Аз маълумоти Агентии омори ИДМ оид ба натоиҷи нимсолаи соли 2012 бармеояд, ки дар ин давра рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 7,4 афзуда, он бештар ба истеъмол марбут аст, - изҳор доштааст сардори шуъбаи таҳлили кишварии Бонки авруосиёии рушд (БАОР) Элвира Курманалиева.
«Афзоиши маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12% назаррас буда, бо зиёд шудани ҳаҷми истеҳсолот дар саноати бофандагиву дӯзандагӣ (1,9 баробар) ва саноати хӯрокворӣ (4,5%) таъмин гардидааст», - гуфтааст вай.
Ба гуфтаи ӯ, дар дурнамои кӯтоҳмуҳлат бозистии начандон назарраси рушди иқтисод аз 7,4% дар соли 2011 то ба ҳудуди 6-6,5% дар соли равонро метавон интизорӣ дошт.
«Пеш аз ҳама ин ба бозистии умумии рушди иқтисоди ҷаҳон, аз ҷумла бозистии рушди иқтисоди кишварҳои асосии ҳамшарики Тоҷикистон ва давлатҳои мададрасон вобаста аст», - гуфтааст таҳлилгари БАОР.
Ба қавли Э.Курманалиева, солҳои ахир муҳаррики асосии рушди иқтисоди Тоҷикистон бахши истеъмол – савдо, сохтмон ва соҳаи хизматгузорӣ аст, ки дар навбати худ ба интиқоли маблағҳои пулӣ ба ҷумҳурӣ аз хориҷи кишвар вобастагии зиёд доранд.
Таҳлилгари бонки мазкур бар ин назар аст, ки заъифии бахши бонкӣ ва сатҳи назарраси дороиҳои истифоданашуда дар бахши бонкӣ боз яке аз хатарҳои рушди иқтисоди Тоҷикистон мебошанд.
Сарбозони дар артиши Тоҷикистон зарардида чӣ гуна ҷуброн метавонанд дастрас кунанд?
Имсол дар Иди ғалаба гузашти ҳарбӣ доир намешавад
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ
Мақомоти Тоҷикистон барои расидагӣ ба мушкили муҳоҷирон ба фурудгоҳҳо рафтанд
“Ҳоҷиҳо, ришдорон ва ба Туркия рафтаҳо ихроҷ шуданд”. Нақли муҳоҷирони аз Русия ихроҷшудаи тоҷик
Даргузашти фарҳангшиноси маъруф ва мунаққиди синамо Саъдулло Раҳимов
Лотереяи Green-Card: акнун метавонед бисанҷед, ки бурд кардед ё не
Се медали ҷудокорони тоҷик дар рӯзи якуми мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024
Путин Эмомалӣ Раҳмонро ба Маскав даъват кард. Суҳбати роҳбарони ду давлат дар пайи мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия
Мушкили шадиди дастрасӣ ба иттилоъ. Идомаи фишор ба расонаҳо ва рукуди озодии баён
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста