Душанбе. 16-уми июн. «Азия-Плюс» — | Ҳукумати Қирғизистон оид ба масоили қочоқи маводи сӯзишворӣ ба Тоҷикистон аз вилояти Ботканд як комиссияи махсус таъсис дод.
Тавре дар сомонаи расмии ҳукумати Қирғизистон ( www.gov.kg ) хабар дода мешавад, чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби мубориза алайҳи қочоқи маводи сӯзишворӣ ба хориҷи кишвар пеш гирифта шуда, аъзои комиссияи тозатаъсис имрӯз баҳри омӯзиши дақиқи масъала ба вилояти Ботканд сафар хоҳанд кард.
Ҳамчунин ҳукумати Қирғизистон бобати ба муддати 6 моҳ манъ кардани ба хориҷи кишвар баровардани маводи сӯзишворӣ низ қарор қабул кард. «Қарори мазкур бо мақсади пешгирии ба вуҷуд наомаднаи норасоии шадиди он дар бозори дохилӣ қабул карда шуд», - гуфта мешавад дар хабари сомона.
Бино ба иттилои хабаргузории www.24kg.org вакили парлумони Қирғизистон Азамат Арапбоев дар робита ба ин масъала изҳор доштааст, ки ин мушкилоти марзбонон аст, зеро миёни Тоҷикистону Қирғизистон ба маънии томаш марзи воқеъие вуҷуд надорад.
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Арзиши хидматрасониҳои муассисаҳои хусусии томактабии Тоҷикистон пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 марти соли 2025
Гузаргоҳҳои сарҳадӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон: харита ва реҷаи кори онҳо
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста