Корхонаи истеҳсоли намаки Ёвон бозсоз ӣ ва бо  техникаи нав муҷаҳҳаз мегардад. Дар ин бора 22-юми июл ба хабарнигорон раиси ноҳия  Раҷабалӣ Тағоев иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, корхонаи мазкур тайи чанд соли охир бо сабаби куҳнаю фарсуда шудани таҷҳизоташ  аз фаъолият бозмонда буд. «Таҷҳизоти ин корхона аз даврони Шӯравӣ боқӣ монда буданду масрафи зиёди барқро талаб мекарданд. Баъдан корхонаи номбурда барои истеҳсоли намак буғро аз маркази гармидиҳии ноҳия мегирифт, ки ин марказ ҳам солҳои охир фаъолият надорад.  Соҳибмулки ин корхона акнун таҷҳизоти нави чиниро васл карда истодааст», - гуфт раиси ноҳия. Ба ҷуз ин, таъкид дошт Тағоев, бо васли таҷҳизоти нави замонавӣ иқтидори истеҳсолии корхона ба маротиб зиёд хоҳад шуд. Таҷҳизоти нави корхона бо хароҷоти кам метавонад намаки ошии хушсифатро истеҳсол кунад.

Ба иттилои ӯ, корхона то моҳи сентябри соли ҷорӣ бояд ба фаъолият шурӯъ кунад.