Конибодом. 12-уми июл. «Азия-Плюс» — | Соли равон дар Конибодом истифодаи маблағҳои асосӣ дар ҳаҷми 6,033 млн. сомонӣ ба иҷро расидааст, ки 119,1%-и нақшаро ташкил дода, 6 млн. сомонии он ба корҳои сохтмону насб рост меояд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи сохтони асосии маъмурияти маҳаллӣ хабар доданд, дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми корҳои пудратӣ 1 млн. 720 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 маротиба бештар аст.

Айни замон аз 21 иншооти ба муносибати ҷашни истиқлол пешбинишуда 5 иншоот – матбааи хусусӣ, ду чойхона ва ду маркази савдо ба истифода дода шудаанд. Сохтмони беморхонаи деҳот барои 40 ҷой, мактаб барои 1 ҳазор нафар хонанда, навбати чоруми маркази шаҳрии солимӣ босуръат идома дорад. Ин иншоот аз ҳисоби воситаҳои ҳукумати вилоят ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бунёд мегардад.

Ғайр аз ин, дар остонаи ҷашн ҳамчунин Маркази хизматгузорӣ барои автомобилҳо, чойхона, марказҳои тиҷоратӣ, бозори масолеҳи сохтмон, бинои «Бонки Эсхата», маркази аксбардорӣ ва нуқтахои фурӯши маводи сӯзишворӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.