Бори нахуст дар Тоҷикистон таҳти унвони «Panasonic ва Сарфароз. Низоми таъмини амният ва ҳамгиройӣ» конфронси дурӯзаи амалӣ ба кор шурӯъ кард. Созмондиҳандагони конфронс ширкати дар ҷаҳон маъруфи «Panasonic» ва ширкати Тоҷикистон оид ба таъмини низомҳои амнияту бехатарӣ ҶДММ «Сарфароз» мебошанд.
Panasonic Corporation – яке аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳон оид ба таҳияву коркард ва истеҳсоли электроникаву таҷҳизоти электронӣ барои доираи васеи истеъмолгарон, тиҷорат ва саноат аст. Аз соли 1957 ширкат ба истеҳсоли низомҳои мушоҳидаи видеойӣ ҷиҳати таъмини бехатарии иншооту соҳаҳо оғоз намуд. Ширкат маҷмӯи васеи чунин таҷҳизот ва низомҳои бехатарӣ аз сӯхторро пешниҳод мекунад. Ширкати Panasonic Corporation шарики умумиҷаҳонии Бозиҳои олимпӣ мебошад.
Ширкати ҶДММ «Сарфароз» соли 2009 таъсис дода шуда, яке аз ширкатҳои нахустини Тоҷикистон оид ба ҷорисозии низомҳои беҳтарини таъмини амнияту бехатарии иншооти шахсӣ, идора ва коргоҳҳои истеҳсолӣ гардид. Ширкати мазкур соли 2011 намояндаи расмии Panasonic дар Тоҷикистон шуд.
Дар доираи кори конфронс масоили ҷанбаҳои умумии таъмини амнияту бехатарии корхонаҳо: IP технологияҳои навтарин барои таъмини амният, роҳҳои ҳалли мушкилот дар лоиҳаҳои Panasonic, ширкати «Сарфароз» - ҳамгиройи технологияҳои навтарини низоми таъмини амният дар бозори Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.
Роҳхатҳои олимпӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: кӣ аз ҳама зиёдтар дорад?
Дар радабандии ФИФА мунтахаби футзали Тоҷикистон байни 139 кишвар зинаи 34-умро ишғол кард
“Ба хотири шаффофият!”. Пули иҷораи китобҳои дарсӣ низ дигар ғайринақдӣ супорида мешавад
Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Душанбе чанд пул мегиранд?
Ном ба ном. Зимни тағйироти кадрии имрӯза кӣ чӣ вазифа гирифт ва ё аз мансаб озод шуд?
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба ба Маскав меравад
Шӯрои миллии муқовимат ба Толибон: “Бештар аз ин бо ситезаҷӯӣ ва зулм сабри мардумро наозмоед!”
Аз сафирон то роҳбарони Агентиҳо. Тағйироти кадрӣ ва дастури Эмомалӣ Раҳмон ба мансабдорони навтаъин
Агентии омор: Сокинони Тоҷикистон дар як шабонарӯз 8 соат хоб, 7 дақиқа мутолиа ва ҳамагӣ 1 соат кор мекунанд
Ҳамлаи мушакии Ҳамос ба сарбозони исроилӣ. Огоҳӣ барои тахлия аз Рафаҳи Шарқӣ дода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста