Чанде қабл ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Табошар, Ҷаббор Расулов, Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Норак телефонӣ ҳисобот доданд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, зимни ҳисоботи раисони шаҳрҳои Хуҷанд, Қайроққум, Чкалов, Табошар ва Норак таваҷҷуҳи асосӣ ба иҷрои буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли равон, таъмини фаъолияти шаборӯзии корхонаҳои саноатӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои иловагии корӣ, вусъати ободонию созандагӣ, тармиму навсозии роҳҳои мошингард ва беҳсозии хизматрасонӣ ба мардум зоҳир гардид.
Ба иттилои манбаъ, раисони ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод бошад, бештар доир ба суръат бахшидан ба киштукори баҳорӣ, бунёди боғҳои наву навсозии боғҳои кӯҳна ва рушди бахши картошкапарварӣ ҳисобот доданд.
Тибқи супоришҳое, ки ба раисони ноҳияҳои Ҷиргатол, Тавилдара, Тоҷикобод, Рашт ва Нуробод дода шуд, имсол дар ин ноҳияҳо майдони кишти картошка бояд 2 ҳазор гектар зиёд карда шавад ва ин имкон медиҳад, ки иловатан 4 ҳазор нафар бо кор таъмин гарданд.
Тибқи дастуру талаботи Сарвари давлат истеҳсоли картошка имсол дар Тоҷикистон бояд ба зиёда аз 1 миллион тонна расонда шавад.
Ба раисони шаҳру ноҳияҳои кӯҳистон, ҳамчунин доир ба пешгири аз хатари обхезӣ, ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ низ супоришҳои мушаххас дода шуд.



“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста