Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ҳамоиши дуюми сармоягузорӣ оид ба агробизнес ба кор шурӯъ кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии Бонки таҷдиду рушди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳаи Бонки таҷдиду рушди Аврупо таҳти унвони «Барномаи кӯмаки молиявӣ ба бахши кишоварзии Тоҷикистон», Марҳилаи II дар ҳамдастӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, барномаи IFC TAFBEP ва дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо доир мегардад, ки онро Мактаби молия ва менеҷменти Франкфурт амалӣ месозад.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамоиши имсола таҳти шиори «Муттаҳид мешавем, то ки рақобатпазир бошем» баргузор шуда, имконоти сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд ва ба густариши ҳамкориҳои Тоҷикистон бо шарикони хориҷӣ оид ба агробизнес ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии ҷумҳурӣ мусоидат мекунад.
«Дар кори ҳамоиш беш аз 200 нафар намояндагони ширкатҳо аз Фаронса, Британияи Кабир, Испания, Швейтсария, Юнон, Афғонистон, Тунис, Туркия, Алҷазоир, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон ва Русия ширкат меварзанд, - гуфтанд дар намояндагии БТРА. – Ҳамчунин баргузории семинарҳову шиносоӣ бок ор дар саҳро низ дар назар аст».
Зимнан зикр гардид, ки дар Ҳамоиш намоишгоҳи маҳсулот ва хизматгузорӣ низ созмон дода мешавад. Ҳамоиш пагоҳ, 19-уми октябр, ба кори худ хотима мебахшад.



Даргирӣ печидатар ва доманаи он васеътар мегардад. Ховари Миёна дар рӯзи ҳафтуми ҷанг дар Эрон чӣ вазъ дорад?
"Hyundai Tajikistan" дар моҳи Рамазон иқдоми махсус эълон мекунад
“Пешрафти Эронро пешрафти худ ва нокомии Эронро нокомии худ медонем”. Назари чеҳраҳои сиёсиву адабии Тоҷикистон дар бораи ҷанг дар Эрон
Нархи гузаштан аз ташхиси тиббӣ дар Тоҷикистон барои гирифтани патент маълум шуд
Соли гузашта дар кишвар чанд дугоник, сегоник ва чоргоник таваллуд шудааст?
Моҳи феврал дар Осиёи Марказӣ ба таври рекордӣ гарм шуд. Паёмадҳои гармшавии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 41
Дар Тоҷикистон беш аз 3,5 ҳазор ширкату корхона бо сармояи хориҷӣ фаъолият мекардаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 марти соли 2026
Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста