Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пойтахти кишвар Театри миллӣ таъсис дода шудааст. Ин театри комилан нав аст ва дар назди Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур фаъолият мекунад, вале ҳоло бино надорад.

Дар ин хусус рӯзи 1-уми декабр фармони раисҷумҳур баромадааст ва дар он супориш шудааст, ки Вазорати молияи Тоҷикистон ҷиҳати маблағгузории фаъолият ва нигоҳдории Театри миллӣ чораҷӯйӣ намояд. Театри миллӣ аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, маблағгузорӣ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон бо ин фармон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволро масъул кардааст, ки то ба истифода додани бинои Театри миллӣ ҳайати онро муваққатан бо бино таъмин кунад.

Бояд гуфт, ки хишти аввали бинои Театри миллӣ соли 2015 гузошта шуда, дар ин миён, соли 2017 сохтмони ин бино бо сабаби ҷой доштани мушкилиҳои молӣ боздошта шуд. Моҳи июли соли 2024 сохтмони Театр аз нав оғоз гардид ва то кунун сохтмонаш ба итмом нарасидааст.

Дар ҳамин ҳол, талошҳои мо барои дақиқ кардани роҳбарият ва ҳайати эҷодии Театри миллӣ бенатиҷа анҷомид. Аз ҷумла, аз Дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳур дар ин маврид маълумот дастрас карда натавонистем.

Аз Раёсати санъати Вазорати фарҳанг, ки масъули пешбари театрҳои кишвар низ ҳаст, гуфтанд, ки дар ин маврид иттилоъ надоранд. Аз бахши матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол ҳам ба зангҳои мо посух надоданд, то дар мавриди таъмини бино пурсон шавем.

 

“Ҷашни 35-солагии истиқлол дар бинои Театри миллӣ мегузарад”

Абдукарими Машраб, роҳбари Театри Лоҳутӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки дар мавриди таъсиси Театри миллӣ хабар надорад, вале огоҳ аст, ки ҷашни 35-солагии истиқлол дар бинои нави он баргузор мешавад.

 “Ҳоло дар бораи тахриби Театри Лоҳутӣ ҳам дастуре нашудааст. Маълум нест, ки мо дар бинои худ мемонем ё ба бинои нави Театри миллӣ мекӯчем. Фақат театри мо барои сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии истиқлол ҷалб шудааст, ки он дар бинои нави Театри миллӣ баргузор мешавад”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Роҳбари Театри Лоҳутӣ афзуд, намедонад, ки дар сурати таъсиси Театри миллӣ ҳайати ҳунармандони театраш тақсим мешаванд ё на. Дар мавриди роҳбарият ва ҳунармандони Театри миллӣ ҳам изҳори бехабарӣ кард.

 

Акс аз муаллиф
Абдукарим Машрабов

Аз умед то нигаронии ҳунармандон

Бояд гуфт, миёни ҳунармандон ҳарфу ҳадисҳое ҳаст, ки пас аз ба истифода додани бинои нави Театри миллӣ ҳамаи театрҳо дар як бино ҷамъ оварда мешаванд.

Қурбони Собир, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, дар мавриди таъсиси Театри миллӣ хабар надорад, вале аз шоеоти ҳамаи театрҳои пойтахтро дар як бино ҷамъ овардан изҳори нигаронӣ кард.

“Мо аз таъсиси Театри миллӣ бисёр хурсандем ва умед дорем, ки заминаи рушди театри миллӣ ва муаррифгари фарҳангу ҳунари мо дар дохилу хориҷ мешавад. Вале ҳамаи театрҳои пойтахтро дар бинои Театри миллӣ ҷамъ овардан, агар рост бошад, кори дуруст нест. Ин боиси рукуди санъати театрӣ мешавад”, - изҳор дошт ҳунарпешаи шинохта.

Панҷ соли пеш Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дар мусоҳибае бо мо дар мавриди ҳамаи театрҳоро дар як бино ҷамъ овардан ҳам изҳори нигаронӣ карда буд.

“Ҷамъ овардани ҳамаи театрҳо дар як бино бузургтарин ҷурм аст. Ҳамаи театрҳо, ки дар як ҷо ҷамъ шуданд, дигар рақобати эҷодӣ мемирад ва ба дигаршавии вазъ умеде намемонад”, - гуфта буд ҳунармешаи фақид.

 

Акс аз муаллиф
Қурбони Собир

Вазифаи Театри миллӣ чист?​​​​​​​

“Азия-Плюс” Оинномаи Театри миллиро дарёфт кард ва бо ҷузъиёти он ошно шуд. Тибқи он, роҳбари Театри миллиро раисҷумҳур ва муовини аввал, муовинон ва сармуҳосибро роҳбари Дастгоҳи иҷроия таъйин ва аз кор озод мекунанд. Роҳбари Театри миллӣ танҳо ҳуқуқи ба кор пазируфтан ё ихроҷ кардани корномандонро дораду бас.

Дар боби 3-юм, банди 15-и оиннома зикр мешавад, ки Театри миллӣ дорои вазифаҳои зерин аст:

- нигоҳдорӣ ва инкишофи анъанаҳои санъати касбӣ ва тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ;

- офаридан ва ба тамошобинон пешниҳод намудани намоишномаҳои театрӣ ва барномаҳои консертӣ;

- баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии шаҳрвандон;

- муаррифии санъати театрии миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;

- ба таври пайваста мусоидат намудан бобати тайёр кардани мутахассисони соҳаи санъати касбӣ;

- ҷорӣ намудани шаклҳои мухталифи ҳавасмандгардонии моддиву молиявӣ барои инкишофи маҳорати касбии ҳунарпешагон, режиссёрон, композиторон, рассомон ва мутахассисони дигари соҳа;

- таъмини дастрасии инсон ва шаҳрванд ба Театр;

- баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар Театр;

- ташкили заминаи моддиву техникӣ барои гузаронидани намоишҳои театрӣ ва консертӣ;

- вазифаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

 

Бинои Театри миллӣ макони баргузории консерту чорабиниҳои фарҳангӣ​​​​​​​

Бинои Театри миллӣ ҳамчун “иншооти махсусан муҳим” ва “ганҷинаи мероси фарҳанги миллӣ” эътироф шуда, таҳти муҳофизати махсуси давлат қарор мегирад.

Тибқи Оиннома, дар бинои Театри миллӣ ба ҷуз ба саҳна гузоштани намоишҳо, инчунин барномаҳои консертӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд. Иҷозаи баргузории барномаҳои консертӣ ва чорабиниҳои фарҳангиро танҳо Дастгоҳи иҷроияи президент медиҳад.

Адами толори бузург барои баргузории консертҳо мушкили чандинсолаи овозхонон дар Тоҷикистон аст. Ҳоло толори бузургтарин ва мувофиқ ба барномаҳои консертӣ дар Душанбе толори Кохи Борбад аст, ки ҳудуди 2 ҳазору 300 ҷойи нишаст дорад. Аммо он ҳам таҳти назорати Дастгоҳи иҷроияи президент аст ва чанд сол боз овозхонон наметавонанд иҷозаи баргузории консерт дар ин маконро гиранд.

 

Лоиҳаи Театри миллӣ
Акс аз хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон

Акнун маълум нест, ки толори Театри миллӣ бо кадом шароит бино шудааст, то куҷо ба баргузори консертҳо мувофиқ аст ва барои ҳама овозхонон иҷозаи баргузории консерт дода мешавад ё танҳо он ҷо консертҳои давлатӣ мегузарад.

Баргузории консертҳо дар толори театрӣ дар Тоҷикистон кори нав нест. То ҳол бархе консерҳову чорабиниҳои фарҳангӣ дар толори Театри опера ва балет, Театри Лоҳутӣ ва Театри ҷанонон баргузор мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, бархе ҳунармандон аз баргузори консерту чорабиниҳои фарҳангӣ дар толори театр изҳори нигарнӣ доранд ва мегӯянд, ки дар баъзе ҳолат наметавонанд машқҳои театриро гузаронанд.

 

Театри миллӣ 7 ошёна мешавад​​​​​​​

Бинои нави Театри миллӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, 11, пайлӯи Боғи парчами миллӣ дар Душанбе ҷойгир аст. Тибқи лоиҳа, бинои он аз 2 ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд.

Ин театр, тибқи лоиҳа, аз 3 толори калон ва якчанд толору ҳуҷраҳои хурд иборат аст. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошанд. Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6 метр буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгиранд. Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам ҳуҷраҳои техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ муҷаҳҳаз мешавад.

Барои сохтмони Театри миллӣ 680 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Субҳи 13-уми сентябр дар қисме аз бинои Театри миллӣ, ки ҳоло сохтмони он ҷараён дорад, сӯхтор сар зад. Мақомот гуфтанд, оташгирӣ дар анбори нигоҳдории масолеҳи сохтмонии ин бино рух дода, гунаҳкор ва зарари расида муайян мешавад. То кунун дар бораи ин сӯхтор дигар маълумот расонаӣ нашуд.

Ёдовар мешавем, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 18 театри касбӣ, аз ҷумла 1 театр дар ВМКБ, 7 театр дар вилояти Суғд, 4 театр дар вилояти Хатлон ва 6 театр дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.