Душанбе. 13-уми июл. «Азия-Плюс» — | Саридораи геологияи ҷумҳурӣ ба ҳукумати Тоҷикистон барои имзо иҷозатномаи «Ширкати саноати кӯҳкории Тоҷикистону Чин»-ро ҷиҳати омӯзиши геологии кони сурбу руҳи «Зарнисори Шимолӣ» ирсол кардааст.
Зимни нишасти хабарӣ сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим изҳор дошт, ки миёни Хадамоти геологии Вазорати замин ва захираҳои Чин ва Саридораи геологияи ҷумҳурӣ оид ба баргузории корҳои муштарак ҷиҳати омӯзиши геологии минтақаҳои наздимарзӣ шартнома ба имзо расидааст. «Айни замон корҳои саҳройӣ оғоз гардида, роҳандозии чунин ҳамкориҳо бо хадамоти геологии кишварҳои дигар низ дар ҳоли рушд аст», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, А.Иброҳим зикр намуд, ки барои бозпас гирифтани иҷозатномаи ҶДММ «Марвис», ки дар минтақаи шимоли кишвар ба ҷустуҷӯйи нафту газ машғул аст, тамоми ҳуҷҷатҳо омода карда шудаанд. «Пас аз дастрас намудани хулосаҳои вазорату идораҳои дахлдор ин ҳуҷҷатҳо ба ҳукумат пешниҳод карда мешаванд», - иброз дошт вай.
Номбурда афзуд, дар нимсолаи авали соли равон иҷозатномаи ҶДММ «Нурафзои Ширин», ки ба ҷустуҷӯйи кони ангишти сангӣ машғул буд, низ бозпас гирифта шудааст.




Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ишқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Зукоми “ҳонконгӣ”. Вазорати тандурустӣ гуфт, ин беморӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст, аммо ҷойи нигаронӣ нест
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста