Душанбе, 26-уми май. «Азия-Плюс» – | Ҳукумати ИМА тавассути Барномаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об (БДИИО), ки аз ҷониби Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, ба Федератсияи иттиҳодияҳои истифодабарандагони оби «Сароб» экскаватори чархдор тақдим намуд.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, директори минтақавии USAID дар Тоҷикистон Ҷеффри Лерер, ҷонишини раиси ноҳияи Қубодиён Эргашев Зиёдали, роҳбари шӯъбаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони обӣ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои об Эшмирзоев Исмат, намояндагони иттиҳодияҳои истифодабарандагони об (ИИО) ва кормандони БДИИО дар маросими супурдани экскаватор иштирок намуданд.
Соли 2010 шаш иттиҳодияи истифодабарандагони оби нохияи Қубодиён ҷамъ омаданд, то ки рохҳои идоракунӣ ва дар ҳолати корӣ нигоҳдории шабақаҳои обёриро тавассути Федератсияи ИИО муҳокима намоянд. Барномаи USAID оид ба дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об ин иқдомро дастгирӣ намуд ва барои ташкил намудани Федератсияи ИИО «Сароб», ки 5 ноябри соли 2010 ба қайд гирифта шуд, кўмаки худро расонд. Баъди гузаронидани марҳилаҳои дарозмуддати баҳогузорӣ ва як қатор вохӯриҳо бо Федератсия, USAID барои таъмиркунӣ ва тозакунии чўйборҳо ва заҳкашҳо ба деҳқонон экскаватори чархй тақдим намуд.
Барномаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об ба деҳқонони тоҷик баҳри беҳтаргардонии усулҳои идоракунии об, ки ба баландшавии ҳосилнокии зироатҳои хоҷагии қишлоқ мусоидат мекунад, ерии амалӣ мерасонад. Махз комёбиҳои ин Барнома боиси Ҳамкории боз ҳам зичтари иттиҳодияҳои истифодабарандагони об ва дигар истифодабарандагони об гардид.
Барнома 52 иттиҳодияи истифодабарандагони об ва 4 ФИИО-ро дар ноҳияҳои Рўдакй, Ваҳдат, Қубодиён, Ҷиликул, Қумсангир, Шаҳритуз, Зафаробод, Рўшон, Роштқалъа ва Спитамен ташкил дода, дастгирй намуд.
Дар чорчўбаи Барномаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об USAID барои сохтмон ва таҷҳизонидани 31 утоқи кории ИИО, барқароркунии 761 дарвозаҳои обтақсимкунй, тоза намудани 170 км чўйборҳо ва 160 км заҳкашҳо, сохтмони 1,3 км ҷўйборҳои нав ва харидории 3 дона трактори нав барои ИИО грант ҷудо намуд. Дар шароити бўҳрони озуқаворй, ки зимистони қаҳратуни солҳои 2007-2008 ба вуқўъ омад, USAID тавассути Барномаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об 600 тонна тухмии гандум ва 660 тонна нурии минералй ба кишвар ворид намуд ва байни деҳқонон тақсим кард. Маросими супурдани техникаи хоҷагии қишлоқ марҳилаи охирини фаъолияти бомуваффақияти Барномаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об
Барномаи дастгирии иттиҳодияҳои истифодабарандагони об яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакдиҳандаи USAID мебошад. Аз соли 1992 инҷониб Сафорати ИМА дар Душанбе зиёда аз 984 миллион доллари ИМА-ро ба барномаҳои кӯмакдиҳандаи рушди ниҳодҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ, маориф ва иктисодиёти Тоҷикистон таъмин кардааст.
“Баҳси раводид ҳал шуд”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Эрон пурра лағв гардид?
Истеҳсолкунандаи 10 дарсад барқи Тоҷикистон. Аз мавриди истифода қарор гирифтани НБО “Сангтӯда-1” 17 сол пур шуд
Кор дар Литва. Киҳо метавонанд муроҷиат кунанд ва маош чӣ қадар аст?
“Тафсир”: Бозгашт ба “рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Баъд аз 5-уми феврал барои муҳоҷирон чӣ тағйир меёбад?
Парвози нахустини хатсайри Душанбе-Панҷакент-Душанбе боз ба таъхир афтод
Боздошти як ҷавони 22-сола барои пахш кардани корманди БДА
Оташбас дар Ғазза. ҲАМОС 3 гаравгон ва Исроил 90 зиндонии фаластиниро озод карданд
UFC: Пирӯзии Муин Ғафуров бар размикори ҷопонӣ
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи Маҷнун ба хурдагирон”
Лимони Тоҷикистон ва саҳми он дар иқтисоди кишвар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста