Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар Вазорати молияи ҷумҳурӣ ҷаласаи нахустини Комиссия оид ба таҳияи Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири нав доир гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати молияи кишвар иттилоъ доданд, дар ҷаласа нақшаи чорабиниҳо оид ба таҳияи Кодекси нави андоз ва масоили тадорукотӣ баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни ҷаласа ба як қатор бандҳои нақшаи чорабиниҳо ва мӯҳлати иҷрои он аз ҷониби аъзои комиссия пешниҳоду тавсияҳо шуда, бо назардошти пешниҳод, тағйирот ва иловаҳо, нақшаи кори комиссяи тасдиқ карда шуд. «Раиси комиссия, вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов аъзои комиссияро бо ӯҳдадориҳояшон ошно сохта, таҳияи Кодекси нави андозро барои рушди кишвар муҳим арзёбӣ намуд», - гуфтанд дар вазорат.
Вазири молия аз аъзои комиссия даъват кард, ки дар ҷараёни кор ҷиҳати ҳалли ҳарчи зудтари вазифаҳои гузошташуда бо истифода аз суроғаҳои электронӣ ва сомонаҳои вазорату идораҳо кӯшиш ба харҷ диҳанд, то ки чорабиниҳо хушсифат ва саривақт ба иҷро расанд.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста