Дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ дар майдони 13527 гектар замин кишти полезиҳо гузаронида шудааст. То 05.12.2011 ҳосили 13196 гектар замин ҷамъоварӣ карда шудааст. Нақшаи истеҳсоли полезиҳо 244234 тонна буда то имрўз 232620 тонна (95%) ҷамъоварӣ карда шудааст.

Тавре аз маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ҳосилнокӣ аз як гектар 176,3 сентнериро ташкил медиҳад. Дар вилояти Хатлон кишти полезиҳо ҳамагӣ дар майдони 8792 гектар гузаронида шуда, то имрўз ҳосили майдони 8764 гектар замин ҷамъоварӣ карда шудааст. Нақшаи истеҳсол бошад 153950 тоннаро ташкил дода айни замон 182560 тонна (119%) истеҳсол шудааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар 208,3 сентнериро ташкил медиҳад.

Дар вилояти Суғд кишти полезиҳо ҳамагӣ дар майдони 3979 гектар гузаронида шуда, ҳосили майдони 3800 гектар замин ҷамъоварӣ карда шудааст. Нақшаи истехсол бошад 77452 тоннаро ташкил дода айни замон 44764 тонна истеҳсол шудааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар 124,0 сентнериро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияи тобеи марказ кишти полезиҳо ҳамагӣ дар майдони 740 гектар гузаронида шуда, ҳосили майдони 616гектар замин ҷамъоварӣ карда шудааст. Нақшаи истеҳсол бошад 12582 тоннаро ташкил дода айни замон 5070 тонна истеҳсол шудааст. Ҳосилнокӣ аз як гектар 82,3 сентнериро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ дар майдони 16 ҳазору 028 гектар замин кишти картошка гузаронида шуда, нақшаи истеҳсоли картошка 351435 тоннаро ташкил медиҳад. То санаи 05.12.2011 майдони 15599 гектар ҷамъоварӣ карда шудааст, ки истеҳсол ба 305642 тонна (87%) баробар мебошад ва ин нишондод нисбати соли гузашта (2010) ба миқдори 73094 тонна зиёд гардидааст. Ҳосилнокӣ дар соли равон аз як гектар замин ба 195,9 сентнерӣ баробар мебошад.