Муроҷиати расмии Росселхознадзор (мақомоти нозироти маҳсулоти кишоварзи Русия) дар бораи ба талаботи фитосанитарии Русия мутобиқат кардани маҳсулоти кишоварзии воридотӣ аз Тоҷикистон ба Русия, ки таҳти назорати карантинӣ қарор дорад, ба Хадамоти давлатии нозироти фитосанитарӣ ва карантини Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ворид нашудааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти мазкур Ворис Мадаминов хабар дод.
Мадаминов мегӯяд, Русия маҳсулоти кшоварзии Тоҷикистонро бидуни ҳеҷ мушкилот қабул мекард ва то имрӯз дар бораи риоя накардани талаботи меъёрҳои фитосанитарӣ чизе гуфта нашуда буд.
«Агар чунин ҳолатҳо ҷой дошта буданд, пас чаро моро саривақт аз он огоҳ насохтанд. Чаро танҳо имрӯз дар ин бора сарусадоҳо баланд шуданд», - гуфт ӯ.
Гузашта аз ин, ба қавли ӯ, маҳсулотеро, ки ба талаботи фитосанитарии ин кишвар ҷавобгӯ нест, Русия метавонист баргардонад ё нобуд созад. «Масалан, ба Тоҷикистон аз Ҳиндустон як миқдор тухми пунбадона ворид гардид, ки дар он навъҳои таҳти карантин қарордошта мавҷуд буд. Мо ин маҳсулотро нобуд кардем. Хадамоти дахлдори Руия низ ба чунин амал ҳуқуқ дорад», - изҳор кард Мадаминов.
Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти ВАО-и Русия, Росселхознадзор аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки мутобиқати маҳсулоти кишоварзии содиротӣ ба Русия ба талаботи меъёрҳои фитосанитарии Русияро таъмин созад. «Дар сурати акс, Маскав метавонад воридоти тамоми маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистонро муваққатан маҳдуд созад», - гуфта мешавад дар иттилои РИА «Новости» бо такя ба Росселхознадзор.




Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
“Беморон ранҷ кашиданд”. Нақли тоҷиконе, ки дар авҷи ҷанг аз Эрон ба Тоҷикистон баргаштанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста