ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи пулис (милитсия)-и тоҷик таҷлил мешавад. Сарчашмаи ин ид ба ҳокимияти шӯравӣ бармехӯрад. 10-уми ноябр соли 1917 (пас аз Инқилоби Октябр), милитсия ҳамчун ниҳоди расмии ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ бо қарори Комиссариати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис дода шуд. Он замон лозим буд, ки як сохтори ягона барои нигоҳ доштани қонун ва тартибот дар давраи нооромии сиёсиву иҷтимоии баъдиинқилобӣ ташкил гардад.


То соли 1931 милитсия зери идораи Шӯроҳои маҳаллӣ фаъолият мекард, баъдан ба низоми Комиссариати корҳои дохилии Иттиҳоди Шӯравӣ дохил карда шуд. Аз соли 1946 ин сохтор номи Вазорати корҳои дохилиро гирифт ва фаъолияти он дар сатҳи умумииттифоқӣ ҳамоҳанг мегардид.

Баъди истиқлолият Тоҷикистон анъанаи ҷашни Рӯзи милитсияро ҳифз кард ва ҳамасола 10-уми ноябр Рӯзи милитсияи тоҷик ҷашн гирифта мешавад.

Соли 1935 – Анҷумани якуми занони ҷавони Тоҷикистон баргузор гардид.

Соли 1935 – Дар назди Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон Истгоҳи биологии "Помир" таъсис ёфт.

Соли 1945 – Федератсияи байналмилалии демократии ҷавонон таъсис ёфт.

Соли 1961 – Номи шаҳри Сталинобод ба Душанбе иваз карда шуд.


Соли 2010 – Аз Покистон 204 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ғайриқонунӣ дар мадрасаҳои ин кишвар таҳсил мекарданд, ба ватан баргардонида шуданд. Синну соли онҳо аз 11 то 30-сола буд.

Соли 2013 – Дар шаҳри Ваҳдат заминҷунбӣ рух дод, ки дар натиҷа 12 нафар ҷароҳат бардошта, 118 хона пурра ва 259 хона қисман хароб шуданд.

Соли 2016 – Мақомоти ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ба таъсиси рӯйхати ягонаи давлатии оилаҳои камбизоат шурӯъ карданд.

Соли 2018 – Дар пойтахти Тоҷикистон аввалин фестивали “Оши палав” доир шуд.

Соли 2023 – Дар Тоҷикистон аввалин амалиёти ҷарроҳии резексияи даврагии трахея бо анастомоз анҷом дода шуд. Ин ҷарроҳӣ дар Маркази ҷумҳуриявии илмии онкологӣ гузаронида шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1921 – Мавлуди Тӯйчӣ Эрҷигитов, иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ.

Соли  1935 – Мавлуди Аълохон Афсаҳзод, адабиётшинос, шарқшинос, ва мунаққиди тоҷик.

Аълохон Афсаҳзод

Аълохон Афсаҳзод соли 1961, баъди хатми риштаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Пажуҳишгоҳи ховаршиносии Академияи улуми ҷумҳурӣ ба фаъолияти илмӣ пардохта, аз соли 1972 то охири умр мудирии бахши матншиносии ин пажуҳишгоҳро бар дӯш дошт.

Афсаҳзод ба унвони доктори улуми филология солҳои зиёде ба таҳқиқу нашри осори суханвари бузурги форсу тоҷик, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ машғул шудааст. Рисолаи номзадиву доктории Аълохон Афсаҳзод дар мавзӯи осору афкори Ҷомӣ дифоъ гардида, дар ин ришта яке аз муваффақтарин ҷомеашиносони ҷаҳонӣ эътироф шудааст.

Ӯ пиромуни мавзуҳои адабиёти классикии форсии тоҷикӣ, бунёду меъёри илмии матншиносии ҳозира, дастовардҳои суханварони шӯравии тоҷик, ҳусну қубҳи осори театру драматургияи миллӣ, раванди равобити адабию фарҳангӣ бештар аз 800 асару мақолаи илмиву оммавӣ ба мерос гузоштааст.

Аълохон Афсаҳзод дар мавриди масъалаҳои театру мусиқӣ ва арбобони ҳунари миллӣ маҷмӯаеро бо ном “Зиндагӣ дар саҳна” навиштааст, ки дар он масоили ҳассоси ҳунари имрӯзаи тоҷик ба баҳсу муҳокима кашида шудаанд.

Ин донишманди варзида, соли 1999 дар 64-солагӣ аз олам даргузашт. Моҳи ноябри соли 2021 барои поси хотири заҳматҳояш дар зодгоҳи ӯ - деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент нимпайкараи Аълохон Афсаҳзод гузошта шуд.

Соли 1941 – Зодрӯзи Сафиувло Ҳабибов, доктори илми иқтисодӣ.

Соли 1945 – Мавлуди Улмас Мирсаидов, кимиёдони тоҷик, доктори илми кимиё.

Соли 1946 – Мавлуди Мирзомурод Ҳошимзода, шоири тоҷик.

Соли 1948 – Зодрӯзи Зиё Абдулло, шоир ва файласуфи шинохтаи тоҷик.

Зиё Абдулло

Ӯ соли 1971 маълумоти олии омӯзгориродар Душанбе соҳиб шуда, то соли 1976 муаллими мактабҳои зодгоҳаш (деҳаи Хишткӯпруки ноҳияи Қубодиён) будааст. Баъдан, солҳои 1976-1977 дар рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон", 1977-1983 дар маҷаллаи "Садои Шарқ", 1983-1991 дар Дафтари тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ, 1991-2007 дар рӯзномаи "Ҷумҳурият" фаъолият бурдааст. Аз соли 2007 корманди нашриёти "Адиб" аст.

Офаридаҳояш аз соли 1970 дар васоити ахбори умум ва маҷмӯаҳои дастҷамъии "Шоир" (Мадрас, 1982), "Литературная газета" (Маскав, 1984), "Истоки" (Маскав, 1986), "Сузирия" (Киев, 1987) ба забонҳои русӣ, белорусӣ, инглисӣ, олмонӣ, булғорӣ, чехӣ, арманӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ тарҷума ва нашрияву маҷаллаҳои гуногуни Эрону Афғонистон чоп шудаанд.

Гулчини ашъору достонҳояш дар авроқи маҷмӯаҳои "Кафи хок" (1982), "Дарё" (1985), "Фурӯғ" (1990), "Тысяча родников" (дар ҳаммуаллифӣ; Маскав, 1998), "Лоластон" (се достон, 2003), "Лонаи урёни арвоҳ" (романи манзум, 2003), "Бодгиреҳ" (2006) ва "Ҷоми Симурғ" (2008) ба чоп расидаанд. Достони "Коргар"-аш ба забони русӣ тарҷума ва дар алоҳидагӣ (1989) чоп шудааст.

Муаллифи ҳафт достони устуравӣ-таърихӣ-фалсафӣ – "Коргар" (1979-1984), "Фариштаҳои орзу" (1983-1988), "Дар ҳошияи "мухаммаси "Зери теғ"-и Мушфиқӣ" (1984-1989), "Лоластон" (1996), "Таҷовузи нур" (1997), "Аноҳиди пиндор" (2002) ва "Гули нур" (2011) мебошад.

Силсилаи мақолаҳои илмии иҷтимоӣ ва фалсафияш мӯҷиби баҳсу муҳокимарониҳои хосу ом гардидаанд.

Соли 1951 – Мавлуди Абдураҳим Қаҳҳоров, собиқ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ва вазири пешини корҳои дохилии Тоҷикистон.

Абдураҳим Қаҳҳоров

Генарал – полковник Абдураҳим Қаҳҳоров пас аз хатми донишгоҳ то соли 1979 — дар вазифаҳои ваколатдор, ваколатдори калон, сардори шӯъбаи кофтукови ҷиноятӣ дар ВКД-и ҶШС Точикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 1979—1981 — дар Академияи ВКД ИҶШС таҳсил карда, пас аз хатм ба вазифаи сардори ШКД ноҳияи Октябр (ҳозира шаҳраки Сомониён) таъйин шудааст. Солҳои 1985 - 1987 дар вазифаи ҷонишини сардори РКД-и шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 1987—1992 ҷонишин ва дар солҳои 1992—1993 ҷонишини якуми вазири корҳои дохилии ҶШС Тоҷикистон буд. Соли 1991 рутбаи генерал - майори милитсияро соҳиб шудааст. Солҳои 1993—2000 сардори Академияи ВКД-и Тоҷикистон ва аз соли 2000 то 2006 сол ҷонишини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон буд.

Соли 2006 ба вазифаи сардори раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд таъйин гардид. Аз январи соли 2009 то январи соли 2012 дар вазифаи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Соли 2019 Абдураҳим Қаҳҳоров бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Ӯ дар ин вазифа аз соли 2012 фаъолият дошт.

Соли 1987 – Зодрӯзи Дилшод Ҷӯразода, соҳибкори тоҷик, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, директори Муассисаи “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон”, муассис ва узви ҳозираи Шӯрои директорони "55 GROUP".

Соли 2020 –  Баҳманёр Аминӣ, нависандаи саршиноси тоҷик дар 66-солагӣ даргузашт.

Баҳманёр Аминӣ

Баҳманёр Аминӣ яке аз хушномтарин адибони муосири тоҷик ва ба ибораи дигар шоҳаншоҳи “Сармаддеҳ” аст, ки сарзамини нави ормониро дар адабиёти тоҷик ба таври хос қаламдод кард ва бад-ин васила номи худро ҳам ҷовидонӣ сохт.

Баҳманёр соли 1987 узви Иттиҳодияи нависандагони СССР шуд, вале бо вуҷуди корномаи шоён доштан ва нависандаи маъруф ва навгаро будан, дар кӯлвораш танҳо як ҷоиза дорад: Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ.

Баҳманёр солҳои 70-уми асри гузашта бо шеваи ба худ хос, сабки баён ва нигоҳи тоза ба нависандагӣ рӯй овард ва аввалин ҳикояҳояш бо номҳои “Оҳубарра”, “Зови Карафса” ва ғайра ба табъ расиданд. Дар даҳаи 80 ба 90 бошад, паёпай китобҳои “Ишқи сайёд”, “Аспи обӣ”, “Дуди ҳасрат” ва “Зарринаи Зарнигор”-и ӯ дастраси хонандагон гашт ва бо ҳамин роҳи реализми ҳақиқиро дар адабиёти тоҷик во кард.

Романҳои “Сармаддеҳ” ва “Шоҳаншоҳ” қуллаи эҷодиёти Баҳманёр маҳсуб мешаванд.

Ӯ субҳи 10-уми ноябри соли 2020 дар 66-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

“Азия-Плюс” соле пеш бахшида 70-солагии ин нависандаи хушномаи тоҷик бо унвони “Ман меравам, Сармаддеҳ мемонад”. Баҳманёр – шоҳаншоҳи “сарзамини ормонӣ” 70-сола шуд” маводе таҳия кард, ки метавонед, мутолиа кунед.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

10-уми ноябр Рӯзи ҷаҳонии ҷавонон таҷлил мегардад. Ин сана ба таъсиси Федератсияи ҷаҳонии ҷавонони демократӣ (WFDY) бахшида шудааст, ки соли 1945 пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар Порис таъсис ёфт. Ҳадафи асосии ин созмон муттаҳид сохтани ҷавонони тамоми ҷаҳон барои ҳифзи сулҳ, демократия ва ҳуқуқи инсон мебошад.


Имрӯз ин созмон дар назди Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) мақоми машваратӣ дорад.

Имрӯз ҳамчунин Рӯзи ҷаҳонии илм барои сулҳ ва рушд аст. Ин сана аз ҷониби ЮНЕСКО (UNESCO) соли 2001 бо ҳадафи баланд бардоштани нақши илм дар зиндагии инсон ва таҳкими сулҳ дар ҷаҳон таъсис ёфтааст.

Рӯзи ҷаҳонии илм барои сулҳ ва рушд аҳамияти илму донишро дар пешрафти ҷомеа, ҳалли мушкилоти глобалӣ ва беҳбуди зиндагии мардум таъкид мекунад.


Дар Тоҷикистон низ ин рӯз барои таблиғи илму дониш, дастгирии пажӯҳишгарон ва баланд бардоштани нақши олимон дар рушди давлатдорӣ таҷлил мешавад.

Ҳамасола 10-уми ноябр намояндагони соҳаи муҳосибӣ дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии муҳосибонро ҷашн мегиранд. Ин сана ба як рӯйдоди таърихии муҳими асри XV марбут аст. Маҳз 10-уми ноябри соли 1494 дар шаҳри Венетсияи Италия олим ва риёзидони маъруф Лука Пачоли китоби худро бо номи “Ҳама чиз дар бораи арифметика, геометрия ва таносубҳо” («Summa de Arithmetica, Geometria, Proportioni et Proportionalità») нашр намуд. Дар ин асар Пачоли тамоми донишҳои математикӣ ва иқтисодии замони худро ҷамъ оварда, усулҳои ҳисоб ва сабти амалиётҳои молиявиро тавсиф кард.

Маҳз ҳамин китоб асоси усули ҳисобдории дуҷониба (двойная бухгалтерия) гардид, ки то имрӯз ҳам дар тамоми ҷаҳон истифода мешавад. Аз ин рӯ, Лука Пачоли “падари муҳосибӣ” ном гирифтааст, ҳарчанд худи ӯ ихтироъкори ин система набуд, балки усулҳои амалкардаи тоҷирони Венетсияро дар давраи Эҳёи Итолиё тавсиф ва низомманд сохт.


 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 10 НОЯБР

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0+5º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10º сард, рӯзона 3+8º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4º, рӯзона 6+11º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 7+12º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 18-20º сард, рӯзона -3+2º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм. рӯзона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 3+5º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 16+18º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 9+11º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.