Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли равон 11 млрд. 158 млн. 519 сомонӣ (беш аз 2,3 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5,2% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ дар ин давра 13% - ба бахши кишоварзӣ, шикор ва хоҷагии ҷангал, моҳипарварӣ ва моҳидорӣ, 13,1% - ба саноат бо шумули энергетика, 7,6% - ба сохтмон, 17% - ба нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбордорӣ, 0,5% - ба фаъолияти молиявӣ, амалиёт бо амволи ғайриманқул ва иҷора, 5,1% - ба идоракунии давлатӣ, суғуртаи иҷтимоии ҳатмӣ, 5% - ба маориф, 2,3% - ба соҳаи тандурустӣ ва пешниҳоди хизматгузориҳои иҷтимоӣ, 3,7% - ба пешниҳоди хизматгузории коммуналӣ, иҷтимоӣ ва шахсӣ ва 15,2% - ба андоз рост меояд.