки имрӯз рӯзноманигор аст, мегӯяд, бузургиву шӯҳрати бобояш ба маънои том барояш танҳо пас аз ба факултаи журналистика дохил шудан маълум шуд: “то ин вақт Баҳриддин Камолиддинов бобои меҳрангез буданд ва моро дар дунёи меҳру муҳаббати худ мепарвариданд”.
“Бобое, ки барои мутолиа китоб тавсия медоданд, ҳар тобистон дар рӯйи ҳавлӣ барои бозии мо арғончак месохтанд, аз боғашон гул чида медоданд, ҳар бор, ки тирамоҳ ба меҳмонӣ оем, худашон баромада аз ток бароямон ангур мечиданд ва доим дар яхдон яхмоси болаззат доштанд”, - ба ёд меорад Меҳрангез.
Ӯ аз хотирае ёдовар шуд: “Одатан, арғончакро ҳар сол дар назди даромади хона зери дарахти чормағз мегузоштанд. Боре, намедонам аз чӣ сабаб, ҷойи одатиашро иваз карда, арғончакро дар даромадгоҳи ҳавлӣ, дар зери токи ангур овехтанд ва ҳар боре касе аз дарвоза дарояд, мо маҷбур мешудем аз он фаромада, роҳ диҳем. Ҳавлии бобоям сермеҳмон буд”.
“Боре бегоҳ танҳо дар арғончак нишаста бозӣ мекардам, ки бобоям чун ҳар вақта портфел дар дасту кулоҳ дар сар аз дарвоза даромаданд. Арғончакро манъ карда, фаромадам ва наздашон барои пурсупос омадам. Аз пешонаам бӯсида (ҳамин хел одат доштанд, набераю аберагонро ҳангоми пурсупос аз пешона мебӯсиданд), як ба сӯйи арғончак нигоҳ карданду гуфтанд, ки “имсол кори хато кардам, ки арғончаки шуморо инҷо овардам, ҷойи пештарааш хубтар буд. Ҷояш пеши дарвоза набудааст, ҳар бор ягон кас ояд ба бозии шумо халал мерасонад”. Аз баҳори оянда арғончаки мо ба ҷойи пештарааш баргашт ва ҳар баҳор то вафоташон бобоям барои наберагону аберагон арғончак месохтанд”, - идома дод нақлашро абераи Камолиддинов.

Ӯ афзуд, “он вақт ман 10-11-сола будам, аммо бобоям нагуфтанд, ки шумо бо бозиятон ба калонсолону меҳмонон халал мерасонед ва ё касеро безобита мекунед. Ба назари он кас дигарҳо ба мо халал мерасонданд, чун барои Камолиддинов ҳар инсон новобаста аз синну сол баробар буд ва нисбати ҳама як хел эҳтиром мегузоштанд”.
Ба гуфтаи Султонзода, ғайр аз қаламу дафтару илм, Баҳриддин Камолиддинов дар зиндагӣ ҳам “инсони аҷибу наҷиб буданд ва ду даҳан гапашон барои мо як ҷаҳон дарс буд”.
Устоди роҳнома
Матлуба Мирзоева, доктори илмҳои фолологӣ, устоди факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии худро бо устод чун таноби наҷот дар лаҳзаи душвор ёд мекунад.
Ба гуфтаи Мирзоева, соли 1996 дар Пажӯҳишгоҳи улуми омӯзгорӣ рисолаи номзадӣ навишта буд, вале дар муҳокима мудири лаборатория эрод гирифта, гуфт, ки кор хом аст ва барои коркарди дубора онро бозпас гардонд.
Пас аз ин, дар беруни пажӯҳишгоҳ Матлуба Мирзоева ногаҳон бо Баҳриддин Камолиддинов рӯбарӯ мешавад ва ҳодисаро нақл мекунад. Камолиддинов, ки он замон мудири кафедаи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд, варо ба кор даъват мекунад.

“Рӯзи 27-уми августи соли 1996 ба кафедра ба назди устод омадам. Вақте аризаро навишта, ба муаллим дароз кардам, гуфтанд, ки бояд туро ба ҳайси ассистент ба кор гирам, вале азбаски рисолаи номзадиат тайёр аст, ба сифати муаллими калон иҷрои вазифа хоҳӣ кард. Ҳамин тавр, ман ба ин даргоҳи муқаддас ба кор шурӯъ кардам”, - ёд меорад Мирзоева.
Бо ҳамин Матлуба Мирзоева бо роҳнамоии Баҳриддин Камолиддинов ва роҳбарии Сайидамир Аминов соли 1998 рисолаи номзадиашро ҳимоят кард. Баъди 15 сол ӯ зери роҳбарии Камолиддинов рисолаи докториро ҳимоят карда, унвони профессориро ба даст овард.
“Ҳар шом, ки ояд, зи паси он саҳаре ҳаст. Бо ман ҳам ҳамин ҳодиса рӯй дод. Хуб шуд, ки соли 1996 кори номзадии маро аз муҳокима гардонданд ва бо устод вохӯрдам. Камолиддинов дар лаҳзаи душвор мададгорам шуданд ва то умр доштанд, роҳнамои илму зиндагии мо буданд”, - хулоса кард профессор Мирзоева.
Эпилог
Баҳриддин Камолиддинов рӯзи 13-уми майи соли 2020 дар 84-солагӣ, як рӯз пас аз марги духтараш Гулнора, аз бемории КОВИД-19 аз олам чашм пӯшид. Ҷасадашро дар оромгоҳи "Сариосиё"-и Душанбе дар канори ҳамсари аввалинаш ба хок супурданд.
Вале хотираи ӯ зинда аст. Дар китобҳое, ки то имрӯз муаллимон аз онҳо дарс медиҳанд. Дар шогирдоне, ки имрӯз худашон устод шудаанд. Дар арғончаке, ки ҳоло низ дар ҳавлии ӯ истода, гӯё интизори бозии наберагон аст.
Саҳми Баҳриддин Камолиддинов натанҳо дар илм, балки дар тарбияти олимони ҷавон ва донишҷӯён низ бузург буд. Камолиддинов тӯли беш аз 60 соли фаъолияти омӯзгориаш садҳо шогирд тарбият намудааст ва бо роҳнамоии ӯ наздики 20 тан номзад ва доктори илм шуда, ҳоло дар рушди забоншиносии тоҷик саҳми худро мегузоранд.
Ҳоло дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба номи ӯ маҳфили доимии “Меҳри сухан” ва “Фарҳанги муошират” амал мекунанд, ки дар он донишҷӯён оид ба мавзӯъҳои муҳимми забон ва муошират баҳсҳо меороянд.
Ҳамчунин, дар ин факулта синфхонае ба номи Баҳриддин Камолиддинов боз карда, дар он ҷо китобҳо ва осори илмии олими забардастро гирд овардаанд.
Чанд соли қабл дар зодгоҳи Баҳриддин Камолиддинов - дар ноҳияи Ашт мактаб ва хиёбоне низ ба номи мавсуф гузошта шуд.
Дар бораи фаъолияти илмӣ, омӯзгорӣ ва забоншиносии профессор Баҳриддин Камолиддинов дар ин матлаби мо маълумоти муфассал пайдо кунед: “Поквиҷдону меҳрубон. Ёде аз забоншиноси маъруф Баҳриддин Камолиддинов”.
Ёду номи профессор Баҳриддин Камолиддинов гиромӣ!




“Ҳунарманди асил бояд мавқеи худро дошта бошад!” Ба ифтихори зодрӯзи Ҳабибулло Абдураззоқов
Пиряхи “Деҳдал” дар се рӯз 72 метр ҳаракат кардааст. Оҷонсии ҳавошиносӣ ҳолати онро “пешгӯинашаванда” мегӯяд
ЮНЕСКО бо пешниҳоди Тоҷикистону Эрон қатъномаи “Устувонаи Куруши Кабир”-ро қабул кард
Файзулло Файзов: “Маҳмадсаид Шоҳиён шахсан Қурбон Собирро барои нақши Ҷомӣ пешниҳод кард!”
Ширкати “Сомон Эйр” ният дорад аз ширкати Boeing то 14 ҳавопаймои нав харидорӣ кунад
“Ман аҳамияти ин минтақаро дарк мекунам”. Эмомалӣ Раҳмон бо Доналд Трамп мулоқот кард
Гузориш аз таҷлили Рӯзи театри тоҷик. Нахустнамоиши “Ричарди III” дар Театри Лоҳутӣ чӣ гуна гузашт?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 ноябри соли 2025
Дар Конститутсияи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва демократия чӣ гуфта шудааст?
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста