Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Вазири молияи Русия Алексей Кудрин гуфт, Брнки рушди Авруосиё ба Арманистон 60 млн. ва Тоҷикистон 70 млн. $ маблағ сармоягузорӣ мекунад.
Зимни суханронӣ дар нишасти матбуотӣ пас аз мулоқоти вазирони молияи кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Киев вазири молияи Русия Алексей Кудрин изҳор дошт, ки дар сурати ба фонди зиддибӯҳронии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕвраЗЭС) ҳамроҳ шудан, ҳамаи кишварҳои узви иттиҳод метавонанд аз захираҳои он, ки беш аз 8 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, маблағ дастрас намоянд.
«Сарони кишварҳои Русияву Қазоқистон ба ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ворид шудан ба фонди зиддибӯҳрониии ЕврАзЭС-ро пешниҳод намуданд, зеро танҳо дар ин сурат онҳо метавонанд аз ҷониби фонд дастгирӣ ёбанд. «Барои ҳамроҳ шудан ба фонд «саҳмгузории рамзии ҳамагӣ 1 млн. $ маблағ» кофӣ аст», - гуфт ӯ.
Кудрин таъкид сохт, ки масъалаи узвият ба Бонки рушди Авруосиё (БРАО) низ ба ҳамин гуна аст ва ба тамоми кишварҳои узви ИДМ пешниҳод шудааст, ки чун саҳҳом узвияти худро ба он тасдиқ намоянд. «Дар бораи татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ дар Қазоқистон ба маблағи 980 млн. $ аллакай тасмим гирифта шуда, боз як дархости Қазоқистон бобати сармоягузорӣ дар ҳаҷми беш аз 4 млрд. $ мавриди ҳаллу фасл қарор дорад», - иброз дошт ӯ.
Вазири молияи Русия гуфт, аз ҷониби БРАО ба Арманистон 60 млн. ва Тоҷикистон 70 млн. $ маблағ сармоягузорӣ карда мешавад.
Тоҷикистонро дар мулоқоти мазкур вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов намояндагӣ кард. Дар мулоқоти мазкур баррасии масоили вазъи иқтисодии кишварҳои узви иттиҳод ва кӯмаки молиявӣ ба Белорус дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дошт.
Ёдрас мекунем, ки Фонди зиддибӯҳронии ЕврАзЭС соли 2009 дар айёми афзоиши бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ баҳри кӯмак ва дастгирии кишварҳои узви иттиҳод таъсис дода шуда, айни замон қариб 9 млрд. доллари ИМА маблағ дорад ва ояндаи наздик Русия ҳаҷми онро боз ба 500 млн. доллари ИМА афзуданист.
Бонки рушди Авруосиё бо ташаббуси сарони кишварҳои Русияву Қазоқистон соли 2006 таъсис ёфта, моҳи апрели соли 2006 Арманистон, моҳи июни соли 2009 Тоҷикистон ва моҳи июни соли 2010 Белорус ба узвияти он пазируфта шуданд. Сармояи оинномавии БРАО 1,5 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста