Дар зарфи се моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар КВД «Корхонаи алюминии тоҷик» ба 153,1 млн. доллари ИМА расид. Тайи ин муддат дар корхона 74 ҳазору 058 тонна ашёи хоми алюминий ва 73 ҳазору 362 тонна алюминии аввалия истеҳсол гардид.
Бо пешниҳоди маълумоти мазкур сухангӯйи ширкати «ТАЛКО» Саёҳат Қодирова маълумоти дар хабари ОИ «Азия-Плюс» дарҷшуда бо истинод ба хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳуриро рад кард.
Саёҳат Қодирова таъкид кард, ки дар муқоиса бо семоҳаи 4-уми соли 2011 ҳаҷми афзоиши истеҳсолот дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 8%-ро ташкил дод, ки гувоҳи зиёд гардидани иқтидорҳои истеҳсолии корхона аст.
Ғайр аз ин, С.Қодирова гуфт, дар ин давра «ТАЛКО» ҳамчунин ба зиёд кардани ҳаҷми фармоишҳо ба маблағи 5-6 млн. доллари ИМА бо шарикон дар Тоҷикистон ноил гардидааст, ки ин дар навбати худ ба рушди имконоти истеҳсолии саноати миллӣ мусоидат менамояд.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 декабри соли 2025
“Таҷҳизоти техникӣ корношоям мешаванд”. Чаро шиддати барқ паст аст ва ба куҷо метавон муроҷиат кард?
“РИА Новости”: Танҳо 4 зодаи Тоҷикистон дар соли 2025 шаҳрвандии Русияро гирифтаанд
“Эълону таблиғ, лавҳаю овеза... аввал бо забони тоҷикӣ, баъд бо забони дигар!”. Вакилони парлумон ба қонуни забон тағйирот ворид карданд
Дарёфти ҷасади сарбози тоҷик пас аз 84 сол. Ӯ дар ҶБВ кушта шуда буд
Мақомот аз боздошти як гурӯҳи ҷиноӣ хабар доданд, ки ба даст задани 11 ҷиноят, аз ҷумла одамкӯшӣ ва роҳзанӣ гумонбаранд
Сурия як сол пас аз Башор Асад: Аҳмад Шаръ метавонад мушкилоти навро ҳал кунад?
Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста