Асалбек Назриев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, ки дар рушди театру синамои тоҷик саҳми бориз гузоштааст, дирӯз ба синни 75 қадам гузошт.
Ҳунарманди шинохтаи тоҷик зимни суҳбат перомуни корномаи худ, вазъи театри тоҷик дар замони шӯравӣ ва даврони истиқлол, намоишномаҳои миллӣ ва ташрифи мансабдорони тоҷик ба театр андешаҳояшро баён кард.
- Дар моварои зодрӯз ба чӣ корҳо машғулед?
- Ҳамарӯза дар театр ҳастам ва бо намоиши нави кӯдакона бандам. Айни ҳол намоиши тозаи “Падар бояд зан гирад” дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосими Лоҳутӣ манзури тамошобинон гардидааст, ки дар он нақши марказиро бозӣ мекунам. Шукри Худо, ки қувват дораму дар рӯи саҳнаям.
Пушаймон нестам...
- Ҳунарманд шудан орзуятон буд ва ё ҳукми тақдир?
- Орзуи кӯдакӣ набуд, вале шавқу ҳаваси ҷавонӣ буд. Ҳукми тақдир ҳам будаст, ки ҳунарманд шудам. Дар ин 75 сол шебу фарози зиёдеро дидам, дар саҳнаҳои гуногуни театр ва зиндагӣ будам, азобҳои сахт ҳам кашидам, вале шукри парвардигор, аз касби интихобкардаам пушаймон нестам.
- Аз даврони кӯдакӣ, ҷавонӣ ва донишҷӯӣ чиҳо ба хотир мондааст?
- Ман дар ноҳияи Рӯшон таваллуд шудам ва дар фазои фарҳангӣ ба воя расидам. Ин ноҳия беш аз 40 ҳунарманди мардумӣ, ба мисли Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Хушназар Майбалиев, Гурминҷ Завқибековро ба санъату фарҳанги тоҷик ҳадя кардааст. Даврони кӯдакиям дар ҳалқаи фарҳангиён гузашт ва ман низ аз пайи қадамҳои онҳо ба ин ҷода омадам.
Дар замони шӯравӣ дар институтҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Тошканд кадрҳои ҳунарманд омода мекарданд. Соли 1967 бори аввал дар назди Институти омӯзгории ба номи Шевченко (имрӯза ДОТ ба номи С. Айнӣ) факултаи санъат таъсис дода шуд. Ман яке аз нахустин донишҷӯёни факултаи мазкур шудам.
Ба мо Хушназар Майбалиев, Маҳмудҷон Воҳидов, Тӯрахон Аҳмадхонов, Ҳошим Гадоев, Марям Исоева ва дигар ҳунармандоне, ки дар қалбҳояшон ишқи театри синамо мепарвариданд, дарс гуфтанд. Аз миёни ҳамкурсонам ҳам чеҳраҳои шинохта, ҳунармандони халқӣ ва коргардонҳои хуб баромаданд.
Истеъдоди сабзанда ва миранда
- Кадом сол корро дар театр оғоз кардед?
- Соли 1972 институтро хатм карда, бо тавсияи устодон як сол чун омӯзгор дар факултаи санъат дарс гуфтам ва соли 1973 бо пешниҳоди устод Хушназар Майбалиев ба Театри Лоҳутӣ ба кор омадам. То ин вақт ҳам робитаи ман бо театр канда нашуда буд, ҳамвора ба ин боргоҳ омадурафт доштам, бо ҳама ҳунармандон шинос будам, дар тамрини намоишномаҳо ширкат мекардам, дар чанд намоишнома нақш меофаридам.
- Баъдан 50 сол дар Театри Лоҳутӣ мондед. Ним аср кор танҳо дар як театр аҷиб нест?
- Масале ҳаст, ки дарахт дар як ҷо месабзад. Агар дарахтро кӯчонидед, он дар хоки нав пайванд мегирад, боз барг мекунад, боз мева медиҳад ё не, маълум нест. Ман бисёр ҳунармандонро дидам, ки аз Театри Лоҳутӣ рафтанд ва истеъдодашон, ки дар ин ҷо месабзид, дар ҷои дигар мурд. Ё ҳунармандони наве ба театри мо омаданд, ки истеъдод доштанд, вале дар миёни истеъдодони дигар гум шуданд. Театри Лоҳутӣ модари театрҳои кишвар аст ва дар ин саҳна будан ва боқӣ мондан кори басо мушкил аст.
- Аз кори театр дар замони шӯравӣ чӣ хотирот доред?
- Кори театр дар замони шӯравӣ тибқи реҷаи муайяншуда пеш мерафт ва мисли имрӯза, ки ҳунармандон моҳҳо бекор мегарданду маош мегиранд, набуд: мо соати 11:00 ба театр меомадем ва то соати 19:00 аз рӯи намоишномаҳо тамрин мекардем. Ҳар бегоҳ соати 19:00 як намоишнома манзури тамошобинон мегардид. Мардум ташнаи театр буданд ва ҳамеша толор пур мешуд.
Мо рағбати бинандагонро дида, дар куртаҳо намегунҷидем, танамонро ҳаяҷон фаро мегирифт, бо масъулияти том ба рӯи саҳна мебаромадем, нақш намебозидем, балки зиндагӣ мекардем. Аз фарҳангдӯстдориву фарҳангпарварии мардум ифтихор мекардем ва ба ояндаи дурахшони халқу ватан боварии комил доштем.
Аз роҳбарони якуми шӯравӣ то раисону вазирони истиқлол
- То ҷое огоҳам, замони шӯравӣ аксари мансабдорони аввали ҷумҳурӣ ҳам ба театр меомадаанд. Шумо киҳоро дар театр дидаед?
- Бале, Ҷаббор Расулов ва Қаҳҳор Маҳкамов барои тамошои намоишномаҳо ба Театри Лоҳутӣ меомаданд. Вазирону раисон ҳам зиёд ба театр омадурафт доштанд. Он вақт ба театр омадани сиёсатмадорон барои мо кори маъмулӣ менамуд. Зеро инсони комил набояд аз театр ҷудо бошад.
- Имрӯз чӣ?
- Мансабдорони замони истиқлол ҳам ба театр меоянд. Аз ҷумла, Саймумин Ятимов - раиси КДАМ ва Шералӣ Мирзо - вазири мудофиа чанд маротиба ба тамошои намоишномаҳои театри мо омода буданд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода нисбатан бештар ба Театри Лоҳутӣ меояд. То ҷое дар хотир дорам, Раҳимзода ба дидани “Фирдавсӣ” ва “Чархи гардун” омада ва ҳатто ба роҳбарият андешаҳояшро дар бораи мазмуни намоишнома ва нақшофарии ҳунармандон иброз дошта буд. Баъди тамошои як намоишнома ҳатто гуфт, ки аз ин пас ҳама кормандони ВКД бояд ба театр оянд ва баъди чанд рӯз дар ин маврид дастур ҳам содир кард.
- Чанд сол қабл аз рӯи як асари Рамазон Раҳимзода дар Театри Лоҳутӣ намоишномае ҳам таҳия шуда буд. Тақдири он чӣ шуд?
- Соли 2018 аз рӯи асари Рамазон Раҳимзода ҳунарманди теари мо Қурбон Собир намоишномаи “Дили модар”-ро ба саҳна гузошт. Дар намоишнома аз ҳаёти донишҷӯ ҳикоя мешуд, ки дар Сурия ба сафи созмони террористии “Давлати исломӣ” мепайвандад. Модар аз паси фарзанд ба ин кишвар меравад, вале вақти вохӯрӣ писар модарро мекушад.
Справка по теме
Асалбек Назриев 3.12.1948 дар ноҳияи Рӯшон таваллуд шудааст. Соли 1972 факултаи санъати Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1973 дар Театри Лоҳутӣ кор мекунад. Дорандаи унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1990) ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2007) аст. Дар саҳнаи театр нақшҳои зиёдеро, аз қабили Чубуков - “Хостгорӣ”-и А.П. Чехов, Чӯпон - “Эдип”-и Софокл, Азимов - “Интихоби домод”-и Ҳ. Содиқ, Ҳайдар - “Корвони бахт”-и М. Миршакар, Абӯмансур - “Исмоили Сомонӣ”-и М. Бахтӣ, Тудишкин - “Авлиё ва Осӣ”-и М. Варфоломеев в ғайраро офаридааст. Дар филмҳои “Субҳи нахустини ҷавонӣ”, “Имрӯз ва ҳама рӯз”, “Ишқи нахустин”, инчунин дар намоишномаҳои телевизионӣ ҳунарнамоӣ кардааст.
Намоишномаи “Дили модар” як маротиба паси дарҳои баста ба саҳна гузошта шуд ва ба дидани он шахсан худи Рамазон Раҳимзода ва Саймумин Ятимов омада буданд. Ҳарду ҳам аз “Дили модар” хуш истиқбол карданд, вале мазмуни намоишнома ба кадоми дигаре писанд наомад ва онро аз намоиш боздоштанд.
Театру истиқлол
- Яъне, сензура ҳоло ҳам дар театр вуҷуд дорад...
- Сензура дар замони шӯравӣ реша давонда буд ва дар замони истиқлол ҳам он бурида нашуд. Баъзан як коргари одии Вазорати фарҳанг, ки аз театр бӯй набурдааст, барои аз даст надодани курсияш, аз баъзе суханҳои саҳнавӣ хӯрдагирӣ мекунад, ки ба иззати нафси ҳунарманду коргардон мерасад. Театр оинаи рӯзгор аст ва бояд зиндагии ҷомеаро инъикос кунад, камбудҳояшро гӯяд, бо танзу фоҷеа баён кунад, то таъсир расонад ва пешгирӣ шавад. Инро бояд масъулини мо дарк кунанд ва гузоранд, ки театр ҳамнавою ҳамқадаму ҳамдили ҷомеа шавад. Театр ба истиқлол ниёз дорад, агар не, ҳолаш низор аст.
- Театри тоҷик дар замони истиқлол чӣ қадр рушд кард?
- Истиқлол неъмати бузург аст ва дар ин давра синамову театри тоҷик дастовардҳои зиёд ба даст овард: сафар ба кишварҳои гуногун, ширкат дар озмунҳои байналмилалӣ, ба даст овардани ҷоизаҳо, ташкили ҷашнвораи “Парасту” ва “Тоҷи Сомон” ва ғайраҳо.
Агар ҷанги шаҳрвандӣ сар намезад, аз ин ҳам зиёд рушд мекард. 5 соли ҷанги шаҳрвандӣ театрро 10 сол ба қафо бурд. Мо тақрибан ҳеч кор карда натавонистем ва дар ин муддат театр ба гӯшаи фаромӯшӣ рафт.
Баъди солҳои 2000-ум театр дигарбора ба по хест ва намоишҳои хуби мо тавонист бинандаро боз ба театр баргардонад. Пас аз ин бо намоишҳои гуногун ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар мекардем ва талош меварзидем, ки мардуми музофот, ба вижа манотиқи кӯҳистонӣ ҳам донанд, театр чист...
- Воқеан, ҳоло вазъи театрҳои музофотии кишвар чӣ гуна аст?
- Ба истиснои маркази вилоёт, дар дигари шаҳру навоҳии кишвар театр вазъи хубе надорад. Тамошобин ҳине ба театр ворид мешавад, бояд худро дар фазои театрӣ эҳсос намояд. Аммо бо он шароти музофот ин фазоро сохтан душвор аст. Ҳатто бинои театр нест. Барои ҳунарманд душвор аст, ки дар кохи фарҳанг ё дар кадом маҷлисгоҳ намоишнома ба саҳна гузорад. Масъулинро зарур аст, ки сари ин масоил чораандешӣ кунанд.
Вақте умед мемирад...
- Чанд соли охир фирори мағзҳо масъалаи доғи соҳаи маориф ва тибби кишвар шудааст. Ин раванд дар санъату ҳунар ҳам ҳаст?
- Бале, вақте ҳунарманди ҷавон 800 сомонӣ маош мегирад, ба хароҷоти як ҳафтаи рӯзгораш намерасад ва маҷбур аст, ки тарки соҳа кунад. Ба вижа, ҳунарманде, ки аз минтақа ба марказ омада ва дар пойтахт хона надошта бошад, бо ин маош ҳеҷ кор карда наметавонад.
Замоне ки ман ба театр ба кор омадам, маоши мегирифтаам ба рӯзгорам мерасид ва умед доштам, ки баъди чанд сол давлат ройгон ба ман хона медиҳад. Акнун ин умед мурда ва ба ҳунарманд ҳатто хобгоҳ намедиҳанд. Масалан, солҳои 70-90 Театри Лоҳутӣ дар хобгоҳи Вазорати фарҳанг 15 ҳуҷра дошт. Ҳоло он хонаҳоро дигарон соҳиб шудаанд ва ҳунармандони театри мо дар иҷора зиндагӣ мекунанд. Бо ин вазъ, маҷбур мешаванд, ки барои гирифтани зан, хона ва мошин, ки шароити рӯзгори инсони муосир талаб мекунад, тарки театр кунанд.
Дар бораи ин мушкил бояд дар болоҳо фикр кунанд ва ҳарчи зудтар додани хонаҳои ройгон ба ҳунармандону эҷодкоронро дигарбора роҳандозӣ намоянд.
- Ба бунёди Театри миллии Тоҷикистон чӣ назар доред?
- Беҳтар он аст, ки театрро миллӣ кунем, на иншоотро. Пас аз чанд сафар ба Эрон назарам ба театри миллӣ тағйир ёфт: театри тоҷик бо системаи Станиславский фаъолият мекунад, таеатри эронӣ бо систаи аврупоӣ. Аммо ҷизъҳои миллии форсизабонон дар театри эронӣ дида мешавад. Театри тоҷикро ҳам зарур аст, ки ҷизъҳои миллии худро ворид созад.
- Пас театри миллӣ бояд чӣ гуна бошад?
- Театр бояд бозгӯи фарҳанг, таърих ва тамаддуни миллат бошад ва унсурҳои миллии худро ба намоиш гузорад. Барои ин ба мо драмматурги хубу аз дардҳои миллат огоҳ лозим аст. Аммо имрӯз мо драмматург надорем, ки ба театри тоҷик асари миллӣ пешниҳод намояд.
Бигзор намоишнома аз рӯи асари Шекспир бошад, вале мазмун ва муҳтавои он бояд миллӣ карда шавад. Ин кори саҳл нест ва заҳмати бисёрро талаб мекунад. Гуфтем, ки намоишнома миллӣ шуд, вале ғояи асар хориҷӣ боқӣ мемонад-ку...
Ҳоло ман “Фирдавсӣ”-ро чун намоишномаи миллӣ бо ифтихор ном бурда метавонам. Аммо дар баробари Фирдавсӣ садҳо чеҳраҳои оламшумул дорем, ки дар бораи аксари онҳо на филм асту на намоишнома.
Мо бо ифтихор аз Шамси Табрезӣ ва Мавлонои Балхӣ ёд мекунем, вале дар бораи онҳо то ҳол чизе надорем. Ҳоло дар Театри Лоҳутӣ тасмим гирифта шудааст, ки соли оянда дар бораи онҳо, он ҳам аз рӯи асари “Чил қонуни ишқ”-и нависандаи турк Алиф Шафақ, намоишнома таҳия шавад.
Ин хуб аст, лекин ғояи асар моли муаллифи хориҷӣ аст ва мо бо ифтихор гуфта наметавонем, ки ин пурра намоишномаи мо аст.
- Ояндаи театри тоҷикро чӣ гуна мебинед?
- Ба хости Худо, хушбин ҳастам.
Сайфуллоҳи Муллоҷон: Бо ҳама каму косташ таъсиси Тоҷикистони Шӯравӣ ҳодисаи бузурги таърихи мо аст
Иҷозатномаи электронӣ барои ҷашну маросим. Ин чӣ аст ва онро чӣ гуна метавон ба даст овард?
Ба корхонаҳои Хоҷагии манзилию коммуналӣ 4 млн доллар қарзи андозро бахшиданд
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон. Куҷо рафт ва чиҳоро ифтитоҳ кард?
Дар Тоҷикистон 255 мактаб дар минтақаи ҳолатҳои фавқулода қарор доштааст
Сокинони Русия теъдоди муҳоҷиронро беҳад зиёд донистаанд
Боздошти духтари 19-сола барои таҳдиди паҳн кардани аксҳои маҳрамонаи як мард
Таҷҳизоти гармидиҳӣ насб мекунед ва ё он кор намекунад? Ба куҷо ё кӣ метавон муроҷиат кард?
Дотситонӣ амри тахриби ду бинои навсохт дар Душанберо додааст
Марги чаҳор сарбози Исроил дар пайи ҳамлаи “Ҳизбуллоҳ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста