Аз 1-уми январи соли 2012 Паҳнои воҳиди иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ, ки Русияву Белорус ва Қазоқистонро муттаҳид менамояд, ба кор даромад.
Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости, асноди ҷорӣ гардидани усулҳои ҳаракати озоди молу маҳсулот, сармоя ва нерӯи корӣ дар қаламрави кишварҳои узви Иттиҳоди гумрукӣ моҳи декабри соли гузашта аз ҷониби сарони ин кишварҳо ба имзо расида буданд.
Гуфта мешавад, тағйирот алҳол дар мақомоти фавқулмиллӣ – комиссияи Иттиҳоди гумрукӣ ба вуқӯъ пайваста, минбаъд онро Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ иваз мекунад. Созишномаҳо дар бораи усулҳои ягонаи сиёсати муҳоҷират имкон фароҳам хоҳад сохт, ки минбаъд реҷаи ҳаракати нерӯи корӣ сабуктар гардонида шавад.
Дар мавриди узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ қаблан нахуствазири Русия Владимир Путин изҳор карда буд, ки Қирғизистону Тоҷикистон ҷиҳати ворид шудан ба ин иттиҳод ҳусни таваҷҷӯҳ зоҳир месозанд, вале Тоҷикистон танҳо пас аз узвияти Қирғизистон метавонад ба иттиҳод пазируфта шавад, зеро Тоҷикистон бо дигар кишварҳои узви иттиҳод мустақиман сарҳад надорад.
Ҳамчунин қаблан зимни нишасти хабарӣ муовини сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҷумҳурӣ Неъмат Раҳматов изҳор кард, ки дар партави созишнома ва қарордодҳои дар чаҳорҷӯби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕвраЗЭС) амалкунанда эҳтимоли узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукии Русияву Белорус ва Қазоқистон имконпазир аст.
«Дар ҳамин ҳол, бо назардошти шартҳои амалкунанда дар бораи мавҷудияти марзҳои умумӣ бо кишварҳои узви иттиҳод, Тоҷикистон танҳо пас аз узвияти Қирғизистон метавонад аъзои он гардад», - гуфта буд вай.
Ба қавли Раҳматов, чун номи иттиҳоди ҳамгиройии мазкур Иттиҳоди гумрукӣ аст, аксарият бар он назаранд, ки ҳалли масъалаи узвият ба он танҳо ба салоҳияти Хадамоти гумрук марбут аст. «Аммо ин тавр нест. Иттиҳоди гумрукӣ ва фаъолияти он – марҳилаи гузариш ба ташаккули фазои ягонаи иқтисодӣ аст, ки маҷмӯи васеи сиёсати иқтисодиро дар бар мегирад ва аз ин рӯ, он танҳо ба хадамоти гумрук вобаста нест», - иброз дошт ӯ.
Номбурда зикр кард, ки айни замон тибқи супориши ҳукумати ҷумҳурӣ як гурӯҳи кории салоҳиятдори байниидоравӣ оид ба омӯзиши масоили узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ таъсис дода шудааст. «Баъди таҳлилу омӯзиши оқибатҳои имконпазири узвият ба Иттиҳоди гумрукӣ, қарори мушаххас қабул карда хоҳад шуд», - афзуд Н.Раҳматов.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста