ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
- Имрӯз, соати 17:00 дар “Кохи Суруш” Муҳсин Ибороҳимзода, сарояндаи маъруфи эронӣ консерт доир мекунад. Арзиши чипта барои консерти ӯ аз 400 то 600 сомонӣ аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1993 – Раёсати Комиссари олии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар бораи ҳуқуқи инсон таъсис ёфт.
Соли 1994 – Дар корхонаи “Бодом”-и Конибодом нахустин велосипеди истеҳсоли Тоҷикистон сохта шуд.
Соли 2001 – Дар Тоҷикистон сафоратхонаи Британияи Кабир ифтитоҳ гардид.
Соли 2002 – Вазорати адлия ба Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон шаҳодатномаи бақайдгирӣ дод.
Соли 2006 – Қонун дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи садамаи Нерӯгоҳи Барқии Чернобил зарар дидаанд, қабул шуд
Соли 2013 – Дар Душанбе Маркази миллии тестӣ кушода шуд. Аз он вақт инҷониб тартиби қабул ба коллеҷу донишгоҳу донишкадаҳо тариқи ин марказ сурат мегирад.

Соли 2018 – Ӯзбекистон шартномаи шарикии стратегӣ бо Тоҷикистонро тасдиқ кард.
Соли 2022 – Дар шаҳри Душанбе корхонаи “Қолинҳои Душанбе” мавриди истифода қарор гирифт.
Соли 2023 – Тоҷикистон ва фонди ОПЕК барои маблағгузории 18 миллион доллар барои ду лоиҳа созишнома имзо карданд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1915 – Зодрӯзи Назаршо Додхудоев, раиси пешини Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон.

Ӯ солҳои гуногун ба ҳайси раиси Президиуми Шӯрои Олӣ, раиси Шӯрои вазирони ҶШС Тоҷикистон ифои вазифа намудааст. Тақдири ин мард бо тақдири Тоҷикистон сахт пайванд буд. Маҳз дар давраи роҳбарии ӯ сохтмони Нерӯгоҳи барқии обии “Норак”, корхонаи алюминии Турсунзода ва корхонаи кимиёвии Ёвон ба нақша гирифта шуда, бунёдашон аз ҳисоби буҷаи умумииттифоқӣ оғоз ёфт.
Дар ин давра таҳкурсии корхонаи маъдани "Анзоб" гузошта шуд ва бинои боҳашамати "Қасри Арбоб"-ро дар вилояти Суғд сохтанд.
Ӯ то охири умр дар меъмори давлати тоҷикон талош кард ва 30-юми июни соли 2000 дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1915 – Мавлуди Ғулом Алиев, олими соҳаи байторӣ, арбоби давлатӣ, академики АМИТ.
Соли 1924 – Зодрӯзи Саъдинисо Ҳакимова, доктори улуми тиббӣ, муассис ва нахустин директори Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак.
Соли 1925 – Мавлуди Ҳамид Мансуров, доктори илмҳои тиб, мудири пешини Институти гастроэнтерология.

Ҳамид Мансуров фориғуттаҳсили техникуми тиббии шаҳри Самарқанд ва Институти тиббии Самарқанд ба номи Павлов аст. Ӯ як муддат дар кафедраи терапияи госпиталии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино кор карда, солҳо мудири ин кафедра буд.
Ӯ ҳамзамон ҳамчун директори Институти тадқиқоти илмии тиббӣ, ки минбаъд ба Институти гастроэнтрологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон табдил дода шудааст, кор мекард.
Беш аз 10 сол раиси комиссияи омӯзиши захираҳои гиёҳҳои табобатии Тоҷикистон буд. Солҳои 1990-1995 ба сифати ноиби президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон кор мекард.
Ӯ 25-уми августи соли 2013 дар синни 88 аз олам даргузашт.
Соли 1933 – Мавлуди Бобо Насриддинов, нависандаи тоҷик.

Бобо Насриддинов яке аз нависандагони забардаст буда, “Чароғҳои пули сангин”, “Дар зери осмони кабуд”, “Ҷуфти ситора”, “Акси садо”, “Ман фарзанди туам” аз асарҳои маъруфтарини ӯ маҳсуб меёбанд.
Ӯ дар жанрҳои ҳикоя, очерк, қисса, повест асарҳо офарида, дар навиштаҳояш барои тасвири ҳақиқати зиндагии мардум талош кардааст. Бобо Насриддинов дар драматургия ва тарҷумонӣ низ хома озмудааст.
Соли 1945 – Мавлуди Сафармуҳаммад Айюбӣ, шоир ва драманависи тоҷик.

Сафармуҳаммад Айюбӣ аз сухансароёни нуктасанҷест, ки асосан бо эҷоди асарҳои саҳнавӣ дар адабиёти тоҷик номи худро сабт кардааст. Ӯ муаллифи беш аз 200 асари саҳнавӣ буда, беш аз 40 адади онҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он саҳнагузорӣ шудаанд.
Ӯ таҳсилкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, рӯзноманигорӣ нкардааст. Як муддат сармуҳаррири шуъбаи фарҳангу адабиёти телевизиони "Сафина", сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанг ва мудири шуъбаи фарҳанги шаҳрдории Душанбе будааст.
Айюбӣ муаллифи маҷмӯаҳои “Гули гандум”, “Роҳи сафар”, “Шохаи барқ”, “Фалаки роғӣ”, достонҳои “Хоҳиши дарё”, “Мунзим”, “Вафои Зарробӣ”, “Маснавии мирӣ” ва “Шаҳриёрнома” аст.
Сафармуҳаммад Айёбӣ 22-юми феврали соли 2011 аз олам даргузашт.
Соли 1946 – Зодрӯзи Амиршо Миралиев, раиси пешини вилояти Хатлон, собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон.

Амиршо Миралиев яке аз сиёсатмадорони барҷастаи тоҷик буда, солҳои зиёд дар мақомҳои роҳбарикунанда фаъолият бурдааст, аз ҷумла солҳо роҳбари дастгоҳи Президенти Тоҷикистон, муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон буд.
Номбурда соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагони маҷлиси олӣ буд ва соли 2015 ба далели бознишастагӣ ба вакилӣ пешниҳод нагардид.
Ӯ 6-уми декабри соли 2023 дар яке аз бемористонҳои Истанбул баъди ҷарроҳии бемории сутунмуҳра аз олам даргузашт.
Оид ба шахсият ва фаъолияти сиёсии Амиршо Миралиев дар маводи “Чеҳраи калидӣ дар ҳукумат ва яке аз ҳамроҳони содиқи Эмомалӣ Раҳмон. Амиршо Миралиев кӣ буд? маълумот бигиред.
Соли 1958 – Зодрӯзи Лутфулло Давлатов, собиқ директори ТВ "Сафина"

Лутфулло Давлатзода хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати ба номи Мирзо Турсунзода буда, муддате дар Театри драмаи мусиқии Конибодом кор кардааст. Баъди хидмати ҳарбӣ, аз соли 1981 ҳунарпешаи Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ буда, солҳои 2004-2009 сармуҳаррири идораи мусиқии Телевизони Тоҷикистон, солҳои 2010-2015 директори Телевизиони "Сафина" ва аз соли 2015 то соли 2022 директори Театри Лоҳутӣ буд.
Ӯ ҳунарпешаи театр ва синамо низ буда, бо офаридани нақшҳои ҷолиб дар саҳнаи ҳунарӣ тоҷик мавқеи махсус касб кардааст. Давлатзода дар аксари филмҳои маъмули кишвар, чун “Гирдоб”, “Дар орзуи падар”, “Пой дар гил”, “Беҳуда хорам мекунӣ” нақш офаридааст. Дар театр бошад, дар намоишномаҳои “Вопасин арӯси Амиралмӯъминин”, “Эдип”, “Фарёди ишқ”, “Дод аз дасти ақл”, “Дохунда” ҳунарнамоӣ кардааст. Ӯ истеъдоди сарояндагӣ низ дорад.
Соли 1967 – Зодрӯзи Ҷобиршо Хубоншоев, ҳунарпешаи тоҷик.
Соли 1961 – Мавлуди Убайдулло Қурбонов, ҷарроҳи тоҷик
Соли 1948 – Мавлуди Абдуқаҳҳор Раҳимов, ихтироъкори тоҷик.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии ҳамбастагии одамон ҷашн гирифта мешавад. Мақсади он ягонагии эътиқод ва амал, кӯмак ва дастгирии мутақобила, манфиатҳои умумӣ ва расидан ба ҳадафҳои оммавӣ гуфта мешавад.

Маҳз дар ин рӯзи соли 1699 Петр I, подшоҳи Русия фармони гузариш ба солшумории нав ва интиқоли ҷашни аввали солро аз 1 сентябр ба 1 январ имзо кард. Қаблан, соли нав дар моҳи сентябр оғоз мегардид.

Имрӯз дар аксар кишварҳои пасошуравӣ Рӯзи кормандони мақомоти амниятӣ таҷлил мешавад. Зеро 20-уми декабри соли 1917 аввалин ниҳоди амнияти давлатӣ дар даврони шӯравӣ таъсис ёфта буд. Ин рӯз то ҳол дар Қирғизистон, Арманистон, Белорус ва Русия таҷлил мешавад.

Дар Тоҷикистон бошад, 28-уми декабр Рӯзи кормандони мақомоти амниятӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин фармон соли 2011 бо фармони раисҷумҳури Тоҷикистон ба хотири таҷлили солгарди таъсиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон таъсис ёфтааст.
20-уми декабри соли 2000 парлумони Бритониё нусхабардории биологиро танҳо бо мақсадҳои тиббӣ иҷоза дод. Бо ин тартиб, Бритониё аввалин кишвари ҷаҳон гардид, ки дар он нусхабардории биологии ҷанини инсон қонунӣ гардонида шуд. Ҳуҷайраҳои ҷанин бояд барои мубориза бо бемориҳои вазнин саратон ва бемории Паркинсон истифода мешуданд. Аввалин ҳайвони ширхӯри нусхабардории биологишуда дар ҷаҳон гӯсфанди Долли буд.

Соли 1997 ЮНЕСКО Эъломияи умумӣ оид ба геноми инсон ва ҳуқуқҳои инсонро қабул кард, ки нусхабардории биологии инсонро манъ намуда, назорати қатъии давлатро алайҳи ҳамаи таҷрибаҳо дар ин самт таъкид мекунад. Дар бисёре аз кишварҳо истифодаи технологияи ин амал нисбат ба инсон манъ буда, тибқи қонун ҷазо дода мешавад.
ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, барф борида, дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 0-5º сард, рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 0-5º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2-7º сард, рӯзона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 0+5º гарм, рӯзона 2+7º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 2+7º гарм, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард, рӯзона 0+5º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борон ва барф ва баъзе минтақаҳои шарқӣ барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 2+4º гарм, рӯзона 2+7º гарм, дар шарқи вилоят шабона 9-14º сард, дар баъзе минтақаҳо то 17-19º сард, рӯзона -4+1º.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 0+2º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 2-4º сард, рӯзона 7+9º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 5+7º гарм.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста