Душанбе. 29 апрел. «Азия-Плюс» - | Бо манъи содироти сӯзишвории Русия, Тоҷикистон ҳамоно аз ин маводи сӯхт танқисӣ намекашад, иддао дорад сардори шӯъбаи таҳлили авзои бозор ва таҳкими фаъолияти тиҷорати Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Бахтиёр Назирмадов.
«Тӯли як моҳе, ки Русия тасмим дорад содироти маводи сӯхтро аз давлат манъ кунад,захираи сӯзишвории кишварамон барои мо басанда аст», - изщор дошт ӯ зимни сӯҳбат бо «АП».
То ҳанӯз ягон ҳуҷҷати расмӣ дар ин хусус аз ҷониби давлати рус ба вазорат наомадааст. «Аз ду сар масъала баъди таҷлили чашни 1 май рушан мешавад», - афзуд Назирмадов.
Ба андешаи номбурда, гуфтушунидро бо намояндагони расмии Русия ба роҳ мондан лозим аст. «Фурсати он расида, ки масъаларо дар сатҳи болоӣ дида бароянд», - қайд кард мутахассис.
Гуфта мешавад, ки феълан ҳукумати Тоҷикистон масъаларо дар сатҳи мақомот ва вазоратҳои Федератсияи Русия баррасӣ мекунад.
Тавре Бахтиёр Назирмадов изҳор дошт: «Мо метавонем сӯзишвории Русияро бо туркманӣ иваз кунем, аммо ин амал ба нархи он таъсир хоҳад расонд. Дар ҳоли кунунӣ сӯзишвории Русия бар ивази 885 долар барои як тонна харидорӣ мешавад, нархи сӯзишвории туркманӣ 915 доллар барои як тона аст. Ба ҳар сурат бе бензин мо намемонем, танҳо нархаш каме бардошта мешавад».
Бар тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, дар се моҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон 141,3 ҳазор тонна сӯзишворӣ ворид намудааст, аз ҷумла 82,8 ҳазор тонна бензин ва 35,7 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ. Аз ин шумор 112 ҳазор тонна (79,3%) аз Русия, 22,5 ҳазор тонна аз Туркманистон ва 4,9 ҳазор тонна аз Қазоқистон ворид карда шудааст.
Ахиран муовини вазири энергетикаи Русия Сергей Кудряшов изҳор дошт, ки ширкатҳои нафтрасони Русия моҳи май барои муввақатӣ содироти сӯзишвориро манъ хоҳанд кард. Ба иттилои ВАО - и Русия ин иқдом ба хотири пур кардани бозори дохилии ин кишвар ба роҳ монда мешавад.
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
“Анора”. Чаро намоиши филме, ки “Оскар” гирифт, дар Ӯзбекистон манъ шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
proton10 май, 2011 13:22
ин тамом
Дильшод Хамидов6 май, 2011 14:34
Дехкони бечорара як су мону назари мардуми камбагал бош!
Зоиров М4 май, 2011 13:47
Дар мардум гап гап хаст гуё нархи сузишвори то ба 1литр 10 сомони мерасад,оё хукумати мамлакат барои пешгири кардани баландшавии нархи сузишвори ягон чорахои чидди андешида мешавад ё не.Худо накунаду агар кимат шавад пас холи дехкони бечора чи мешава?