Душанбе. 19-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон ҳудуди 80 млн. дона тухми мурғ истеҳсол гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта ба миқдори 15 млн. дона зиёдтар аст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори КВД «Паррандапарвар» Машокир Назаров хабар дод, афзоиши истеҳсоли тухм ба беҳбуди таъмини аҳолии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Душанбе бо тухми хушсифат ва гӯшти парҳезии мурғ мусоидат мекунад. «Дар пойтахт се нуқтаи фурӯши гӯшти мурғи хушсифат ва тухм бо нархҳои дастрас амал мекунанд», - гуфт ӯ.
М.Назаров мегӯяд, сол то сол талаботи аҳолӣ ба гӯшт ва тухми мурғ дар ҳоли болоравӣ буда, барои пурра қонеъ сохтани талаботи як нафар ҳамасола истеҳсоли 6 кило гӯшти парҳезии мурғ ва 220 дона тухм зарур аст. «Айни замон дар ҷумҳурӣ 23 корхонаи паррандапарварӣ амал мекунад, ки дар онҳо ҳудуди 1,5 млн. паррандаҳо парвариш карда мешаванд», - иброз дошт номбурда.
Қобили зикр аст, ки соли 2006 ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи рушди паррандапарварӣ барои солҳои 2007-2015-ро қабул намуд, ки он ба беҳбуди заминаи истеҳсолии корхонаҳои паррандапарварӣ, таъмини саривақтии бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ва роҳандозии содироти ин маҳсулот ба хориҷи кишвар мусоидат хоҳад кард.




Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста