- Ҳаҷми бақияи қарз аз андоз дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба зиёда аз 120 млн. сомонӣ афзуд, - изҳор дошт зимни нишасти матбуотии имрӯза муовини аввали раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Аюбҷон Солиев.

Ӯ таъкид намуд, ки пеш аз ҳама, қарзҳо аз ҳисоби ширкати «Барқи тоҷик» ва ҶСК «НОБ Сангтӯда-1» афзудаанд, ки дар нимсолаи аввал қарзашон аз андоз ба маблағи умумии қариб 96 млн. сомонӣ зиёд шудааст. «Ҳамин тариқ, ба 1-уми июли имсол ҳаҷми умумии бақияи қарзҳои андоз беш аз 760 млн. сомониро ташкил медиҳад», - зикр кард номбурда.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли Солиев, тайи 6 моҳи соли равон нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 2,2% барзиёд иҷро гардида, аз ҳаҷми умумии 2 млрд. 681,7 млн. сомонии пешбинишуда, 2 млрд. 739,6 млн. сомонӣ маблағҳои андоз ҷамъоварӣ гардидааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми андози ҷамъоваришуда ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 17,8% ё худ 414,1 млн. сомонӣ афзудааст.