Душанбе. 21-уми июл. «Азия-Плюс» — | ояндаи назди амалисозии лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода-марзи Ӯзбекистон, ки масофааш беш аз 60 километр аст, оғоз мегардад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази татбиқи лоиҳаҳо оид ба таҷдиди роҳҳои Тоҷикистон хабар доданд, сабаби аслии муддати се моҳ мутаваққиф шудани оғози татбиқи лоиҳа дар он аст, ки мебоист 300 хонаҳои дар канори роҳ воқеъбуда аз байн бардошта мешуд.
«Айни замон ин мушкилот ҳал гардида, соҳибони хонаҳо ба ҷойи дигар кӯчонида шуданд», - гуфтанд дар марказ.
Бино ба иттилои манбаъ, барои амалисозии лоиҳаи мазкур тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳудуди 186 млн. доллари ИМА ҷудо карда мешавад, ки 120 млн. $ - ҳиссаи Бонки осиёгии рушд, 39 млн. $ - саҳми Тоҷикистон ва 27 млн. $ - ҳиссаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аст.
Дар посух ба суоли он, ки оё ин роҳ пас аз таҷдид пулакӣ мешавад, манбаъ посухи мушаххасе надод. «Ба ҳалли масъалаи мазкур Марказ салоҳият надошта, ин ҳуқуқи мустаснои ҳукумат аст», - афзуд сарчашма.
Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикисто ҳам 13 номзад ба интихоботи порлумонӣ пешниҳод кард
Душанбе то куҷо ба зимистон омода аст?
Кафшергарон. Аввалин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик барои кор ба Корея мераванд
Суқути ҳавопаймои “Azerbaijan Airlines" дар Қазоқистон. Теъдоди ҳалокшудагон маълум нест
“Ягона роҳ, сохтани метро” Барҳамдиҳии гузаргоҳи пиёдагардон тамбашавии нақлиётро кам мекунад?
Буҷети ВМКБ дар соли 2025 қариб 2,5 баробар зиёд шуд
Сармуррабии нави “Равшан” кай ба Тоҷикистон меояд?
Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин дар бораи маорифу иқтисод ва амният суҳбат кард. Ҳарфе аз муҳоҷирон садо надод
Дилшод Назаров дигарбора раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон интихоб шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Шоҳзода ва пиразани ҷодугар”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста