Бо мақсади таъмини амнияту бехатарӣ, шурӯъ аз 30-юми октябри соли равон ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Шаҳристон, ки шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои водии Зарафшонро бо минтақаи шимоли ҷумҳурӣ мепайвандад, расман баста эълон гардид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД-и ҷумҳурӣ Муҳаммадҷон Назриев хабар дод, ҳаракати нақлиёт тавассути ағбаи Шаҳристон бинобар барфрезии шадид тайи се рӯзи ахир дар ин мавзеъ манъ карда шудааст.
Ба қавли номубрда, бинобар манъи ҳаракати нақлиёт, аз ду ҷониби ағба қатори бисёркилометраи мошинҳо ҷамъ омадаанд.
Дар ҳамин ҳол, санаи дақиқи иҷозати ҳаракати нақлиёт тавассути ағба маълум нест. «Хадамоти дахлдор ба корҳои тозакунии роҳ аз барф машгуланд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар фурсати наздиктарин ҳаракати нақлиётро барқарор созанд», - афзуд Назриев.




Гузориш аз “Шаҳри ҷаҳонии сӯзанидӯзӣ”. Қиссаи зане, ки бо сӯзану ришта нақш меофарад
Вазорати нақлиёт гуфтааст, теъдоде аз ширкатҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон талаботи иҷозатномадиҳиро риоя накардаанд
Оғози мулоқоти рӯ ба рӯ. Мансабдорони тоҷик ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд
Барқ дар Тоҷикистон гарон мешавад. Болоравии арзиши барқ ба зиндагии мардум чӣ таъсир мерасонад?
Шикасти футзалбозону пирӯзии футболбозони Тоҷикистон
Ҷазо барои “гурез” аз пардохти андоз ва чанд қоидавайронкунии дигари андоз сангинтар шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 январи соли 2026
Талош барои оғози зиндагии нав. Баъди як моҳи куштори Қобилҷон Алиев, модар ва додараш чӣ ҳол доранд?
Аз “лимит”-и барқ то интернети заиф. Мақомот монеаҳо дар татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушд - 2021-2025”-ро гуфтанд
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста