Дар сомонаи интернетии Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон www.gptb.tj номгӯи патентҳо ва нахустпатентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ихтироъ дар зергурӯҳи саҳифаи асосӣ «Патентҳо» ҷойгир карда шуд.

Тавре аз МД Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, айни замон дар сомона номгӯӣ 447 патентҳо ва 543 нахустпатентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуданд. Дар саҳифа ба ғайр аз номи ихтироъ, рақами тартибии патентҳо, санаи пешниҳоди арзнома барои гирифтани патент (аввалияти ихтироъ) ному насаби арзномадеҳон, муаллифон ва дорандагони патент ҷой дода шуданд.

Ба иттилои манбаъ, мутахассисони китобхона айни замон барои дар сомонаи ҷой додани тавсифи мухтасари патентҳоро иҷро намуда истодаанд, ки дар рӯзҳои наздик аз он истифобарандагон метавонанд шиносоӣ пайдо намоянд.

«Роҳбарияти Китобхона кӯшиш намуда истодааст, ки дар оянда бо ҷалби сармояи ташкилотҳои байналхалқӣ сомонаи интернетии китобхонаро такмил намуда маъхазҳои маълумотӣ ва феҳристҳои электронии китобхонаро дар сомона ҷойгир намоянд», - зикр мегардад дар иттилои муассиса.

Қобили зикр аст, ки сомонаи интернетии Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон www.gptb.tj яке аз  сомонаи интернетӣ (соли ташкил 2007) дар соҳаи иттилооти-китобхонавӣ дар фазои ҷумҳурии соҳибистиқлол мебошад, ки ҳамарӯза аз он зиёда аз 100 нафар истифодабаранда истифода мекунанд.