Душанбе. 20-уми июл. Азия-Плюс – Чанде қабл зимни суханронӣ дар ҷаласаи байнидавлатии шӯрои нахуствазирони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё сарвазири Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки Тоҷикистону Қирғизистон низ манфиатдор будани худро дар узвият ба Иттиҳоди гумрукии Белорусу Русия ва Қазоқистон изҳор кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Путин ҳамчунин зикр кардааст, ки бобати баргузории машваратҳо ва пайдо кардани роҳҳои мусоиди ба узвият пазируфта шудани ин кишвархо бо котиботи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ва сохторҳои дахлдори Иттиҳоди гумрукӣ мувофиқа ҳосил шудааст.
Нахуствазири Русия ҳамчунин гуфтааст, таҳияи шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё бояд то 1-уми январи соли 2013 ба анҷом расида, ташкили чунин иттиҳод ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои дигар, иттиҳодияҳои байнулмилалӣ ва минтақавӣ бо шумули Иттиҳоди Аврупоро таъмин карда, минбаъд ба таъсиси фазои ягонаи иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард.
Ёдрас мекунем, ки моҳи марти соли равон нахуствазири Қирғизистон Алмазбек Атамбаев изҳор дошта буд, ки Қирғизистон хоҳ нохоҳ бояд ба Иттиҳоди гумрукӣ ва Фазои ягонаи иқтисодии Русияву Қазоқистон ва Белорус бипайвандад, зеро «дар марҳилаҳои аввал барои Қирғизистон душвор гардад ҳам, вале минбаъд бо пайвастан бо кишварҳои ҳамсояву дӯст иқтисоди кишвар рӯ ба афзоиш хоҳад ниҳод».
Дар ҳамин ҳол, чанде қабл муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди президенти Тоҷикистон Неъмат Раҳмат дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошта буд, ки Тоҷикистон ба узвияти Иттиҳоди гумрукӣ танҳо баъди ба он пайвастани Қирғизистон пазируфта хоҳад шуд, зеро яке аз шартҳои ҳатмии пайвастан ба он мавҷуд будани марз бо кишварҳои узви он мебошад.




Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста