Имрӯз, 7-уми ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи гиромидошти хотираи Абдураҳмони Ҷомӣ - олим, мутафаккир ва шоири номвари тоҷик аст. Ҳоло дар бораи саргузашти Ҷомӣ ва дӯстии ӯ бо Алишер Навоӣ, шоир ва мутафаккири ӯзбек, филми муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон - “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ба навор бардошта мешавад.
Мо ба ин муносибат бо коргардони тоҷики филми мазкур Файзулло Файзов мусоҳиба оростем ва аз раванди сабт ва бархе мушкилоти он пурсон шудем. Ӯро дар Душанбе дарёфтем ва дар оғоз пурсидем, ки сабти филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар чӣ вазъ қарор дорад ва наворбардории он то куҷо пеш рафт?
Чаро ҳайати эҷодӣ ба Душанбе омаданд?
- Аввалан, Рӯзи гиромидошти хотираи Абдураҳмони Ҷомиро ба ҳама дӯстдорони адабиёт муборак бод мегӯям.
Мо сабти филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”-ро қариб тамом кардем. Беш аз 80 рӯз, аввал дар Тоҷикистон ва пасон дар Ӯзбекистон, наворбардории филм ба хубӣ пеш рафт. Як ҳафтаи дигар кори мо давом меёбад ва бо ҳамин сабти филм ба охир мерасад.

- Чӣ сабаб шуд, ки ҳайати эҷодии филм ба Душанбе баргаштаанд?
- Баъд аз сабтҳои тӯлонӣ мо қисмати Тоҷикистонро пурра ва қисмати Ӯзбекистонро, ба ҷуз шаҳри Тошканд, тамом кардем. Чанд порчаи дигари филм бояд дар коргоҳи филмбардории (павилионҳо) “Ӯзбекфилм” ба навор гирифта мешуд, махсусан саҳнаҳои шоҳ Бойқаро. Аммо тахти шоҳии Шоҳ Бойқаро ҳоло омода набуд. Тахти шоҳӣ ба воситаи рассомон сохта мешавад, ки ин як саҳнаороии (декор)-и бузург аст. Аз ин рӯ, ҳайати эҷодии мо ба Тоҷикистон баргашт. То омода шудани тахти шоҳ Бойқаро дар Душанбе ҳастем, вале аз раванди кор дур намешавем. Ба эҳтимол, рӯзи 20-уми ноябр боз ба Ӯзбекистон меравем ва порчаҳои охирини филмро ба навор мебардорем.
“Баъзан аз кори ҳунармандон қонеъ набудем, вале...”
- Дар тӯли 80 рӯзи сабт аз ҳунарофарии ҳунармандон, махсусан нақшҳои Ҷомӣ ва Навоӣ чӣ бардошт доред ва ҳамчун коргардон аз он қаноатманд ҳастед?

- Ҳар чизе, ки аз дастамон омад, анҷом додем. Ҳолатҳое буд, ки аз кори ҳунармандон қонеъ набудем, вале он саҳнаро ба такрор сабт мекардем, то замоне қонеъ шавем. Рӯзҳое буд, ки мо бояд се саҳнаро ба навор мегирифтем, вале як саҳнаро ба навор бардоштем. Саҳнаҳои бисёр буд, кор оҳиста пеш мерафт, вале маҳсули мо бояд табъи дил мешуд.
- Аз ҳама беш чӣ мушкил пеш омад, ки “кор оҳиста пеш рафт”?
- Сабти саҳнаҳои ҷанг ва сипоҳу афсарони зиёд душвор буд. Мо бо шутурҳо чанд саҳнаро бояд ба навор мегирифтем, вале он гуна, ки мехостем, иҷро намешуд. Аспҳо ҳам кори сабтро душвор карданд. Баробар роҳ намерафтанд, ба ҳамдигар наздик шаванд, шиҳа мекашиданд. Мо маҷбур мешудем, ки як саҳнаро то 10 бор аз нав ба навор бигирем. Ин ҳолатҳое буд, ки кори моро як каме ақибмон кард.

- Аз нақшофарии Қурбони Собир ва Илҳом Бердиев дар нақшҳои Ҷомӣ ва Навоӣ то куҷо розӣ ҳастед?
- Нақшофарии онҳо хуб буд ва мо – коргардонҳо аз он розӣ ҳастем. Аммо сабти филм то ҳол тамом нашудааст ва натиҷаи кор дар пардаи синамо маълум мешавад. Ман намехоҳам, кори то ин ҷо анҷом шударо таъриф кунам. Қаноат кардан ҳам бароям кори сахт ҳаст. Бигзор синамошиносон, мунаққидони соҳа ва аҳли адабиёту таъриху фарҳанг ба натиҷа баҳо диҳанд.
Мухолифат ва созиши ду коргардон
- Дар воқеъ, филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ду коргардон дорад – Шумо аз ҷониби Тоҷикистон ва Дилмурод Масаидов аз ҷониби Ӯзбекистон. Дар раванди сабт назари ду коргардон бо ҳам мухолифат намекард?
- Аслан, филми мазкур, ки кори муштараки ду кишвар аст, нуктаҳои нозук зиёд дорад. Барои ҳамин ману Дилмурод пеш аз оғози сабти филм дар моҳи август дар ин маврид хулоса бароварда будем.
Агар ду коргардон дар назди гурӯҳи эҷодӣ баҳс кунад, ҳайати ҳунармандон ҳам ба тоҷику ӯзбек тақсим мешаванд ва ин ба сабти филм таъсири манфӣ мерасонад. Барои кор то ин ҷо накашидан, мо бояд дар алоҳидагӣ ба созиш мерасидем. Ва ҳамин тавр ҳам кардем.
Ҳолатҳое буданд, ки мо пешниҳод ё кори ҳамдигарро қабул надоштем, вале ҳеҷ гоҳ дар назди гурӯҳ баҳс намекардем. Дар ҳуҷраи коргардонӣ ё назди монитор филмномаро мегузоштем ва сари он чизе, ки мухолифат доштем, гуфтугӯ мекардем, ба созиш мерасидем ва пасон онро ба ҳайати эҷодӣ эълон мекардем.
Посух ба нигаронии ҷомеа: Ҷомӣ дар филм чӣ гуна аст?
- Дар миёни ҷомеа дар мавриди нақши Ҷомӣ нигароние ҳаст, ки оё он ба таври воқеӣ ва тибқи навиштаи адабиётшиносону таърихнигорон намоиш дода мешавад ва ё на. Ба ин андешаҳои зиддунақиз Шумо ҳамчун коргардон чӣ посух доред?
- Ин нуктаи бисёр нозук аст ва дар ин маврид ҳар чизе гӯем, он тобиши миллатгароӣ пайдо мекунад...
Мо - коргардонҳо тибқи филмномае, ки аз ҷониби олимону адабиётшиносону таърихдонони ду кишвар навишта шуд ва дар раъси ду ҳукумат тасдиқ гардид, амал мекунем ва берун аз он коре анҷом намедиҳем.

Дар филмнома ҳамаи матни гуфтугӯи ҳунармандон, тасвири намоишмешуда ва ҳатто гузаришҳо дақиқ гуфта шудааст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки калимае зиёд гӯяд ё амале дигар анҷом диҳад.
Филмнома танзимгари асосӣ аст
- Ин ҷо боз як зиддияти дигар аст: дар филм ҳунармандони тоҷик бо забони тоҷикӣ ва ҳунармандони ӯзбек бо забони ӯзбекӣ ҳунарнамоӣ доранд. Ин таноқузро чӣ гуна ба танзим медароред?
- Ҳар зиддияте роҳи ҳал дорад ва ин зиддият ҳам дар филмнома ба танзим даромадааст. Ҳама гуфтугӯи ҳунармандони ӯзбек аз забони ӯзбекӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст ва ҳамин тавр баръакс.
Ҳунармандони ду кишвар нусхаи филмномаро дар даст доранд ва тибқи он матни гуфтугӯи ҳамбозиашонро ба забони худ мехонданд. Дар ин росто мо бо ҳунармандон зиёд тамрин кардем, то фаҳманд, ки дар кадом саҳна чӣ ҳарф зананд, бишинанд, бихезанд ё амали дигаре анҷом диҳанд. Ва коргардонҳо ҳам ин равандро ҷиддан пайгирӣ доранд, то ҳарфе барзиёд гуфта нашавад.
- Шумо забони ӯзбекиро медонед?
- Не. Забони корӣ забони русӣ аст.
- Дар мавриди забони ягонаи филм чӣ мегӯед?
- Дар ниҳоят, филм пурра ба ду забон садогузорӣ мешавад. Яъне, мо матни суханҳои ҳунармандони ӯзбекро бо забони тоҷикӣ тарҷума мекунем ва онҳо аз ҳунармандони моро. Филм дар Ӯзбекистон бо забони ӯзбекӣ ва дар Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ намоиш дода мешавад. Ҳар ду нусха бо забони русӣ зернавис мешавад.
Баҳси ивази Шоҳиён бо Қурбон Собир
- Ҳунармандони нақшҳои Ҷомӣ ва Навоӣ бояд чӣ гуна интихоб мешуд ва барои ин кор нақши кӣ ё киҳо муассир буд?
- Дар ин лоиҳа, ҳунарманди нақшҳои асосиро аъзои Шӯрои бадеӣ ва коргардонҳо муайян мекунанд, пешниҳод мешуд ва аз ҷониби сарони ду кишвар тасдиқ мегардид.
- Ҳунарофарии Маҳмадсаид Шоҳиён дар нақши Ҷомӣ нуктаи дигари пурбаҳси филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” буд. Дар чӣ замина Қурбон Собир ба ҷои Маҳмадсаид Шоҳиён ҷойгузин шуд: сухани ҷомеа шунида шуд ё ҳарфе дигар буд?
- Сухани ҷомеа шунида шуд ё ҳарфе дигар буд, чизе гуфтан намехоҳам. Посухи ин саволро аксарият медонанд ва ҳоҷат ба такрор нест.

Аммо агар аз ҳақ нагузарем, Маҳмадсаид Шоҳиён аз оғози ин лоиҳа то кунун барои хуб таҳия ва тадвин шудани филм талоши зиёд кард. Агарчи ӯ ҳоло ҳунарманди нақши Ҷомӣ нест, раванди корро ҷиддан пайгирӣ дорад ва барои хуб баромадани филм саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.
- Пас Қурбон Собир чӣ гуна ба нақши Ҷомӣ интихоб шуд?
- Вақте Маҳмадсаид Шоҳиён аз нақши Ҷомӣ канор рафт, барои тасдиқи Қурбон Собир дар ин нақш зиёд талош кард. Маҳз худи Шоҳиён ба Қурбон Собир тамос гирифт, ӯро ба майдони сабт овард ва ба гурӯҳи филмбардорӣ муаррифӣ кард. Ин ҳарфҳоро метавонед аз худи Қурбон Собир ҳам пурсед.
- Пас аз қариб як моҳи сабт ин тағйироти ҳунарманд сурат гирифт. Вақте ҳунарманди нақши Ҷомӣ аз Маҳмадсаид Шоҳиён ба Қурбон Собир иваз гардид, ба кори наворбардорӣ таъсири манфӣ нарасонд?
- Не, тақрибан таъсире нарасонд. Мо як саҳнаи ба истилоҳи филмофарӣ – гузаришро дар Қалъаи Ҳисор бо Маҳмадсаид Шоҳиён сабт карда будем. Он ҷо диалог набуд, танҳо офтоб мебаромад ва дурахше ба чеҳраи Ҷомӣ ва Навоӣ мезад. Ин порчаи кӯтоҳ аз нав ба навор бардошта шуд. Ҳамчунин, 3 рӯзи дигар чанд саҳнаро дар коргоҳи филмбардорӣ (павилион)-и “Тоҷикикфилм” аз нав сабт кардем. Яъне, барои ивази ҳунарманди нақши Ҷомӣ мо 4 рӯз вақт сарф кардем. Тақрибан таъсири зиёди молӣ ҳам надошт.
Буҷаи филми Ҷомӣ ва Навоӣ чанд аст?
- Дар омади гап, филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” бо чӣ миқдор маблағ сохта мешавад? Расонаҳо аз 10 млн ва ҳатто аз 12 млн доллар ҳарф мезананд...
- Ман наметавонам ба ин савол посух диҳам. Чун ҳоло кор идома дорад. Лекин ин гуна маблағи зиёд нест...

- Хуб, ин малағи ҷудошуда то охир ба хароҷоти филм мерасад?
- Аз рӯйи нақша, бояд маблағ расад. Ҳоло сабти филм тамом нашудааст. Боз тадвин, садогузорӣ, оҳангсозӣ, рангпардозӣ, овоздиҳӣ ва даҳҳо кори дигар боқӣ мондаанд ва ин корҳо ҳам маблағи зиёдро талаб мекунанд.
Пас аз ҳамаи ин раванд ва комилан омода шудани филм мо гуфта метавонем, ки “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” бо ин қадар маблағ сохта шудааст.
Тавозуни ҳунармандон риоят шудааст?
- Расонаҳо аз нобаробарии дигар менависанд: гӯё бештари буҷети “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”-ро ҳукумати Ӯзбекистон додааст ва бар асоси он 60 дарсади ҳунармандон аз ҷониби Ӯзбекистон ва 40 дарсади дигар аз ҷониби Тоҷикистон интихоб шудаанд. Ин воқеият дорад?
- Не, тавозун дар ин росто риоят шудааст. Дар нақши Абдураҳмони Ҷомӣ, зану фарзандони шоир, дигар пайвандон ва нафарони наздикаш ҳунармандони тоҷик интихоб шудаанд. Ҳамин тавр дар нақши Алишер Навоӣ ва дигар пайвандону наздикони ӯ ҳунармандони ӯзбек.

Мо дар филм ду шоҳ дорем - Узун Ҳасан ва Ҳусейн Бойқаро. Дар нақши шоҳ Узун Ҳасан, ҳамаи вазирон, дарбориён ва дигар шахсони қаринаш ҳунармандони тоҷик ҳастанд ва дар нақши шоҳ Ҳусейн Бойқаро ва ҳамон тавр вазирону дарбориёнаш ҳунармандони ӯзбек.
Дар нақшҳои лаҳзавӣ бошад, мо вобаста ба шароит ҳунарманд интихоб кардем. Масалан, мо дар Тоҷикистон барои нақши фурӯшандаи бозор аз Ӯзбекистон ҳунарманд намеорем. Ё дар Ӯзбекистон барои иҷро кардани саҳнаи лаҳзавии як аскари оддӣ мо аз Тоҷикистон ҳунарманд набурдем. Яъне, агар саҳна дар Тоҷикистон сабт шавад, тамоми нақшҳои лаҳзавиро ҳунармандони тоҷик меофаранд ва агар саҳна дар Ӯзбекистон наворбардорӣ шавад, ҳамаи эпизодҳоро ҳунармандони ӯзбек мебозанд.
Аз тадвин то нахустнамоиши филми Ҷомӣ ва Навоӣ
- Барои тадвин, садобардорӣ, оҳангсозӣ ё амалҳои дигари паси парда дар филми Ҷомӣ ва Навоӣ, ба ҷуз аз Тоҷикистону Ӯзбекистон, аз дигар кишварҳо ҳам касе даъват шудааст ва бо шумо кор мекунад?
- То кунун мо чанд пардозгари муваффақро аз Эрон барои сохтани филм ҷалм кардем. Барои тадвину оҳангсозиву овозгузорӣ ва монанди инҳо шояд чанд тани дигарро аз Русия ё Эрон даъват кунем. Мо марҳила ба марҳила пеш рафта истодаем ва пас аз тамом шудани наворбардорӣ ба ин қисматҳо тамаркуз мекунем.

- Қаблан гуфта мешуд, ки филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” дар арафаи Наврӯз нахустнамоиш мешавад. То ин вақт танзиму тадвини филм пурра ба анҷом мерасад ё на?
- Аз рӯйи барномарезӣ бояд филм то Наврӯз омода шавад ва нахустнамоишаш дар Душанбе ва Тошканд баргузор гардад. Аммо ин кор на танҳо ба коргардон, балки ба дигар мутахассисон ҳам вобаста аст. Агар нақшаи мо амалӣ шавад, Худо хаҳад, дар арафаи Наврӯз филми Ҷомӣ ва Навоиро манзури тамошобинони Тоҷикистону Ӯзбекистон мегардонем.






Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста