Душанбе. 2-юми июн. «Азия-Плюс» — |Рӯзҳои 7-8-уми июни соли ҷорӣ дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникии Туркманистону Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа баррасии масъалаи вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар бахши энергетика дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, ки масъалаи афзоиши ҳаҷми воридоти маводи сӯзишворӣ аз Туркманистон ба кишвари мо низ мавриди баррасӣ қарор гирад. «Баррасии масъалаи таҳкими минбаъади ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, коммуникатсия ва фарҳанг низ ба нақша гирифта шудааст», - гуфтанд дар вазорати мазкур.
Зикр гардид, ки ҳайати Тоҷикистонро дар ин ҷаласа вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ сарварӣ хоҳад кард.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар зарфи чаҳор моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон Туркманистон 39,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта қариб ду баробар зиёд аст.
Дар моҳҳои январ-апрели соли равон ба Тоҷикистон аз Туркманистон дар ҳаҷми 38,9 млн. доллари ИМА маҳсулот ворид гардида, ҳаҷми маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба ин кишвар 600 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Барои касбият, ҷасорат ва ҳақиқат. Хонандагон ҳафтаномаи “Азия-Плюс”-ро барои чӣ мехонанд ва дӯст медоранд?
Арабистони Саудӣ ба 35 ҳазор сокини Тоҷикистон кумаки молӣ мекунад
НАВШУДА. Вазири меҳнату раиси Оҷонсии нафақа аз мансаб озод шуданд. Бозхонди Шермуҳаммад Шоҳиён аз раисии Додгоҳи олӣ
Нуриддин Саид аз вазифа барканор ва Носир Саид раиси нави Кумитаи телевизион ва радио шуд
Аз эълони вазъи фавқулода то ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ. Доналд Трамп баъди савгандёдкунӣ корро аз чӣ оғоз кард?
Ҷудокори навраси тоҷик аз Ҷоми Африқо медали тилло ба даст овард
Кӣ ва ё чӣ ба рушди тиҷорат дар Тоҷикистон халал мерасонад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Посухи боғбон ба дузди ҷабрӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 январи соли 2025
Ба зоирон ҳам дахл дорад. Як талаби ҳатмии Арабистон аз мусофироне, ки ба ин кишвар мераванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста