ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳангии Чин идома дорад. Он дирӯз оғоз гардида, маросими ифтитоҳӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо барномаи консертии ҳунармандони чинӣ доир шуд. Он то 7-уми декабр идома мекунад.

– Дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи қаҳрамонии муштзанӣ (бокс)-и ҷаҳон миёни мардон ҷараён дорад. Дар ин мусобиқа, ки дирӯз оғоз шуд, Тоҷикистонро 13 варзишгар намояндагӣ мекунад. Қаҳрамонҳои ҳар вазни мусобиқа соҳиби 300 ҳазор доллар, ҷойҳои дуюм соҳиби 150 ҳазор доллар, ҷойҳои сеюм соҳиби 75 ҳазор доллар ва ҷойҳои панҷум соҳиби 10 ҳазор доллар мешаванд.

– Дар Боғи Куруши Кабири Душанбе намоишгоҳи муштараки Тоҷикистону Эрон идома дорад. Давоми як моҳ аз соати 11:00 то соати 22:00 дар ин мавзеъ намоишгоҳи мазкур баргузор мешавад. Дар он фурӯши маҳсулоти гуногуни ҳунарҳои мардумии ду кишвар, аз ҷумла заргарӣ, гулдӯзӣ, кулолгарӣ, чакандӯзӣ, қолинбофӣ, наққошӣ ва косибӣ ҷараён дошта, ширкатҳои сайёҳӣ ва таомҳои миллии ду кишвар низ муаррифӣ мешаванд.


Ҳамчунин, боздидкунандагон имкон доранд, давоми як моҳ барномаҳои мусиқиву фарҳангӣ ва ҳунарнамоии ҳунармандони ду кишварро тамошо карда, дар қуръакашии тӯҳфаҳо, ҳамоишҳои мавзуӣ ва бозиҳои гуногун ширкат кунанд.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2002 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аввалин маротиба расман ба Фаронса сафар кард.

Соли 2009 – Байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза ба муқобили хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор, воситаҳои фалаҷкунандаи асаб ва ашёи хоми онҳо созишнома ба имзо расид.

Соли 2009 – Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ” қабул гардид.

Соли 2018 – Сомон Мамадбеков, ҷудокори тоҷик дар мусобиқаи Ҷоми Осиё дар Ҳонконг медали тилло ба даст овард.

Сомон Мамадбеков

Соли 2019 – Дар Тоҷикистон Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо бидуни кушодани ҳисоби бонкӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2020 – Тоҷикистон барои бозгардонидани занону кӯдакон аз Сурия музокирот оғоз намуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1939 – Мавлуди Абдуллоҷон Мирбобоев, таърихнигор, доктори илми таърих.

Соли 1948 – Зодрӯзи Асалбек Назриев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Асалбек Назриев

Асалбек Назриев ҳунарпешаи маъруфи театр ва синамои тоҷик буда, бо офаридани нақшҳои мондагор дар олами санъат ҷойгоҳи вижа касб кардааст.

Ӯ соли 1972 донишкадаи санъатро хатм карда, як сол чун омӯзгор дар факултаи санъат дарс гуфт ва сипас соли 1973 ба Театри Лоҳутӣ ба кор омада, беш аз 50 сол дар ин театр ҳунарнамоӣ кардааст.

Назриев дар саҳнаи театр нақшҳои зиёди мондагор офаридааст. Нақши Чубуков дар “Хостгорӣ”, Чӯпон дар “Эдип”, Азимов дар “Интихоби домод”, Ҳайдар дар “Корвони бахт”, Абӯмансур дар “Исмоили Сомонӣ”, Тудишкин дар “Авлиё ва Осӣ” аз беҳтарин намунаҳои нақшҳои ӯ мебошанд.

Асалбек Назриев дар филмҳои “Субҳи нахустини ҷавонӣ”, “Имрӯз ва ҳама рӯз”, “Ишқи нахустин”, инчунин дар намоишномаҳои телевизионӣ низ ҳунарнамоӣ кардааст.

“Азия-Плюс” ба муносибати 50-солагии ҳунарпеша бо ӯ мусоҳиба ороста буд, ки дар ин матлаб мутолиа кунед: Асалбек Назриев: “Театр ба истиқлол ниёз дорад!”

Соли 1960 – Мавлуди Носирҷон Салимӣ, ректори пешини Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, ҳоло узви Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон.

Носирҷон Салимӣ

Носирҷон Салимӣ солҳо роҳбарии донишгоҳҳои олии кишвар, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, ҳамчунин, Китобхонаи миллии Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Солҳои аввали кораш ӯ дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод ҳамчун лаборант, муҳаққиқи коромӯз ва баъдан аспирантбуда, аз охири солҳои 1980 ба фаъолияти адабӣ рӯй овардааст. Муддате ходими адабии маҷаллаи “Садои Шарқ” ва сипас дар Институти забон ва адабиёти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ходими илмӣ буд.

Соли 1992 ӯ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд омада, аз дотсент то ба мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷикӣ ва директори “Маркази пажӯҳиши тамаддуни давраи Сомониён” расидааст. Солҳои 1999-2001 ноиби илмии ректор ва аз соли 2001 ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таъин шудааст.

Ӯ дар ин вазифа то соли 2010 фаъолият карда, сипас ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва соли 2012 директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон  таъин шуд.

Сипас, соли 2014 ӯ роҳбарии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро ба зимма гирифта, баъди чанд соли фаъолият, бештар аз панҷ моҳ директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд.

Носирҷон Салимӣ аз соли 2019 инҷониб узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мебошад.

Соли 1982 – Абдулҳамид Нурматов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик дар 67-солагӣ даргузашт.

Соли 1995 – Хушқадам Давлатқадамов, котиби якуми Кумитаи вилоятии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон дар Бадахшон дар 70-солагӣ аз олам чашм баст.

Хушқадам Давлатқадамов

Хушқадам Давлатқадамов аз шахсиятҳои бонуфузи давраи шӯравӣ дар Тоҷикистон буд. Ӯ фаъолияти худро соли 1943 ҳамчун муаллими мактаби ҳафтсолаи Бартанг оғоз намуда, аз соли 1947 ба фаъолияти ҳизбӣ рӯ овардааст.

Солҳои 1960-1970 барои Давлатқадамов марҳилаи ҷиддии ташаккули сиёсӣ буд. Ӯ дар ин давра аз мудири Хонаи маорифи сиёсӣ то раиси Кумитаи иҷроияи ВМКБ расид.

Давлатқадамов соли 1970 котиби якуми Кумитаи вилоятии ҲК Тоҷикистон дар Бадахшон таъйин шуд ва то соли 1978 ин вазифаро бар дӯш дошт. Солҳои 1978-1984 вазири маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон буд.

Ӯ ҳамчунин вакили Шӯрои Олии ИҶШС (даъватҳои 8–9) ва вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буд ва ҳамчун узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ташаккули сиёсатҳои давр саҳм дошт.

Бо рӯзгор ва корномаи Давлатқадамов дар ин матлаби “Азия-Плюс”, ки соле пеш ба муносибати 100-солагиаш таҳия шудааст, дар ин матлаб шинос шавед: “Хурдандеширо намепазируфт”. Муруре ба рӯзгори роҳбари Бадахшони Кӯҳӣ Хушқадам Давлатқадамов

Соли 2010 – Абдумалик Баҳорӣ, нависанда, шоир ва драматурги тоҷик дар синни 83 даргузашт.

Абдумалик Баҳорӣ

Абдумалик Баҳорӣ яке аз адибони маъруфи тоҷик буд, ки дар рушди адабиёти муосири тоҷик нақши муҳим гузоштааст. Ӯ фаъолияти адабиро бо шеър оғоз намуда, сипас ба наср, драматургия ва тарҷума рӯ овард.

Ӯ аввалин нависандаи тоҷик аст, ки насри фантастикиро бунёд гузошт. Маҷмӯаи “Ҷуръати доктор Мансур” аз аввалин асарҳои фантастикии ӯст, ки масъалаҳои илму техника ва ояндаи инсониятро ба тасвир мекашад.

Қиссаҳои сегонаи ӯ – “Занбӯри айнакдор”, “Аҷоиботи Нодар” ва “Бозгашт” аз асарҳои намоёни фантастикӣ ба шумор мераванд. Песаҳои машҳури ӯ, аз қабили “Фармони Кадушоҳ”, “Корвон равон аст” ва “Сирри пурасрор” бо мазмуни амиқ ва танқиди ҳаҷвии иҷтимоӣ маъруфанд.

Дар қиссаҳои воқеии худ, ба мисли “Қаймоқи гирди коса” ва “Дили гумҷӯ” муаммоҳои иҷтимоӣ, муҳаббат ва арзишҳои инсонро бо забони равон ва равшан ба тасвир кашидааст.

Абдумалик Баҳорӣ барои кӯдакон низ осори зиёде эҷод кардааст. Повестҳо ва ҳикояҳои ӯ, ба монанди “Ошноҳо” ва “Себи тило” бо забони сода ва мавзӯъҳои ҷолиб ба дили хонандагони хурдсол роҳ ёфтаанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 3-юми декабр дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии шахсони дорои маъюбият ҷашн гирифта мешавад. Ҳадафи асосии он ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ин қишри ҷомеа, ҷалби диққати ҷомеа ба мушкилоту ниёзҳои онҳо ва мусоидат ба иштироки пурраи онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ мебошад.


Тибқи омори ҷаҳонӣ, имрӯз дар ҷаҳон беш аз 1 миллиард нафар ба ин ё он навъи маъюбият гирифторанд, ки тақрибан 15% аҳолии ҷаҳонро ташкил медиҳад. Аз ин шумора, беш аз 100 миллионро кӯдакон ташкил медиҳанд.

3-юми декабр дар ҷаҳон ба таври ғайрирасмӣ Рӯзи ҷаҳонии графикаи компютерӣ таҷлил мешавад. Ин иқдом бори нахуст соли 1998 аз ҷониби ширкати амрикоии "Alias" пешниҳод шуда буд.


Ин рӯз ба далели мувофиқаташ ба рамзи 3D (3 December – 3-юми декабр) интихоб шуда, аз ҷониби 3D-аниматорони ҷаҳон  истиқбол ёфтааст ва ҳоло ба ҷашни байналмилалии мутахассисони ин соҳа табдил ёфтааст.

Дар оғоз ин рӯз бештар ба офарандагони тасвирҳои 3D марбут буд, аммо бо гузашти солҳо тамоми ихтисосҳои вобаста ба графикаи компютерӣ – аз тарроҳон то рассомони рақамӣ ба ҷашн ҳамроҳ шуданд.

Ҳамасола, 3-юми декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо пеститсидҳо (маводи кимиёвии зидди ҳашаротҳо) қайд карда мешавад. Ин рӯз соли 1998 бо ташаббуси Шабакаи байналмилалии мубориза бо пеститсидҳо (PAN International) ба ёди қурбониёни фоҷиаи саноатии Бҳопал таъсис ёфтааст.


Рӯзи 3-юми декабри соли 1984 дар шаҳри Бҳопали Ҳиндустон аз корхонаи истеҳсоли пеститсидҳо буғҳои заҳрнок ихроҷ шуданд, ки боиси марги ҳазорҳо одамон ва осеби тӯлонии саломатии даҳҳо ҳазор нафари дигар гардид. Ин ҳодиса яке аз фоҷиаҳои бузурги экологӣ дар таърихи ҷаҳон ба шумор меравад.

3-юми декабри соли 1967 Кристиан Барнард, ҷарроҳи ҷанубиафриқоӣ дар беморхонаи “Грооте Шур” аввалин амалиёти муваффақи пайвандсозии дилро анҷом дод.

Бемор марди 54-сола Луис Вашканский буд, ки дили як зани дар садама ҳалокшударо пайванд карданд. Вашканский пас аз 18 рӯз аз сабаби пневмония фавтид, аммо ин амалиёт дар ҷарроҳии дили инсон роҳи нав боз кард. Бемори дуюм, Филипп Блайберг, бо дили пайвандшуда зиёда аз 19 моҳ зиндагӣ кард, ки дар он давр бесобиқа буд.

3-юми декабри соли 1992  нахустин паёмаки телефонӣ (СМС) фиристода шуд. Ин паёмро муҳандиси бритониёӣ Нейл Папуорт аз компютер ба телефони мобилии яке аз ҳамкоронаш фиристод. Матни он аз ду калима иборат буд: “Merry Christmas!” – “Мавлуди Исо муборак!”


Дар зарфи даҳ соли баъдӣ паёмакҳо ба воситаи асосии иртиботи кӯтоҳ дар ҷаҳон табдил ёфт ва тадриҷан пейҷерҳо (дастгоҳи паёмгирии хурд)-ро комилан аз бозор баровард. Бо арзон шудани хизматрасонӣ, паёмакҳо ба яке аз муҳимтарин василаҳои муоширати ҳамарӯза дар тамоми қитъаҳо табдил ёфтанд ва барои технологияҳои нави иртиботии мобилӣ роҳ ҳамвор карданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона 3+8º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3º, рӯзона 9+14º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9º сард, рӯзона 6+11º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 4-9º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона 3+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 17-22º сард, дар баъзе минтақаҳо то 25-27º сард, рӯзона 1-6º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва гарду ғубор пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 0-2º сард, рӯзона 16+18º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 7-9º сард, рӯзона 7+9º гарм.  

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.