Пас аз қабули Кодекси нави андоз аввали соли равон, шумори соҳибкорони инфиродии бар асоси патент фаъолиятдошта дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш ниҳодааст.

Муовини аввали раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Аюбҷон Солиев зимни нишасти хабари имрӯза дар ин робита изҳор кард, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ шумори чунин соҳибкорон ба беш аз 6 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст.

Ӯ зикр кард, ки дар ин давра шумори соҳибкорони инфиродии бар асоси шаҳодатнома фаъолиятдошта тақрибан ба 9,5 ҳазор нафар афзудааст.

«Яъне як қсмати соҳибкороне, ки қаблан бар асоси патент машғули кор буданд, акнун бо шаҳодатнома фаъолият доранд, зеро номгӯи фаъолияти соҳибкории инфиродӣ бар асоси патент кам гардид ва инро ба мо созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ва чанде аз сохторҳои дигар тавсия доданд», - гуфт намояндаи Кумитаи андоз.

Ба гуфтаи Солиев, аксаран низоми патентии Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор дода, даст кашидан аз ин низморо пешниҳод мекарданд ва агар дар мавриди ин масъала ба кишварҳои дигар, аз ҷумла Русияву Қазоқистон таваҷҷуҳ зоҳир гардад, пас дар онҷо низоми патентӣ тамоман бо тартиби дигар амал карда, дар Тоҷикистон бошад, маблағи муқарраршуда пардохт мегардад.

Дар ҳамин ҳол Солиев таъкид дошт, ки тайи 6 моҳи соли ҷорӣ шумори соҳибкорони инфиродӣ дар Тоҷикистон ба миқдори 7,7 ҳазор нафар афзудааст. «Агар оғози сол шумори чунин соҳибкорон беш аз 187 ҳазор нафарро ташкил медод, пас имрӯз он ба 194 ҳазор нафар расидааст», - илова кард номбурда.