Вазъи душвори молиявӣ дар яке аз калонтарин бонкҳои Тоҷикистон - ҶСК «Агроинвестбонк» - ба эътидол оварда шуд. Дар ин бора 23 июл дар рафти нишати матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов хабар дод.

«Чорабиниҳое, ки аз тарафи ҳукумат ба анҷом расонида шуданд, вазъиятро ба эътидол оварданд, - иброз дошт Ширинов. – «Агроинвестбонк» ҳолати пешинаашро барқарор карда истодааст. Фикр мекунам, ки ҳолати бонк имрӯз мӯътадил аст».

Роҳбари БМТ иқрор шуд, ки сабаби аслии ба вазъи ногувор гирифтор шудани «Агроинвестбонк» дар қарздиҳии мақсаднок буд, ки ба он бонкро ҳукумат ҳидоят мекард.

«Вазъияти молиявии «Агроинвестбонк» ба баъзе қарзҳое вобаста буд, ки ба соҳаҳои аз назари иқтисодӣ ва стратегӣ барои ҷумҳурӣ хеле муҳим равона карда шуда буданд, - афзуд Ширинов. – Масалан, соҳаи коркарди пахта, истеҳсоли риштаи пахтагин ва матои пахтагин, парандапарварӣ, чорводорӣ, боғдори ва растанипарварӣ. Ин қарзҳое буданд, ки аслан характери инвестисионӣ доранд. Яъне бозгашти ин маблағҳо дар муддати кӯтоҳ ғайриимкон аст».

Ӯ иброз дошт, ки ҳукумати ҶТ вазъияти бонкро ба назар гирифта, барои ба эътидол овардани он қарзҳоро ба маблағи 500 млн. сомонӣ харид. «Яъне ин қарзҳоро аз ҳисоби бонк берун баровард», - гуфт ӯ. - Ғайр аз ин, ҳукумат ба сармояи бонк ворид шуд, 52% фоизи саҳмияҳои бонкро ба маблағи 200 млн. сомонӣ харидорӣ кард».

Ёдрас мекунем, ки моҳи гузашта Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), ки яке за саҳмиядорони «Агроинвестбонк» мебошад, дар  хусуси дахолати ҳукумати ҶТ ба фаъолияти бонк изҳори нигаронӣ кард.

Ба қавли роҳбари намояндагии (БАТР) дарТоҷикистон Улф Хиндстрем, мушкилот дар он аст, ки мансабдорони давлатӣ ба бонк супориш медиҳанд, ки қарзи мушаххасе ҷудо кунад ва дар ин сурат тартиботи ҷоришуда барои дигар мизоҷони бонк риоя намешавад, «яъне дар таҷрибаи мо  ин аллакай қарздиҳии ҳадафнок номида мешавад».

«Тамоми мушкилоте, ки имрӯз дар ин бонк рӯйи кор меояд, ба оғози қарздиҳии ҳадафнок дар он ҷо марбут аст», - гуфта буд ӯ.

Моҳи апрели соли равон Хазинаи байнулмилалии асъор ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дод, ки барои идоракунии ҶСК «Агроинвестбонк» як дастаи мутахассисони маъруфи хориҷиро ҷалб намояд.