Душанбе. 15-уми июл. «Азия-Плюс» — | Мудири иҷроияи Бонки таҷдиду рушди Аврупо оид ба Туркия, Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Оливйе Декамп имрӯз бо сафари серӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии бонки мазкур дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни сафар О.Декамп бо сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунид анҷом хоҳад дод, ки дар он вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории дуҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.
«Аз ҷумла, баррасии масоили вазъи имрӯзаи иқтисоди Тоҷикистон, имконоти густариши фаъолияти бонк дар ҷумҳурӣ ва ҳамчунин масъалаи минбаъд ба кишвар ҷудо кардани воситаҳои молиявӣ дар назар аст», - гуфтанд дар намояндагии бонк.
Ба иттилои манбаъ, О.Декамп инчунин бо муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон, вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода низ мулоқот хоҳад орост.
«Ғайр аз ин, нимаи дуввуми имрӯз О.Декамп дар маросими баимзорасии созишнома дар бораи аз ҷониби Бонки таҷдиду рушди Аврупо ҷудо кардани хатти қарзӣ ба ҶСП «АксесБанк-Тоҷикистон» ширкат хоҳад варзид», - афзуд сарчашма.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста