Душанбе, 12-уми май. «Азия-Плюс» —Тибқи нақшаи пешбинишуда, арзиши маводи сӯзишвории ҶДММ «Газпромнефт-Тоҷикистон» боло рафт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз ширкати мазкур иттилоъ доданд, арзиши бензини навъи АИ-92 аз 4,80 то ба 5,25 сомонӣ ва сӯзишвории дизелӣ аз 5,60 то ба 5,85 сомонӣ барои 1 литр боло рафтааст. «Нархи бензини навъи АИ-95 аз 5,30 то ба 5,50 сомонӣ, АИ-98 аз 5,60 то ба 5,65 ва АИ-80 аз 4,70 то ба 4,95 сомонӣ афзоиш ёфт», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, ширкат Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистонро бобати болоравии нархи маводи сӯзишворӣ огоҳ сохта, сабаби онро ба афзоиши боҷи содиротӣ ба маводи сӯзишворӣ аз Русия шурӯъ аз 1-уми майи соли ҷорӣ марбут донистааст. «То санаи 10-уми май мо арзиши маводи сӯзишвориро дар ҳолати пештара нигоҳ доштем, вале бо ворид шудани як миқдор сӯзишвории тоза мо аллакай ба ин қодир нестем, зеро маводи сӯзишвории тозаворид ба Тоҷикистон бо назардошти боҷҳои нави содиротӣ амалӣ карда мешавад», - гуфтанд дар ширкат.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти зиддинҳисории чумҳурӣ имкони мавчудияти қаллобӣ ва беасос болоравии нархи маводи сӯзишвориро аз эҳтимол дур намедонад. «Аксари фурӯшандагон ба таври яклухт маводи сӯзишвориро аз таъминкунандагон харида, онро ғайриқонунӣ бо нархи баланд ба фурӯш мегузоранд», - иброз дошт як манбаъ аз хадамоти мазкур.




Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста