Коргоҳи поксозии тило (аффинажӣ)-и корхонаи истеҳсоли тилои корхонаи муштараки «Зарафшон» мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини директори КМ «Зарафшон» Бобохон Бобохонов хабар дод, қаблан корҳои поксозии тило аз омехтаҳои дигар дар КВД «Востокредмет» анҷом мепазируфт ва акнун аз аввали моҳи март чунин шароит дар худи корхона ҳам фароҳам оварда шуд. «Феълан коргоҳ пурра фаъолият надорад, зеро то ҳанӯз корҳои насб ва омодагӣ ба маросими расмии мавриди истифода қарор додани коргоҳ идома доранд», - иброз дошт вай.

Иқтидори лоиҳавии солонаи коргоҳи поксозӣ то 5 ҳазор кило тилои тоза ва истеҳсоли сиккаҳои тилоии меъёри байнулмилалии дараҷаи 999,9 бо вазни то 12,5 килоро ташкил медиҳад.

Интизорӣ меравад, ки соли равон дар КМ «Зарафшон» 1 ҳазору 650 кило тило истеҳсол хоҳад шуд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 100 кило зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади таҷдиди КМ «Зарафшон» саҳҳоми асосии корхона - ширкати «ZiJin Mining Group Co.Ltd»-и Чин минбаъд низ нияти маблағгузорӣ дошта, дар муддати 6 соли фаъолият ҳаҷми сармоягузорӣ 171 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Ширкати «ZiJin Mining Group Co.Ltd» дорои 75%-и саҳмияҳои корхонаи муштараки «Зарафшон» мебошад.

Захираҳои ашёи хоми КМ «Зарафшон» аз конҳои Таррор, Ҷилав, Хирсхона, Олимпӣ ва як қатор конҳои атрофи кони Ҷилав дар вилояти Суғд дастрас карда мешаванд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 2,4 ҳазор кило тило истихроҷ шудааст, ки зиёда аз 1,5 ҳазор килои он ба КМ «Зарафшон» рост меояд.