Нимсолаи аввали соли равон КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 165 вагон ва 3 тепловози истеҳсоли корхонаи мошинсозии Брянскро харидорӣ намуд.

Ба гуфтаи раиси корхона Амонулло Ҳукуматулло, дар ин давра 150 вагони нави боркаш ва 15 вагони мусофирбари нав дастрас гардидааст. «Корхонаҳои таъмири вагонҳо 22 вагони боркаш ва 7 вагони мусофирбарро аз таъмири асосӣ бароварданд», - иброз дошт роҳбари корхона.

Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти имконоти моли корхона, то ахири сол ба харидани техникаи нав идома дода мешавад.

«Дар ин самт соли гузашта хеле хуб буд, ки мо дар он беш аз 400 адад вагон харидорӣ намудем ва ба ин миқдор техника ҳатто дар муддати 70 соли мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ дастрас нашуда буд», - зикр кард Ҳукуматулло.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон парки техникаву таҷҳизоти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз 2 ҳазору 269 вагони боркаш, 436 вагони мусофирбар ва 56 тепловоз иборат аст.