Зимни нишасти хабарии имрӯза муовини аввали раиси Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ Аюбҷон Солиев зикр кард, ки маълумот доир ба дар Тоҷикистон ҷорӣ будани сатҳи баланди андозбандӣ асоси воқеӣ надорад.

«Бисёриҳо мегӯянд, ки нисбат ба дигар кишварҳо гӯё дар Тоҷикистон меъёрҳои андозбандӣ хеле баланданд, ки ин тавр нест. Меъёрҳои андозбандӣ дар Тоҷикистон на баланду паст, балки дар муқоиса бо дигар кишварҳо дар сатҳи миёна қарор доранд», - иброз дошт ӯ дар ин робита.

Солиев меъёри андозбандӣ оид ба баъзе аз андозҳоро дар кишварҳои узви ИДМ мисол овард. «Меъёри андоз аз даромади шахсони воқеӣ дар Арманистон – 20, Озарбойҷон – 30, Гурҷистон – 15, Туркманистону Қазоқистон ва Қирғизистон – 10, Молдова – 18, Украина – 15, Ӯзбекистон – 22 ва дар Русияву Тоҷикистон бошад, 13%-ро ташкил медиҳад. Меъёри андоз аз даромад дар Арманистон ба 20, Белорус – 24 ва дар Тоҷикистон чун дар Қазоқистону Русия ба 20% баробар мебошад», - гуфт ӯ.

Солиев зикр кард, ки дар Тоҷикистон ба вазнинии андоз аз савдои чакана ишора доштанд, ки ин навъи андоз барҳам дода шудааст. «Ҳамасола аз ҳисоби ин андоз ба буҷети кишвар то 200 млн. сомонӣ маблағ ворид мегардид ва аз оғози ҳамин сол ин маблағҳо дар ихтиёри соҳибкоронанд», - таъкид дошт муовини раиси Кумита.

Ба қавли ӯ, ҳамчунин нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи оморӣ барои ҳисоби андоз аз даромад бисёр шикоят оварда мешуд, ки он низ ба Кодекси андоз дар таҳрири нави соли 2013 ворид нашудааст. «Минбаъд меъёри андозбандӣ дар баъзе навъи андозҳо низ коҳиш дода мешавад», - афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон Бонки ҷаҳонӣ, Корпоратсияи байнулмилалии савдо (ITC) ва ширкати аудитории Pricewaterhouse Coopers вазъи ҷамъоварии андоз дар 185 кишвари дунёро мавриди таҳлил қарор доданд. Дар ин рейтинг Тоҷикистон бо касби меъёри умумии андози 84,5% зинаи 175-умро ишғол намуд. Муҳаққиқон Тоҷикистонро кишвари дорои сатҳи баланди андозбандӣ унвон карданд.